Паҳлавони тоҷик Фаррухи Салим дар Тайланд соҳиби медали тило шуд

Фаррухи Салим, ҷавонпаҳлавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё оид ба дзюдо ғолиб омада, соҳиби медали тило гардид.

Шоми 12-уми октябр Фаррухи Салим, варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни ҷавонон (Junior Asian Judo Championships 2015), ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд сазовори ин медал шуд.

Фаррухи Салим дар вазни то 90 кило вориди рақобатҳо гардида баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар ҳарифони худ аз Кореяи Ҷанубӣ ва Қазоқистон, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар давраи ниманиҳо ӯ бар паҳлавони Қирғизистон Азамат Бектурсунов пирӯз шуда, сипас дар қувваозмоии ниҳоӣ Ботир Хоҷамуҳаммадови туркманро мағлуб кард, мақоми аввалро ишғол кард.

Дар мусобиқаи мазкур илова бар Фаррухи Салим паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов низ дар вазни 81 кг иштирок карда, сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин мусобиқот 168 варзишгар аз 23 кишвари дунё ширкат карданд.

Copyright @2015 TojNews  

Назарҳо

Рахмат бар падарат шумо барин варзишгарон ифтихори мо точикон

Шояд шумо суол ё назаре доред?