Парвандаи № 1-и сиёсӣ (тадқиқоти журналистии "Нигоҳ")

Ҳафтаномаи "Нигоҳ" матни комили тадқиқоти журналистии қазияи Бузургмеҳр Ёровро нашр кард.

Дар шумораи тозаи ҳафтаномаи "Нигоҳ" тадқиқоти журналистии мазкур таҳти сарлавҳаи "Парвандаи №1-и сиёсӣ. Ё кӣ ва чи тавр аз адвокат Бузургмеҳр Ёров маҳбуси сиёсӣ месозад?" ба нашр расидааст.

Ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии "Нигоҳ" ҳанӯз моҳи апрели соли равон аз оғози тадқиқоти журналитӣ дар робита ба боздошт шудани Бузургмеҳр Ёров хабар дода буд, аммо бо шуруъ шудани мурофиаҳои адвокат дар Додгоҳи шаҳри Душанбе аз нашри он то анҷоми додхоҳӣ худдорӣ кард. 

28-уми сентябр расо пас аз як соли ба ҳабс гирифтани адвокат ва шунида шудани сухани ниҳоии ӯ, ҳафтанома матни комили тадқиқоти журналистияшро ба нашр расонд, ки дар он сабаб ва омилони ин қазияи пурсарусадоро ошкор кардааст. 

Матни комили тадқиқоти мазкур пешкаши хонандагон мешавад: 

Парвандаи № 1-и сиёсӣ

Ё кӣ ва чӣ тавр аз адвокат Бузургмеҳр Ёров маҳбуси сиёсӣ сохт?

 Аз боздошти Бузургмеҳр Ёров, адвокати маъруфи тоҷик расо як сол гузашт. Адвокати 13 тан аз боздоштшудагони наҳзатӣ – аъзои фаъол ва раёсати ҳизби акнун дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ 28-уми сентябри соли 2015 боздошт шуда буд.

Мурофиаи Ёров, ки то ҳол дар ҳабс нигоҳдорӣ мешавад, дар Додгоҳи шаҳри Душанбе ба анҷом расида, бояд сухани ниҳоии ӯ дар додгоҳ 23-юми сентябри соли ҷорӣ шунида мешуд, аммо бо сабабҳои номаълум, то нашри ин матлаб шунида нашудааст...

Ба ҳар ҳол, рӯзҳои наздик адвокат сухани ниҳоияшро дар суд ироа хоҳад кард ва додгоҳ ба хонаи машваратӣ хоҳад рафт, то ҳукмашро нисбати Бузургмеҳр Ёров ва ҳампарвандаи ӯ, собиқ раҳбари ҶДММ “Бахт”, адвокат Нуридин Маҳкамов содир кунад.

Тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки мурофиаҳои гоҳ ошкору гоҳи дигар баста ва баъзан хеле хандаовари ин ду адвокатро тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти назорат доштанд. Тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ин ҳукми судро интизор аст, то бори дигар бовар кунад, ки адолат ба ҳар сурат ҳаст ва ё баръакс – боварӣ ҳосил кунад, ки низоми судӣ дар кишвар комилан дастнигар шудааст.  

Гуруҳи журналистони тадқиқотгари ҳафтаномаи “Нигоҳ”, тавре хонандаи ҳушманди мо огоҳ аст, як тадқиқоти комили журналистӣ анҷом дода, натиҷаи он дар нашрия чоп шудан дошт. Чопи қисмати асосӣ ва ниҳоии ин тадқиқот, бинобар оғози мурофиаҳои судии адвокати маъруф Бузургмеҳр Ёров ва талаби қонунгузории Тоҷикистон дар бораи матбуоти даврӣ то анҷоми мурофиа, ба хотири халалу таъсир нарасонидан ба рафти мурофиа ва қарори ниҳоии суд, мавқуф гузошта шуд.

Инак, натиҷаи тадқиқоти мазкур пешкаши хонандаи “Нигоҳ” мегардад.  

 

Ҳамааш аз чӣ сар шуд?

  Миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта ба дафтари "Нигоҳ" нависандаи маъруф, таърихнигор, муаллифи повесту романҳои хондание чун "Бармакиён" ва "Рӯдакӣ" Равшани Ёрмуҳаммад омад.

 Адиби шинохта хеле шикастарӯҳу хастаҷон ба назар мерасид. Ҳатто баромадани як зина то расидан ба дафтари муҳаррир барояш сангинӣ мекард. Илоҷи дигаре надоштем ба ҷуз ин ки дар рӯйи ҳавлӣ ду курсӣ таҳия кунем ва ба суҳбаташ биншинем. Дарк кардем, ки нависандаи шинохта биноӣ ва шунавоии худро то ҷое аз даст додааст.

Устод бо кӯмаки ҳамсарашон ба курсӣ нишастанд ва дасти дуо ба даргоҳи Худо боло карданд.  Баъди ҳолпурсии муқаддамотӣ зиёии хидматнишондода гуфтанд, ки як нома ба унвони Роҳбари давлат навиштаанд, то ин замон онро чанд расона чоп карда ва ҳоло мехоҳанд "Нигоҳ" чоп кунад. Мехоҳанд Президент, ки ба андешаи адиби маъруф аз сарнавишти писарашон Бузургмеҳр огоҳ нест, огоҳ шавад. 

Гуфтем, ин рисолати мо аст ва номаро ҳатман нашр мекунем. Ва кардем ҳам. Адиби шинохта баъди як арзи сипос бо садои ҳамоно нимшунаво ва хаста ва бо оҳанги гилаомез гуфтанд: "журналистони тоҷик наметавонанд бегуноҳии Бузургмеҳрро исбот кунанд?!". Гуфтем: "Эҳтимолияти бегуноҳӣ муҳимтарин ҷузъи Конститутсия аст... Журналистон метавонанд тадқиқот анҷом диҳанд ва ҳақиқатро маълум кунанд. Аммо корест мушкил ва вақти зиёд мехоҳад..." 

 Падари 74-солаи адвокат Бузургмеҳр Ёров нигоҳи маънидоре карданду рафтанд. Шояд хонандаи ҳушманд низ ин посухи моро мулоимхунукона дарёфта бошад, вале мо мутмаинем, ки журналистони касбӣ наметавонанд, мисли мухолифони ҳабси адвокати маъруф осон изҳор доранд, ки "100 % фармоиши сиёсӣ буд", ё мисли ҷонибдорони ҳукумат "мақомот медонанд киро ва барои чӣ ҳабс кунанд" ҳукм бароранд. Қонунгузорӣ иҷозат намедиҳаду ҳаққи маънавӣ ҳам надорем. Ҳамин буд, ки рӯзи дигар Шӯрои муҳаррирони "Нигоҳ" қарор кард, бояд тадқиқоти журналистӣ оғоз намуд, то ҳақиқати ин қазия ба ҷомеа маълум гардад.

Бо гузашти се моҳ, тадқиқоти мо ба охир расид. Як нафар тоб наоварда, аз тарс тими тадқиқотиро тарк кард.  Аммо корро ба сомон расонидем. Иқрор бояд шуд, ки натиҷаҳои он, ҳатто барои мо - одамоне, ки хеле аз кору равандҳои зерибурёии сиёсати калони Тоҷикистонро медонем, ғайриинтизор буд. Нуктаи нахуст хабарсозии бемислу монанд атрофи қазияи Бузургмеҳр Ёров буд. Онро намешуд нодида гирифт.

 

Хабарсозе аз зиндон

 Иттилооти зидду нақиз, овозаҳо, шиору шиорпартоӣ, номаҳо ва  аксу тасвирҳои сиёсӣ, ки ба кору ҳоли адвокати шинохта Бузугмеҳр Ёров рабт доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳои сомонаву порталҳои гуногун бениҳоят зиёданд. Ба ҳадде, ки касе аз коршиносон шубҳа надорад, аз соли нави мелодӣ бад-ин су Ёров хабарсози № 1-и муҳити сиёсии Тоҷикистон аст.

