Парламент ба қонуни матбуот тағйиру иловаҳо ворид кард

Парламенти Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуотро, ки қаблан баргардонда буд, имрӯз қабул кард.

30-юми март вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”-ро, ки парламент 3-юми феврал баргардонда буд, қабул кард. Тибқи тағйиру иловаҳои нав дар ҳолати роҳ додан ба қонуншиканӣ прокуратура ба расона амри хаттӣ ирсол мекунад, дар сурати ислоҳ нагардидани кабудӣ прокуратура ҳақ дорад, барои бастани расона ба суд шикоят барад. Суд муайян хоҳад кард, ки расона ба қонуншиканӣ роҳ додааст ё не.

Зимнан, пешниҳоди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро қаблан вазорати фарҳанг пешниҳод карда буд. Дар сурати қабули он тарҳ қонун ба прокуратура ва вазорати фарҳанг имкон медод, ки дар бастани фаъолияти расонаҳо дасти дароз дошта бошад. Тарҳи мазкур дар миёни ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ва коршиносон вокунишҳои тундеро дар пай дошт.

Он замон дар назди вакилон тарҳи мазкурро Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг муаррифӣ кард. Аммо ин навбат тарҳи нави тағйиру иловаҳоро Олимҷон Салимзода, вакили парламент муаррифӣ кардааст.

Матлабҳо дар ин бора:

Зарба ба “Чашму гӯши халқ”. Сармақолаи “Нигоҳ”

Дармон барои “чашму гӯши халқ”

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?