Панҷ лоиҳаи нави ҳамкорӣ миёни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА дар анҷоми ҷаласаи дуюми С5+1 аз ифтитоҳи панҷ лоиҳаи муштарак хабар доданд.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Департаменти давлатии ИМА, лоиҳаҳои нави муштараки ҳамкорӣ “ба густариши робитаҳои иқтисодӣ, мутобиқат ва пешгирии оқибатҳои тағйири иқлим, инчунин баланд бардоштани муколама оид ба таҳдидҳои умумии терроризм равона мебошанд.”

Манбаъ мегӯяд, ИМА ва панҷ кишвари ОМ барои мусоидат ба татбиқи ин лоиҳаҳо ӯҳдадориҳои даркориро ба дӯш гирифтанд.

Дар давраи таҷлили 25-солагии истиқлолияти давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дубора тасдиқ намудани эҳтироми устувори ҳамдигарӣ оид ба соҳибистиқлолӣ, мустақилият ва якпорчагии ҳудудии ҳар як давлат, Котиб ва Вазирони корҳои хориҷӣ тасмимҳои давлатҳои худро ба таври зайл эълом доштанд:

 Таҳкими минбаъдаи заминаи дипломатии С5+1 ҳамчун як механизм барои муколама ва талошҳои муштарак тавассути ҷаласаҳои минбаъдаи вазирон оид ба мубодилаи афкор дар хусуси манфиатҳои умумӣ, тавассути татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан мувофиқашуда ва инчунин чорабиниҳои ояндаи С5+1;

 Татбиқи тадбиру чораҳои ривоҷдиҳандаи савдо ва рушду равнақи роҳравҳои нақлиётӣ тавассути ин минтақа баҳри баланд бардоштани дастрасӣ ба бозорҳо, беҳдошти маҳсулнокӣ ва самаранокии нақлиёт, инчунин таҳкими рақобатнокӣ дар ин минтақа ва дар бозорҳои байналмилалӣ;

 Таҳким бахшидан ба бахшҳои логистикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳри густариши савдои минтақавӣ ва рушди иқтидори сармоягузорӣ;

 Беҳтар намудани муҳити мусоиди соҳибкорӣ дар минтақа бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва ривоҷ додани соҳибкории маҳалӣ, инчунин вусъат бахшидан ва таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;

 

 Ширкат варзидан дар пешбурди захираҳои энергетикии барқароршаванда;

 

Дастгирии банақшагирии сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва маҳалӣ, инчунин татбиқи тадбирҳоии зарурӣ баҳри тайёрӣ ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйири иқлим;

 

 Густариши ҳамкориҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду мушкилоти байнимарзӣ ба мисли терроризм ва қочоқи яроқи зарбаи оммавӣ), маводи нашъаовари ғайриқонунӣ ва одам;

 

Саҳм гузоштан дар саъю талошҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҷиҳати пешгирии паҳни яроқҳои зарбаи оммавӣ, аз ҷумла бо риоя аз муқаррароти Созишнома оид ба Минтақаи аз яроқи ҳастагӣ озоди Осиёи Марказӣ ва пайгирӣ ҷиҳати ҳукми қонунӣ баровардани Протоколи Созишнома;

  Давом додани дастгирӣ ба Афғонистон ва рушди он ҳамчун як давлати мустақил, сулҳхоҳ, рушдкунанда ва эътирофи он, ки вазъият дар Афғонистон ҳамчун омили муҳим дар амният ва суботи тамоми минтақа боқӣ мемонад;

  Ҳимояи ҳуқуқҳои башар, рушди институтҳо ва таҷрибаҳои демократӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути эҳтиром ба меъёрҳо ва принсипҳои эътирофшудаи қонуни байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Эъломияи Универсалӣ оид ба Ҳуқуқҳои Башар, Эъломия оид ба Принсипҳои Қонуни Байналмилалӣ, Санади ниҳоии Ҳелсинкии Конфронс дар мавзӯи амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо;

 Ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии 5 кишвари ОМ ва ИМА бо номи рамзии С5+1 3-юми августи соли равон дар Ҳавзаи Колумбияи Вашингтон оғоз шуда буд. Нахустин вазирони умури хориҷии панҷ кишвари ОМ бо ИМА моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Самарқанди Узбакистон баргузор шуда буд.

 

Назарҳо

Худоё! Ин Шайтони Бузург (Амрико) чи нақшаи шуме барои мардуми мазлуму фақири Осиёи Маркази кашидааст. Поко Парвардигоро! Мардуми моро аз шарри ин Амрикои Шайтон нигах дор!

Шояд шумо суол ё назаре доред?