"Нигоҳ" то Ҷашни истиқлол беш 2900 адад ин гуна "молҳои иттилоотиро" ҷамъ овард, ки асосан ба панҷ забон: тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва арабию туркӣ нашр шудаанд. Кулли ин маълумотро мешавад чунин тасниф кард:

а) Маълумоте, ки Ёров ва хешовандони наздикаш тариқи расонаҳои ватаниву хориҷӣ паҳн намудаанд. Махсусияти ин маълумот, ки 3-4 %-ро аз шумори умумӣ ташкил медиҳанд, дурустии он аст; 

б) Маълумоте, ки мухолифони ҳукумат аз тариқи сомонаҳои навашону шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Ин гуна маълумот  39-40 % ро ташкил медиҳанд. Аксаран иттилооти ғайрирасмӣ, овозаҳо, шиору шиорпартоӣ, номаҳо ва  аксу тасвирҳои сиёсиянд; 

в) Маълумоте, ки расонаҳои ватаниву хориҷӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳомиёни ҳуқуқи башари минтақаӣ интишор кардаанд. Ин гуна маълумот 54-55 % ташкил медиҳанд;

г) Маълумоте, ки манобеъи расмӣ паҳн кардаанд. Саҳми онҳо камтар аз 1 % аст.

 Манфиати ҳар яке аз ин манобеъро аз паҳн кардани иттилоъ дар поёни матлаб шарҳ хоҳем дод, аммо ҳоло мехоҳем аз як тазод сухан ба миён орем. Дар ҷамъоварӣ ва раддабандии маълумот атрофи қазияи Бузургмеҳр Ёров як парадокс ё таззод рӯ зад, ки ба гумони ғолиб бе ҳикмат нест.

парадокси Ёров

Маълум шуд, ки  пӯшиши журналистии қазияи Бузургмеҳр Ёров  дар муҳити иттилотии ватанӣ, минтақаӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ аз қазияи бастани ҲНИТ барҷастатар будааст. Ҳам аз нигоҳи миқдор ва ҳам аз нигоҳи сифат. Ин ҳам дар ҳоле, ки аксарият ҳабси адвокатро ба ҳимояти ӯ аз боздоштшудаҳои ҲНИТ рабт медиҳанд. Чаро чунин шуда?

Чӣ тавр мешудааст, ки зиндонӣ гаштани як адвокати машҳур аз бастани як ҳизби сиёсӣ, ки ҷониби Сулҳи тоҷикон низ буд, барои расонаҳову институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳимтар менамудааст? Парадокс ё таззод. Ҳолати воқеъӣ, аммо мантиқӣ наменамояд. Пас асли қазия чист?

Чӣ асосҳое буданд барои ба ҳабс гирифтани Ёров?

Қарор барои ҳабси Ёров дар кадом сатҳ қабул шудааст?

Оё Ёров воқеъан ҷиноёте содир кардааст?

Бо кадомин далоил мешавад гуфт, ки ӯро барои кӯшиши номуваффақи ҳимоя аз боздоштшудаҳои ҲНИТ зиндонӣ кардаанд?

Магар давлати Тоҷикистон ба ҳадде заъиф аст, ки роҳ надодани як адвокатро ба тафтишоту мурофиаи ҳизб сиёсати худ кардааст? Он ҳам ҳизбе, ки тақдираш барои роҳбарияти сиёсии ҳалшуда? Боварнокарданӣ. Аммо кулли ин суолҳо посух мехоҳанд.

Барои посух ёфтан ба онҳо бояд номаи аъмоли Ёровро, ки ВКД таҳия кардаасту Прокуратураи генералӣ “дуруст ҳисобида” акнун парвандаи ҷиноятии №75038 номида мешавад, хеле ботаваҷҷуҳ ва дақиқ таҳқиқ кард. Кирдорҳоеро, ки  мақомот ба ӯ рабт медиҳад, мушаххас намуд. Ҳар яки онро тагу рӯ кард, пурра омӯхт. Муносибати ӯро бо раҳбарияти ҲНИТ маълум кард.

 Талаби тадқиқоти журналистии холис ҳамин аст: маълум кардани ҳақиқати ҳолу рад кардани дуруғҳои як қазияи сарпечида. Ва он ҳам дар шароити бади сиёсӣ. Аммо журналистикаи мустақил бе заҳмат намешавад.Пас, шуруъ мекунем аз он, ки айни ҳол адвокати машҳур чӣ ҳол дораду оё ӯ шиканҷа шудааст?

Ёров чӣ ҳол дорад?

 Сару садоҳо атрофи адвокат Ёров дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд буданд: яке хабар медод, ки "адвокат пайваста шиканҷа мешавад", дигаре аз "нобуд шудани ӯ" ҳадс мезанад ва сеюмӣ бар ин аст, ки бо азми росиху иродаи қавӣ вай наметавонад қасди худкушӣ кунад. 

Аммо воқеъияте, ки "Нигоҳ" аз чанд манбаъ дақиқ кард, ин аст:  

Ҳамсари адвокат Зарина НАБИЕВА, ки бо шавҳараш баъди боздошт чандин вохурӣ дошту ахирин бор шавҳарашро дирӯз дидааст, тасдиқ мекунад, ки "вазъи саломатии Бузургмеҳр хуб аст. Ғизое мисли дигар гумонбаршудаҳо дорад. Ҳич шикояте аз шароити будубош ва режим дар ҳамин шабу рӯз надорад. Пеш ҳам надошт. Қаламу коғаз ва нашрияҳоро сари вақт ба ӯ мерасониданд, акнун ду моҳ боз нашрияҳоро манъ кардаанд. Фишори равониву ҳодисаи тарс додан буданд, аммо ягон маротиба (!) мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст.

Хоҳари адвокат Хосият Ёрова, ки як сол боз ҳаёташро барои озодии бародари бузургаш бахшидааст, мегӯяд: "Вазъи равонияш хеле хуб аст. Мунтазам нома менависад. Мехонад. Ба адвокаташ Муаззама Қодирова кӯмак мекунад. Ба ҷуз аз нодида гирифтани қонун аз ҷониби тафтишот дар масъалаи таъини экспертиза ва дигар ҷузъиёти мурофиавӣ ягон шикоят надорад”.

Ҳамин ҷузъи тадқиқоти “Нигоҳ” буд, ки касе дар дохилу хориҷи кишвар, аз ҷумла дар нишасти пурсарусадои Варшава низ аз шиканҷаи Ёров чизе нагуфт.

ЁРОВ ЧӢ ШИКОЯТ ДОРАД?

Вақте моҳи феврали соли ҷорӣ Ёров бо парвандаи ҷиноятиву айби эълоншуда шинос шуд, шикоят карда буд, ки барои шинос шудан бо парванда вақти кам медиҳанд. Чанд соат дар як рӯз. Тафтишот, баръакс даъво дорад, ки Ёров кашолкорӣ дорад...", -мегӯяд бону Набиева.

 Хоҳари адвокат Хосият ЁРОВА гуфта буд, "Бародарам марди ҳақиқӣ аст. Ҳич вақт зиқӣ намекунад. Шароиташ бад аст, аммо тан намедиҳад. Чанд мушкилӣ, аз қабили вохӯриҳои якка ба якка бо адвокат Бобохон ЯЪҚУБОВ доштааст. Ваъда доданд, ки ҳал мекунанд. Ӯ пештар, аввали моҳи ноябри соли гузашта таъкид мекард, ки "маро то моҳҳои март, то тамом шудани парвандаи наҳзатиҳо дар ҳабс нигоҳ медоранд. То ҳамон вақт аз дасти душманонам ҳарчӣ ояд мекунанд. Баъди он наметавонанд, чунки шароити сиёсӣ дигар мешавад. То ҳамон вақт парвандаи ҲНИТ-ро баҳона карда, президентро фиреб медиҳанд. Баъд наметавонанд...". Ҳама гапҳояш рост баромаданд. Мо аҳли оила акнун фаҳмидем, ки чаро атрофи парвандааш бозии "махфӣ  ҳаст-махфӣ нест" мерафтааст. Медонед, чаро? Чунки ягон кирдори ҷиноӣ дар фаъолияти бародарам нест. Мурофиа гузарад, тамоми халқ мефаҳмад, ки парванда 100 % сохтакорӣ аст, қасдгирӣ аст. Сӯистифода бурдан аз вазъияти сиёсӣ аст. Ҳоло мебинед, ки президент қабри хелеҳоро меканад".

