Паҳлавони навраси тоҷик Хуршед Маҷидов қаҳрамони Осиё шуд

Хуршед Маҷидов, варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо барандаи медали тилло шуд.

Дар ин сабқат Хуршед Маҷидов дар вазни 90 кг миёни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум вориди сабқат шудааст. Паҳлавони тоҷик дар ин мусобиқа Алӣ Парҳезгор аз Эрон, Санҷар Ҷабборов аз Қазоқистонро шикаст дода, дар даври ниҳоӣ ба Ҳёнҳо Чой аз Кореяи Ҷанубӣ бо усули “иппон” дастболо шудааст.
Хуршед Маҷидов дуввумин варзишгари тоҷик мебошад, ки соҳиби унвони қаҳрамони Осиё оид ба дзюдо дар байни наврасон мешавад. Қаблан, соли 2013 Адҳам Мискинов дар вазни 73 кг дар Нанчини Чин  қаҳрамони мусобиқа шуда буд. 

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо, ки 10 ва 11-уми октябр дар Тайван баргузор шуд, ҳамчунин як варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов бо гирифтани медали биринҷӣ парчами Тоҷикистонро баланд бардошт. 

Дар сабқати мазкур аз Тоҷикистон 9 паҳлавони наврас ширкат доштанд, ки ду тани онҳо бо медал бармегарданд. Дар ҳисоби умумӣ дастаи Тоҷикистон дар ҷойи 9-ум қарор гирифт.

Copyright @2015 TojNews   

Шояд шумо суол ё назаре доред?