 Гуруҳи тадқиқотчиёни "Нигоҳ" тавонистанд аз худи Ёров, ки дар ҳабс буд, иттилоъ бигиранд.  Дар назди бинои Суди ноҳияи Фирдавсӣ вай аз масофаи начандон дур, ки милисаҳо ӯро аз мошин осемасар  берун мекарданд, ба саволи: "Ҳолатон хуб аст? Шиканҷа нашудед?", бо табассум гуфт: "Шукр хубам. Фишор буд, аммо шиканҷа нашудаам ба хости Худо. Нависед, ки аҳволи Ёров бад нест. Барои ҳуқуқҳоямон мубориза мебарем! Айби нав эълон карданд. Айбҳои беасос ва сохта! Вақташ расад, тамоми дунё мефаҳмад. Хайр!". Бори дувум ӯ дар Суди шаҳрӣ ба хабарнигори “Нигоҳ” боз ҳам тасдиқ кард, ки аҳволаш хуб аст, “фақат талаб дорам, ки ба толори суд журналистони ватаниву хориҷӣ, намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон  роҳ дода шаванд. Ҳамчун як ҳомии ҳуқуқи башар хоса интизори ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳастам. Биёянд, то бо тамоми ҷузъёти парванда шинос шаванд. Сохтакории мақомотро бубинанд.”

"ЭкстремистҲОи таксисавор"

Зимни вохӯрии нахуст бо Ёров гуруҳи тадқиқотиро як кор ба ҳайрат гузошт. Гумонбаршудаҳо, онҳоеро, ки ба тағйир додани сохти конститутсионӣ айбдор мешаванд, ончунон барои давлату суботу оромиш"хафвнок" мешумурдаанд, ки барои интиқоли онҳо аз СИЗО то ба толори суд мошини махсус ҷудо намекардаанд. Аксар вақт онҳоро, аз ҷумла адвокат Ёровро милисаҳо бо таксӣ ба суд мебаранд. Дақиқтараш, дар ҳолати зарурат ҳар субҳ гумонбаршудаҳоро ба як мошини махсус то бинои ягон суди пойтахт меоранду сипас бо таксиҳо ба ҷойҳои лозим расонида, бегоҳ дубора бо таксиҳо ҷамъ меоранд.  

 Аммо бигзарем аз ину маълум кунем, ки чӣ айбҳое ба Бузургмеҳр Ёров эълон кардаанд?

 Чун тадқиқотчиёни "Нигоҳ" ба худи парвандаи ҷиноӣ дастрасӣ надоштанд, айбҳои эълоншударо танҳо мешуд аз наздикони адвокати зиндонӣ фаҳмид. Мо бо се нафар хешовандони гумонбар ва адвокатҳо чандин соат суҳбат карда, гаштаву баргашта ину онро пурсида, тамоми ҷузъиёти ин қазияро мушаххас кардем. То ин замон интизор будем, ки тафтиши пешакӣ ба охир расад. Акнун, ки тафтишот ба охир расидааст, "Нигоҳ" айбҳои эълоншударо метавонад, рӯи чоп биёрад.

Айби эълоншуда

 Ёров Бузургмеҳр Равшановичи 45-сола, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Миршакар хонаи 66, падари чор фарзанд, ҳоҷии ҳарамайн аз ҷониби мақомот дар содир намудани ҷинояти пешбинамудаи қисми 2, моддаи 189, ("Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ") банди "б", қисми 4-и моддаи 247 ("Қаллобӣ"), банди "г"-и қисми 2-и моддаи 307 ("Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ"), қисми 2-и моддаи 307 (1) ("Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ"), бандҳои "а", "б", "в"-и қисми 2-и моддаи 340 ("Сохтакорӣ")-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.

 Ҳар яке аз ин моддаҳо ва кирдорҳоеро ба Ёров рабт медиҳанд, шуруъ аз "сабукҳояш" ба риштаи таҳлил мекашем, то "мӯй аз хамир ҷудо шавад".

247-и "навбатдор"

 Моддаи 247. "Қаллобӣ". Банди "б" қисми 4: "Қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст".

 Бинобар даъвои мақомот, адвокат Ёров аз соли 2000-ум то лаҳзаи боздошт маблағҳои мизоҷонашро гирифта, ба онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст, яъне онҳоро фиреб додааст. Ба гуфтаи наздикони адвокат, сухан аз одамоне меравад, ки Ёров бо онҳо шартномаи ёрии ҳуқуқӣ доштааст. Шартномаҳо баъди боздошти Ёров аз дафтари кории ӯ дар коллегияи адвокатҳои "Сипар" гирифта шудаанд.  Сухан дар бораи шартномаҳо ва аҳди шифоҳӣ меравад, ки мақомот онҳоро акнун эпизоди ҷиноӣ медонанд. Мақомот дар ҳар яке аз 18 ҳолати ба ҳам бениҳоят монанд бар онанд, ки "Ӯ, яъне Ёров моҳи августи соли 2000 ба ҳайси адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Р.Т. ба сифати адвокат иштирок намуда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ва ё сӯистифодаи боварӣ ... маблағи 6600 сомониро гирифта, дар ин бора забонхат додааст. Ёров маблағҳои ба роҳи фиреб ва сӯистистифодаи боварӣ ба даст овардаашро тасарруф намуда, ба хазинаи маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ворид накарда, онро ба манфиати шахсияш сарф намуда, ба Р.Т. ягон хел ёрии ҳуқуқӣ нарасонидааст... Зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонидааст".

Аз 18 ҳолати ҷиноӣ, ки Ёров ба содир кардани онҳо муттаҳам мешавад,

 4- ҳолат 10-15 сол пеш;

 8 ҳолат 5-9 сол пеш;

 6 - ҳолат 2-4 сол пеш;

Ва ҳамагӣ як ҳолат дар соли 2015, яъне соли боздошти Ёров  ҷой доштааст. “Нигоҳ” ҳар яке аз ҳолатҳоро ташхис кард, то ҳақиқат маълум гардад. Ҳар яке аз ин ҳолат ё эпизод таърихча ва вижагии худро дорад.
 

Булаҷабҳои “қаллобӣ”

Нахуст ин нуктаро бояд қайд кард, ки ба ҷуз як истисно, дар 14 ҳолат аз 18 ҳич кадоме аз "ҷабрдидаҳо" то лаҳзаи боздошти адвокат ба ВКД ё прокуратура муроҷиат накарда будаанд! Шаҳрвандон Наҷотов Абдулло ва Бозоров Комил Шикоят надоштаанд! Ин нафаронро Вазорати корҳои дохилӣ “ёфтааст”.

Эпизоди № 1 ё даъвои Аслия

 Танҳо муносибат бо як нафар - Ниёзова Аслия ба мақомот маълум будааст ва он ҳам, баръакс баъди аризаи Ёров ба суд, ки 15 сол (!) пеш рух дода будааст.  

 Шаҳрванд Ниёзова Аслия, даъво доштааст, ки августи соли 2000-ум ба Бузургмеҳр Ёров дар шоҳидии адвокати дигар - Абдӣ Бекназаров 4,5 ҳазор доллари ИМА додааст. Ёров ва Бекназаров инро рад карда, туҳмат  ва қасдгирӣ хондаанд.

Ҳамсари Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки “шавҳараш адвокати писари Ниёзова будааст. Онҳо муносибати хуб ва рафтуо доштаанд. Бо зиндони шудани писари Аслия ва баҳси фурӯши хона ба адвокат дар соли 2000 муносибатҳо вайрон шудаанд. Ниёзова хонаи давлатиро ғайриқонунӣ ба адвокат ва баъд ба нафари дигар- Ёдгорова Марямбӣ фурӯхта, баъди муроҷиати адвокат ба суд баҳсро бохт. Ниёзова ба прокуратураи шаҳр ариза менависад, аммо аризаашро рад мекунанд. Ҳамон вақт хусумат пайдо шуд.Писари ӯ ҳамроҳи як дӯсти амниятиаш даст ба ҷиноят зада, Ёровро бо тапонча таҳдид карда, лаби дарё мебаранд. Ёров рӯзи дигар ба прокуратураи ҳарбӣ ариза навишта, сипас аз гуноҳи писари Аслия гузашту маводи тафтишотӣ қатъ шуд”. Мо ҳамчунин маълум кардем, ки моҳи марти соли 2007 аз болои Ниёзова барои тамаъҷӯӣ дар ШВКД дар ноҳияи Синои пойтахт парвандаи маъмурӣ боз кардаанд, аммо ӯ ному насаб ва суроғаи бардуруғ нишон дода, аз ҷавобгарӣ гурехтааст. Ниёзова Аслия ба ҳамсари Ёров Давлатмоҳ Ёрова (то соли 2009 ақди никоҳ доштаанд) маблағи 2 ҳазор доллари ИМА-ро, ки ба сифати пешпардохти панҷхонагӣ дар мавзеи “Саховат” (3500 доллар) нарх карда будаанд, то ҳол надодааст.

Эпизоди № 2 ё забонхати писар

Шаҳрванд Наҷотов Абдулло даъво дорад, ки ба Ёров тавассути Аслия Ниёзова шинос шуда, барои таъмири хона 15 сол пеш ба Ёров 3 ҳазор доллар қарз додаасту адвокат онро барнагардонидааст. Наҷотов Абдулло тули ин понздаҳ сол ягон маротиба ба суроғи пулаш наомадааст, Ёровро надидааст. Аммо асли қазия ин аст: Наҷотов пули мутталиқ ба Ниёзоваро воқеан ба Ёров додааст. Ёров инро эътироф мекунад ва Ёров маблағи қарзро ба писари Ниёзов - Раҷабов Абдуқодир дода, аз ӯ забонхат гирифтааст, ки матни он дар прокуратураи ҳарбӣ мавҷуд аст. Аммо тафтишот онро ба назар нагирифтааст.

Эпизоди № 3 ё писаре, ки модарашро ба “фиребгар” таслим кардааст

Дар ин рӯйхати 18-нафара ҳамчунин номи ду узви як оила - модару писар ҷилва мекунад, ки гӯё ҳар кадоме дар алоҳидагӣ аз адвокат ба ВКД шикоят карда бошанд:

1) Ҳоҷиев Беҳрӯз, даъво дорад, ки соли 2010 ба адвокат 7 ҳазор доллари ИМА додааст. Беҳрӯз Ҳоҷиев бо ҳамсараш Миралиева Мадина баҳси судии оилавӣ доштааст. Бузургмеҳр Ёров дар ин баҳс адвокати Мадина - яъне ҷониби муқобил будааст.  Ёров ин даъворо туҳмат дониста, ба тафтишот гуфтааст, ки ба сана ва соли "ҷиноят" таваҷҷуҳ кунанд. Мо намедонем, ки муфаттишон таваҷҷуҳ кардаанд ё на, аммо "Нигоҳ"  таваҷҷуҳ кард. Кори писар соли 2010 рух додааст. Кори модараш чӣ?

2) Модари Беҳрӯз Мелиқулова Дилбар даъво дорад, ки ба Бузургмеҳр Ёров соли 2013 ду ҳазору 800 доллари ИМА додааст. Ҳамсари Ёров мегӯяд, ки "агар ин туҳмат намебуд, чӣ гуна модари нафаре, ки аллакай аз "қаллобии" адвокат Ёров соли 2010 фиреб хӯрда буд, се сол пас ба ҳамон адвокат боз пул медиҳад? Мантиқан пурсида мешавад, ки писар фиреб хӯрдаву модарашро назди "фиребгар" овардааст?"

Ҳоҷиев Беҳрӯз ҳамчунин ягона шоҳидест, ки мегӯяд, Ёров ба ӯ маводи “Семь лет борьбы с банком. Таджикский предприниматель против шурина президента". 21.11.2011. ОЗОДӢ”  барои паҳнкунӣ додааст. Аҷиб аст, ки ин матлаб то ҳанӯз дар сомона дастрас аст ва онро ҳар кас хонда метавонад.

Эпизоди № 5 ё пул талаб надорам

 Кирдори дигари ҷиноӣ, ки ба Ёров рабт медиҳанд, боз ҳам аҷибтар аст:  Шаҳрванд Абдуллоев Ғайрат ба ВКД ариза навиштааст, ки Ёров аз ӯ 200 доллари амрикоӣ гирифта, кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст. Ёров дар тафтишот, вақти рӯ ба рӯ кардан бо "ҷабрдида" мегӯяд, ки маблағи шумо пардохт карда, 200 доллар не, балки 5 ҳазор доллар буд. Агар хоҳед, 4800 долларашро гардонида медиҳам. Собиқ мизоҷи Ёров мегӯяд, не, талаби пул надораду ба суд наомад. Чанде пештар Абдуллоев дар Русия боздошт шуд.

Эпизоди № 6 ё роҳкиро

Тафтишот ва айбдоркунандаи давлатӣ Ёровро ба он мутатаҳҳам мекунанд, ки аз шаҳрванд Фотимахон Сулаймонова 4 ҳазор сомонӣ гирифта, ӯро фиреб додааст. Аммо дар нишондодҳои Сулаймонова сухан аз 3600 сомонӣ асту пардохти 400 сомонӣ ба адвокат Маҳмадисо Раҷабов. Акнун Сулаймонова мегӯяд, ки даъво надораду ба Ёров ҳаққи хизмат ва роҳкиро додааст. Ӯ талаби пул надорад ва худро ҷабрдида намедона.

Хуллас, "Нигоҳ” таърихчаи ҳар як ҳолатро, ки пушти онҳо парвандаҳои ҷиноӣ ё баҳсҳои судӣ меистанд, барқарор кард, шахсияти корафтодаҳо ва вазъи ҳоли онҳоро маълум сохт, то онро дар шакли ҷадвал ба шумо пешниҳод созад: 

ҶАДВАЛ

 

Ҳолат

 

Ному насаб

(соли қазия)

 

Маблағ  дар айбнома

 

Маблағи даъво дар суд

 

Тадқиқоти “Нигоҳ”

маълум кард

 

 

1

 

Наҷотов Абдулло

(соли 2000)

 

$3000

 

$3000

Ин маблағ ба Ниёзова Аслия тааллуқ дорад. Номбурда дар прокурори ҳарбӣ марти 2001 дар баёноташ мегӯяд, ки пулро гирифтааст.Забонхати писараш Раҷабов Абдуқодир дар ин бора мавҷуд аст, ки тафтишот онро қалбакӣ медонад.

 

 

2

 

 

Ниёзова Аслия

(с 2000)

 

 

4500 $

 

 

4500 $

Ниёзова аз соли 2000 бо Ёров баҳси хона доштааст. Ниёзова аз ҳамсари собиқи Ёров 2 ҳазор доллар қарздор аст. Писари Ниёзова бо як рафиқаш Ёровро ба лаби дарё бурда, таҳдид мекунад. Баъди ин Ёров аз болои онҳо ба прокуратураи ҳарбӣ шикоят оварда, чанде баъд, бинобар ҷавонӣ ва муслиҳаи тарафҳо аз гуноҳаш мегузарад.

3

Ҷӯраев Қурбоналӣ (вафот кардааст)

(соли ....)

 

$3600

Ҳамсараш Ҷӯраева Шамагул 3000 $ талаб кард

Бо ин оила муносибати хуб доштаанд. Дар асл 3 маротиба маблағ додааст: 1600 сомонӣ; 2700 сомонӣ ва  3 700 сомонӣ.
Ёров Б. дар ҳузури шоҳид Юсупов Хуршед ба домодаш Махмадиев Хайрулло 3000 $ қарз додааст, ки дар вақти рубарӯкунӣ ба гардан мегирад.

4

Акрамова Меҳдия

(соли ...)

1500 $

1200$

 

Ӯ мегӯяд, ки ҷиноят мавҷуд нест.

5

 

Халезин Владимир

(соли...)

 

2000 $

 

2000 $

Ёров ътироф мекунад, ки баҳси гражданӣ дорад. Қисми адвокат Мирзовалиён Ҳамза бо 500 $қатъ карда шудааст. Қисми Ёров не.

 

 

6

 

 

Қурбонов Дустмурод

(соли ..)

 

 

700 $  

 

 

700 $

Қурбонов зимни тафтишот гуфтааст, ки дар ҳузури падараш дар дохили мошини “Опел” пулро додааст. Дар суд гуфтааст, ки дар утоқи кории Ёров  дар танҳоӣ маблағ додааст . Ёров ин қазияро тӯҳмат медонад. Дар асл 300 сомонӣ ба воситаи корманди Суди конситутсионӣ Бобоев Саидалӣ додааст.

7

Хоҷаев Беҳруз

(2010 с)

$ 6 200

Умуман маблағи аниқ дар хотираш нест

Шоҳидон: Урозова Шарафмо, Тоиров Бадриддин ва усто Назриддин нишондоди Ҳоҷиевро куллан рад мекунанд. Ҳоҷиев Б соли 2013 аз Русия ба Ёров  400 $ барои ёрии ҳуқуқӣ ба модараш Мелиқулова Дилбар равон кардааст.

8

Ҳафизова Бибираҳима

600 сомонӣ

300 сомонӣ

Дар асл ба Ёров 300 сомонӣ ва ба адвокат Темиров Хушнуд 300 сомонӣ додааст. Даъвои пул надорад.

 

 

 

9

 

 

 

Ҳоҷизода Фирдавс

 

дар аризаи даъвогӣ 45 000 $,

дар айбнома 30 000 $

 

 

10 000 $

Дар асл сухан аз қазияи “Насими кукса “ меравад, ки фирорӣ аст..  Қазия бо миёнарвии Саид Юсуфҷонов рух додааст. Ахирӣ барои ин кор ба Ёров 12 ҳазор доллар оварда мерасонад. Баъди номуваффақӣ дар тафтишот бо сабаби ризо нашудани Насими куса барои ба Тоҷикистон омадан,  Ёров дар ҳузури шоҳидон 10 ҳазор долларо ба Юсуфҷонов дода, сипас 2 ҳазори боқимондаро ба унвонии апаи Фирдавс Қодирқулова равон мекунад, ҳуҷҷат шудааст. Юсуфҷонов пулгириро рад намекунад, аммо мегӯяд барои дигар кор буд.
Раъно Қодирқулова мегӯяд, ки аллакай бо Юсуфҷонов ҳисобӣ кардаасту аз Ёров 10 ҳазор талаб дорад. Аризаи Ҳоҷизода Фирдавс замоне навишта шудааст, ки ӯ дар Тоҷикистон набуд.

 

10

 

Одинаев Эмомалӣ

(соли 2012 )

 

200 $

 

Умуман наомад

Даъво надорад. Мегӯяд “сиёсати давлат аст”. Дар асл ҳамагӣ 400 тавассути додараш  Иброншоҳ сомонӣ маблағ додааст. Санае, ки гӯё худаш пулро додааст, дар асл дар боздотгоҳ буду дода наметавонист.

 

 

 

11

 

 

 

Меликулова Дилбар

 

 

 

2800 $

 

 

 

400 $

Дар асл ба Ёров 400 доллар, як каду ва як банка мураббо додааст. 2400 доллар ба адвокат Бадриддин Тоиров додааст. Тафтишот  ба Тоиров коре надорад. Мелиқулова мегӯяд аз Ёров барои хизмати ҳуқуқӣ сахт миннатдор аст, аммо агар Ёров ба ӯ 200 долларашро баргардонад, хуб мешавад.

 

12

 

Сулаймонова Фотимахон

 

4 ҳазор сомонӣ

 

 

3600 сомонӣ

Мегӯяд барои ҳимояи ҳуқуқӣ додааст. Ҷиноят нест. Роҳкиро додааст. Ба Ёров 3600 сомонӣ ва ба адвокат  Раҷабов Маҳмадисо 400 сомонӣ додааст. Даъво надорад.

13

 

Бердиев Ҷалол

 

300 $+ 2000 сомонӣ

 

300 $+ 2000 сомонӣ

Дар асл шоҳид Миралиев Исмоил ба Ёров 1500 сомонӣ додааст.Ҷиноят намеҳисобад, даъво надорад.

14

Ҳамдамов Самад

200 $ +1500 сомонӣ

200 $ +1500 сомонӣ

Дар асл даъво надорад.

 

15

 

Абдуллоев Ғайрат

 

200 $

Дарсуд иштирок накард, зеро дар маҳбас аст

 

д.рӯбарӯкунӣ бо Ё.Б набудани ҷиноятро тасдиқ мекунад. 4800 $ даъво дорад. Ё.Б инро эътироф мекунад.

 

16

Султонов Умедхуҷа

(соли 2014)

2 мошини куҳна

 

Дар суд иштирок накард

Тафтишот арзиши мошинҳоро 22 ҳазор доллар медонад, худи ӯ 6 ҳазор доллар. Нисбати Ёров ва Маҳкамов даъво надорад.

 

17

Якубова Адиба (сентябри соли 2015 пеш аз боздоштшавӣ)

 

4 400 $

 

4 400 $

Ёров Б. эътироф мекунад. Адиба мегӯяд, ки ҷиноят нест.

 

18

 

Бозоров Комил

(2009 с)

 

6000 $

 

Ҳозир нашуд

Дар асл ҳамсари додараш Сайфиддинова Гулнора маблағро расонидааст. Аммо Ёров, ки муввафақ нашудааст, 4800 долларашро тавассути Гулнора ва 1200 долларашро ба воситаи Маҳкамов бозпас гирифтаанд. Даъво надорад.

 

 

 

Ҷамъ:18-нафар

 

 

 

 

Дар асл оиди 12 ҳазору 300 доллар даъвои гражданӣ мавҷуд буда метавонад.

Ҳикмати моддаи 247

Шояд дар зеҳни хонанда суоле пайдо шуда бошад, ки чаро мақомот ин қадар вақт сарф карда, навори боздошти Ёровро тавассути телевизион намоиш дода, даҳҳо одамонро ҷалб карда, хотираҳои онҳову корҳои 10-15 соли пешро тагу рӯ кардаанд? Охир аз он замон чандин афв баргузор шуду ин ҷиноёт аллакай бахшида шудаанд?! 

Посух хеле сода аст: Барои онҳое, ки аз моддаи 247, ки миёни ҳуқуқшиносон "моддаи навбатдор" маҳсуб мешавад, суистифода мебаранд, муҳим МАБЛАҒИ ЗАРАР аст, ки барои:
аз ҳабс озод шудану афв гаштан он бояд ба ҷабридида пурра барқарор гардад.  

Ҳамин аст, ки зарари расонидани Ёров дар ин парванда  аввал то 90 ҳазор доллари  ИМА, баъдтар то 66 ҳазор доллар "пуф" карда шудааст. Маблағе, ки пардохташ ҳатто барои машҳуртарин адвокати тоҷик муҳол аст.

 Омили таҳрикдиҳандаи аксарияти "ҷабрдидаҳо" дар ҳамчунин қазияҳо низ "зери коса нимкоса" дорад : кам касоне ҳастанд, ки аз 2, 5 ё 6 ҳазор доллари 10 сол пеш барои адвокат (ва на танҳо адвокат) харҷ кардаашон дар ин солҳои буҳронӣ даст кашанд. Хоса вақте мақомот кафолат медиҳанд, ки пулатонро мерӯёнем.

Нафарҳое ҳам ҳастанд, ки аз тарс ба туҳмат даст задаанд. Ҷолиб аст, ки ба хонаи ҳар як нафар аризанавис кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД омада, хоҳишу талаби ариза навиштан кардаанд.  “Ҷарбрдидаҳо” Фотима Сулаймонова, Ҳафизова Бибираҳима ягон даъво надоранд. Аз номи Ҳоҷизода Фирдавс ариза ба ВКД навишта шудааст, аммо худи ӯ чандин сол боз дар Олмон мебошад. Аввал аз номи Яқубова Тахмина ариза гирифта, сипас онро ба аризаи хоҳараш Адиба Яқубова иваз мекунанд. "Нигоҳ" сабти садои  ҳамсояи Ёровҳо Одинаев Эмомалиро дар ихтиёр дорад, ки дар он "ҷабридида" мегӯяд, “маҷбураш кардаанд, ки шикоят нависад”-у ӯ “раҳм карда, 200 доллар навиштааст. Худо гӯед, ки 20 ҳазор доллар нагуфтам”.

 Дар ҳамин ҳол, Хосият ЁРОВА мегӯяд "бародарам хотираи бениҳоят қавӣ дорад. Шояд аксарияти одамон бо шумули худи муфаттишон корҳои 5-6 сол пеш кардаашонро дар ёд надоранд, аммо акаи Бузургмеҳр ҳар ҷузъиёти корҳояшро дар хотир дорад, ҳаҷми кори  барои ҳар як мизоҷ кардааш дар сервери махсус ва компютерҳояш  маҳфуз аст. Бигзор мардум донанд, ки бо дурӯғу туҳмат муқобили ҳақиқат истодагарӣ кардан кори номумкин аст. Ҳар мурофиа як гуруҳи 10-12 нафараи занон меоянд, ки мизоҷони Бузургмеҳр ҳастанд. Онҳо аз рӯи ихлосу муҳаббат меоянд. ". Омӯзиши ҳама 18 ҳолат собит месозад, ки сухан дар 17 ҳолат аз муносиботи байни адвокат ва мизоҷонаш меравад.

Тафсири аҷоиб-ул-ғароиб

 Аммо оё воқеъан аз мизоҷон барои машваратҳои ҳуқуқӣ пул гирифтан ҷиноят аст? Маблағи шартнома ё аҳдро кӣ муайян мекунад? Бастани шартнома ҳатмист? Адвокат бояд ҳатман маблағи гирифтаашро ба хазинаи коллегия ворид кунад? Кори адвокат кай иҷрошуда маҳсуб мешавад?

 Посух ин аст: Машварату кӯмакҳои ҳуқуқӣ расонидан фаъолияти қонунӣ аст. Маъмулан пулакӣ амалӣ мешавад (моддаи 8).  Адвокатҳо тибқи Қонун "Дар бораи адвокатура" (аз 4 -уми ноябри 1995) барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ  метавонад шартнома банданд ё аҳди шифоҳӣ кунанд. Бастани шартнома шарт нест (моддаи 20). Ҳамаи коллегияҳои адвокатҳои Тоҷикистон ҳадди аққали ворид кардани маблағ барои як мизоҷ ба хазинаи коллегия таъин мекунанд. Ба хазинаи коллегия ворид кардани ҳадди аққали маблағ шарт аст, аммо тамоми маблағ ихтиёрӣ мебошад. (Тибқи қонуни нав, ки соли гузашта  қабул шуд, бояд ҳамаи маблағ ворид шавад)

 Кори адвокат дар парвандаҳои ҷиноӣ маъмулан то ба анҷом расидан ва ирсоли парванда ба суд иҷрошуда ба шумор рафта, иштирок дар мурофиаи судӣ бо аҳд ё шартномаи иловагӣ амалӣ мешавад. Дар парвандаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ барои зинаҳои баъдии судӣ аҳд ё шартномаи иловагӣ баста мешавад.

Тибқи талаботи Кодекси граждании Тоҷикистон муносиботи байни адвокат ва мизоҷони ӯ муносиботи гражданӣ буда, баррасии баҳсҳо миёни онҳо тариқи муроҷиат ба суд амалӣ мешавад, на дар мақомоти таъқиби ҷиноӣ. Ин талаботи қонун дар парвандаи № 75038 дар баробари адвокатҳо Ҳамза Мирзовалиён (эпизоди Халезин), Ҷамшед Ёров (эпизоди Ҳафизова) ва Бадриддин Тоиров (эпизоди писар-модар) татбиқ шуда, тафтишот дар баробари онҳо қатъ шудааст, аммо дар баробари Бузургмеҳр Ёров ин меъёр кор накардааст.

  Бояд зикр кард, ки қаллобӣ ду аломат дорад: сӯистифода аз боварӣ ва фиреб. Яъне гумонбаршуда бояд то лаҳзаи кирдори ҷиноӣ мақсади аз боварии нафаре сӯистифода  кардан ё ӯро фиреб доданро дошта бошаду бо ҳамин ният амал кунад. Вазифаи тафтишот ниятро исбот кардан аст. Адвокатро, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ зимни тафтишот ё парванда барои фаъолияти мудавом- рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳ ва ҳатто солҳо бо нафаре аҳд мекунад, ба қаллобӣ муттаҳам кардан, номумкин аст, агар фармоиш, хусумат ё қасд набошад. Аммо нафареро, ки худро адвокат гуфта ин корро мекунад, хеле сода аст: Ӯ бо нияту мақсад худро бардурӯғ адвокат ё прокурор муаррифӣ кардааст.

Инҷо бояд таъкид кард, ки Ёров дар чор ҳолат эътироф мекунад, ки кори адвокатияшро ба охир нарасонидааст(эпизоди Адиба Яқубова) ё даъвои гражданиро (эпизоди Халезин) қабул дошта, омодааст, баъди баррасӣ дар суди гражданӣ ба даъвогарон ихтиёрӣ маблағ пардохт кунад.

Мақомот ҷурми дигари адвокат Ёровро сохтани ду ҳуҷҷати қалбакӣ: мактуби Прокуратураи генералӣ ва талони ронандагӣ медонанд.

ДУ ҲОЛАТИ СОХТАКОРӢ

 Қиссаи талон пештар расонаӣ шуда буд. Моҳи январи соли 2011  дар постгоҳи Чимтеппа ронанда Ёровро нозири БДА нигоҳ дошта, гумон мебарад, ки талони муоинаи техникии “Опел”-и ӯ қалбакӣ аст. Баҳс дар ВКД баррасӣ шуда, тафтишот таъин намешавад. Баъди боздошт дар сентябри соли 2015 ВКД ин ҳолат дубора рӯ мезанад. Экспертиза таъин шуда, талони № 226695 қалбакӣ эътироф мешавад. Аммо талони ронанда Ёров № 286665 мебошгӯаду дар ин бора дар протоколи тартибдодаи нозирри БДА бо дасти Ёров навишта шудааст. Ҳолати дуюм ба сохтакории мактуби муовини Прокурори генералӣ дахл дорад. Аммо чун тибқи қонунгузорӣ мактуб ҳуҷҷат шуморида намешавад, бо моддаи 340 гунаҳкор донистани Ёров ғайриқоннқӣ мебошад. Экспертизаи нав имзои забонхати соли 2007 додаи писари Аслия Ниёзова, ки бо Ёров муноқиша дошт, қалбакӣ шумурдааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки экспертизаи соли 2007 баръакс, онро дуруст медонист.

307-и сиёсӣ

 Моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон" ном дорад.  Дар банди "г"-и қисми 2-и он омадааст: "бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи Интернет". Ҷинояти махсусан вазнин, ки аз 8 то 15 сол ҳукми зиндон доранд. Ин модда тақрибан ба ягон афв дохил намешавад

Моддаи 307 (1) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон "Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)" ном дорад. Дар қисми 2-и он омадааст: "Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз  воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет содир шуда бошад".

Ҷинояти вазнин, ки 2-5  сол ҳукми зиндон доранд.

Аммо оё чӣ далелҳое мавҷуданд, ки бар асоси онҳо адвокат Ёровро мешавад ба ин ҷиноёт муттаҳам кард?  Ҳамсари Ёров дар ихтиёри тадқиқотчиёни "Нигоҳ" номгӯи  7 (ҳафт) матлаби интернетиро вогузошт, ки барои эълони чунин айб "асос" шудаанд. Ҳамчунин ду мақолаи чопнашуда: “Мусулмонӣ ба кирдор аст, ё гуфтор ё ҳарду?” (моддаи 307 (1) ва моддаи 189) ва “Эмомалӣ Рахмон репетитсия Хорога”, ки аз хонаи Маҳкамов ёфт шудаанд, асоси айбнома гаштаанд.

Ҳафт матлаб аз Интернет

Ҳафт мақлаи номбурда матолиб 4-5 соли пеш чоп шудаанд. Сарлавҳаҳои ҷиддӣ ва  ҳангоматалабона доранд:

1. Муроҷиати донишҷӯёни Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон. 26.06.2011. Сомонаи "Иршод" (моддаи 189)

2. Муроҷиатномаи ҷунбиши "БАС" ба мардуми Тоҷикистон.18 августи 2011

3. "Семь лет борьбы с банком. Таджикский предприниматель против шурина президента". 21.11.2011. сомонаи “ОЗОДӢ”. Бознашр дар ФерганаНюс (моддаи 189)

4. "Эмомали Рахмон в отставку!" 06.01 2012. (моддаи 307 (1))

5. "Хоруғ асоси импичменти Эмомали Раҳмон".19 августи 2011 (моддаи 189)

6.  "Таджикистан накануне революции". Звезда.ру (моддаи 189)

7. Кто был никем, тот захватил все или почему Президент Таджикистана заслужил вотум недоверия". ФерганаНюс. 19 апреля 2012  (моддаи 189)

 Табиист, ки нахустин суоли  “Нигоҳ” аз оилаи Ёровҳо ин буд: "Мақомот бар онанд, ки ҳамаи ин мақолаҳоро Ёров навиштааст?!!"

-Не, посух доданд ба як овоз онҳо. Равшани Ёрмуҳаммад илова кард, ки "ин мақолаҳоро аз хонаи ҳамкораш Нуриддин Маҳкамов ёфтаанд. Онҳо рабте ба Бузургмеҳр надоранд. Ба гумони мо, Маҳкамов мисли  хеле аз пирони дигар компютерро намедонаду мақолаҳоро аз Интернет чоп кардааст, то хонад. Мақолаи ба корҳои худашу "Ориёнбонк" дахл доштааш дар ноутбукаш будааст. Ин мақолаҳои чанд соли пешанд, ки дар ҳар ҷои хонаи ӯ партофта шуда будаанду мақомот онҳоро ҷамъ кардаанд. Ташхиси комлексии забоншиносӣ, равоншиносӣ, диншиносӣ ва сиёсатшиносии мутахассисони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишкадаи Исломии Тоҷикистон  нишон додааст, ки дар ин мақолаҳо даъвати оммавӣ барои дигар кардани сохти конститутсионӣ ва фаъолияти ифротгароӣ ҷой доштааст. Ташхисгарон аз куҷо донанд, ки ба ҷуз аз мусоҳибаи Маҳкамов дар "Озодӣ"ин ду нафар муаллифи он мақолаҳо нестанд. Ҳардуяш ҳам саводи лозимии ба русӣ навиштанро надоранд. Муттасифона, дар парванда тафтишот ним варақ мақоларо “маҷалла” менависад, ки аз сохтакорӣ ва душмансозӣ шаҳодат медиҳад".

- Яъне тафтишот медонад, ки ҳама матолиб мақолаҳои интернетӣ буда, як ададӣ чоп шудаанд, Ёров онҳоро иншо ва паҳн накардааст. Онҳоро аз хонаи ҳамкораш Маҳкамов ёфтаанд- мепурсем аз наздикони Ёров. Ҳамсараш мегӯяд, "панҷтои ин мақолаҳоро Ёров бори аввал дар парванда хондааст. Аммо муфаттишон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки Бузургмеҳр ҳар яки онҳоро дар парванда шарҳ диҳад, то парванда ғафстару сиёситар гардад".

 Ин ҳолатҳо мо - тадқиқотчиёни  "Нигоҳ"-ро водор кард, ки ҳар яке аз ин мақолаҳоро дар шабакаи Интернет ёфта, таҳқиқ кунем. Натиҷаи таҳқиқро поёнтар меорем, аммо ҳоло барои хонандаи ноогоҳ қисса кунем, ки Нуриддинхӯҷа Маҳкамов кист.

Маҳкамов кист?

ё "боҷаи сарвазир"

 Нуриддинхӯҷа Маҳкамов тақрибан барои ҳар нафаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳфа дорад, шинос аст. Солҳои 2010-2013, се сол ё шояд камтар аз он рӯзе набуд, нигоштае набуд, ки зери он Нуриддин Маҳкамов посте ё навиштае накорад. Мавзӯи нигошта барои Маҳкамов муҳим набуд. Онҳоро "маҳкамовнома" мегуфтаанду худи ӯро "боҷаи сарвазир Ю. К.". 

Ҳама навиштаҳо як муҳтаво доштанд: дод аз асти Ю.К. ва носазогӯӣ.

Маҳкамов он қадар зиёду беибо ва ҳатто беадабона менавишт, ки боиси хандахаришу қаҳрамони латифаҳо шуда буд. Дар шабакаи Фейсбук аксарият ӯро хуш надоштанд ва гоҳе ҳам шухӣ мекарданд: "Шодиёна. Мардум ним рӯз аст, ки Маҳкамов чизе наменависад" ё "хайрият, Маҳкамов дар зери постам чизе нанавишт".

Ӯ тоҷири 64- сола аст, ки дар заминаи як баҳси судӣ бо "Ориёнбонк" бо адвокат Ёров шинос шудааст. Тибқи ҳалномаи судӣ бонки калонтарини кишвар бояд ба ҶДММ "Бахт"-и Маҳкамов чандсад ҳазор сомонӣ ҷуброн медодааст, аммо рад мекардааст. Кашмакашиҳои чандинсолаи судӣ ӯро то ҷое марди сиёсӣ мекунанд ва ҳарчанд саводи казоӣ надошт (Мавсуф моро бубахшанд, аммо аз нигоштаҳояшон чунин бармеояд), дар маҳфилҳои сиёсӣ ягон-ягон пайдо мешудааст.  Ба ақидаи хешовандонаш Маҳкамов воқеъан аз сарвазири вақт  Ю.К. ҷарб дида,  ин корро махсус мекардааст, яъне бо сиёсӣ кардани масъала мехостааст аз соҳибони "Ориёнбонк" пулашро ситонад. 

Баҳси судии Маҳкамов бо "Ориёнбонк" пас аз ҳамроҳ шудани Ёров соли 2011 бо созиши тарафҳо хотима ёфтааст. Ҷониби “Ориёнбонк” ба  Маҳкамов як созишномаи махфӣ баста, 500 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст. Ба гуфтаи падари Бузургмеҳр соли 2012  Маҳкамову Ёров бо кӯмаки Ҳасан Асадуллозода ҳоҷӣ шудаанд. Баъди чандин соли баҳсҳои судӣ ва талаби адолат ӯ бо кӯмаки Ёров соли 2014 адвокат шуда, то лаҳзаи боздошт дар ҳамин симмат буд.

Боздошти Маҳкамов

 Маҳкамов баъди як моҳи боздошти Ёров бо аризаи ҷиянаш Умедхуҷа Султонов боздошт шуд. Тибқи ин ариза гӯё Маҳкамов ва Ёров  бо ӯ аҳд доштаанд, ки дар баргардонидани қарзи калонаш аз А.И. кӯмак мекунанду ӯ ба ҷои маблағ ба онҳо ду автомашинаи сабукрав дода, фиреб хӯрдааст.  Баъди чанд рӯзи боздошти Маҳкамов ҷиянаш. аризаашро бозхонд кардааст.  Ба гуфтаи падари Бузургмеҳр ин қазия басо сода аст, ки мавриди сӯистифодаи мақомот қарор гирифтааст: Ҷияни Маҳкамов аз ду адвокат ёрӣ пурсидааст, то қарзи чандсадҳазор долларияшро баргардонанд. Онҳо бо ӯ аҳд бастаанд. Қарздор А.И. баъди дахолати адвокатҳо дар ҳузури қарздеҳ уҳдадор шудааст, ки тибқи тартиби муайян маблағро бармегардонад. Ҷияни хушбахт ба адвокатҳо ду мошини сабукрави куҳна тақдим кардааст. Баъди чанде қарздор А.И. ба ҷияни Мақкамов эълон доштааст, ки "вазъам хеле бад асту агар қарзатро талаб кунӣ, худамро меовезам". Ин моҷаро боиси муноқиша миёни тағову ҷиян ва пешниҳоди ариза шудааст. Акнун ҷиян пушаймон асту тағо дар зиндон ва Бузургмеҳри мо "қаллоб" эълон шудааст. Мошинҳои куҳна гӯё  дар ҳабс будаанд, вале баъди бозхонди аризаи ҷияни Мақкамов ба соҳибаш баргардонида шудаанд. Аммо айби эълоншударо касе бекор накардааст".  

Ба гуфтаи Ёровҳо, ҳафт мақолаи мазкур, ду мақолаи чопнашуда ва ду шумораи нашрияи "Наҷот"-ро мақомот аз хонаи Маҳкамов ёфта, дар асоси онҳо ба Ёров айби нав эълон карданд. Дар ҳамин ҳол, Маҳкамов зимни тафтишот нишондод додааст, ки Ёров аз номи ӯ дар “Озодӣ” аз ноутбуки худаш мақола чоп кардааст.Вале дар суд мегӯяд, зери фишор Ёровро туҳмат кардаму аз ин кирдорам сахт пушаймонам.  Дар ҳамин ҳол, тафтишот матолиби ноутбуки Ёровро аз соли 2009 барқарор карда, дар он ҳич кадоме азин мақоларо наёфтааст. Акнун мегузарем, ба таҳлили матолиби номбаршуда, ки балои ҷони Ёрову Маҳкамов шудаанд. Сухан аз тавтиа (провокатсия)-и бегонагон меравад.

ТАВТИАИ БЕГОНАГОН - "БАЛОИ ҶОН"-и ХУДИҲО

Дар оғоз бояд таъкид кард, ки ба ҷуз як мақола матолиби дар боло зикргашта то ҳол дар Интернет дастрасанд ва ягон мақомоти тоҷик чопи раддия ё кӯшиши лағв кардани онҳоро аз шабака надоштаанд.

Матлаби якум "Муроҷиати донишҷӯёни Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон" 26-уми июни соли 2011 дар сомонаи "Иршод" нашр шудааст. Дар сомонаи мутаалиқ ба хадамоти ҷосусӣ, ё гуруҳи ифротии устувори номаълум, ки то ҳол фаъол аст ва ба ҳадде қавист, ки бо чандин забонҳо матлаб интишор медиҳад. Чаро хадамоти ҷосусӣ? Зеро коршиносон хуб медонанд, ки дар 10-15 соли ахир ягон пойгоҳи зиддиҳукуматӣ бештар аз чанд моҳ фаъол набудааст, аммо ин сомона баръакс.

Вижагии кори ин пойгоҳ аст, ки "хабарҳояшро" ба унвонии муҳаррирон, журналистон, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, сиёсатмадорону сиёсатшиносон аз тариқи почта низ равон мекунад. Мисли "Ҳизб-ут-таҳрир", ки ба ҳамин шева то ду-се соли пеш маҷалла паҳн мекард. Табиист, ки мухотабон ҳадди аққал як бор-ду бор ин мактубҳоро мекушоянд ва гоҳе мехонанд. Онҳое, ки дар истифодаи интернет аз нигоҳи маблағу трафик маҳдудият доранд, маъмулан маводҳои ба онҳо равон карданро боргирӣ мекунанд ё чоп менамоянд, то баъд хонанд. Яъне ба эҳтимоли зиёд он дар почта ё компютери даҳҳо ҳазор тоҷикистонӣ, бо шумули мансабдорони воломақом ҳаст. Онро хондан ё чоп кардан ба хотири хондан ҷиноят нест. (Алҳол ҷиноят нест, - “Нигоҳ”)

Матлаби дувум, "Муроҷиатномаи ҷунбиши "БАС" ба мардуми Тоҷикистон" ном дорад, ки 18 августи 2011 паҳн шудааст. "Ҷунбиш"-и вуҷуднадошта, ки хадамоти амниятии кишвар аз он хуб огоҳ аст. Вижагии ин "ҷунбиш", ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ онро як тоҷики муқими ИМА "созмон" дода будааст, ҳамин аст, ки чанд моҳ фаъол буду -4-5 "муроҷиатномаву" "изҳорот" пахш карда,  гум шудааст. Дар муҳити расонаиву сиёсии Тоҷикистон ин "ҷунбиш"-ро касе ҷиддӣ нагирифтааст. То ин дам низ ба назар мерасид, ки мақомот низ.

Матлаби сеюм, "Семь лет борьбы с банком. Таджикский предприниматель против шурина президента" аст, ки  21-октябри соли 2011 дар сомонаи "Фергана.ру" бо истинод ба расонаи расман ба қайди давлатӣ гирифташуда - "Озодӣ" бознашр шудааст.

Ин мақола тарҷумаи мусоҳибаи журналист Абдуқаюми Қаюмзод  бо Нуриддинхӯҷа Маҳкамов аст, ки пештар, аниқтараш 1-уми октябри соли 2011 дар сомонаи радиои "Озодӣ" нашр гашта, чунин ном доштааст: "Сад бор рафтам, Ҳасан Асадуллозода қабул накард".

Дар он Маҳкамов аз ҷониби дигари баҳс ва ҳукумат шадидан интиқод кардааст.

  Тавре маълум кардем, раҳбарияти "Ориёнбонк" вокунише ба ин матлаби "Озодӣ" надоштаанд. Ҷавоб нанавиштаанд, раддия ҳам талаб накардаанд. Ба дархости хаттии "Нигоҳ" дар "Ориёнбонк" гуфтанд, ки "...тибқи қонуни ҶТ "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" дар ин бора маълумот дода наметавонанд". Ин ҳам дар ҳоле, ки ин қазия ба фаъолияти бонкӣ рабте надорад.

Ҳарчанд "Нигоҳ" дар ин мақола ҳич мавриди халалдор шудани қонунгузории ҷориро пайдо накард, онро ба Шӯрои ВАО Тоҷикистон равон намудем, то коршиносони ин ниҳоди ҷамъиятии журналистӣ ба суоли "Оё дар мақолаи замимашуда мазмун ва муҳтавои дорои ғояҳои динӣ, экстремистию террористӣ: даъвати ошкоро ва пинҳонии барангезандаи кинаю адовати миллӣ, нажодпарастӣ, маҳалгароӣ ё динӣ; даъват ба ҷиҳод; даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон; даъватҳои оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экремистӣ вуҷуд дорад ё на?" посух гӯяд. Посухи мухтасар чунин аст: "... Надорад!".

Се матлаби дигар "Хоруг асоси импичмент" аз 19 августи 2011, "Эмомали Рахмон в отставку!" аз 1 -уми июни соли 2012 ва "Таджикистан накануне революции" аз силсилаи матолибе ҳастанд, ки хусусияти баръалои тавтиа (провокатсия)-и сиёсӣ доранд.

Барои мисол, мақолаи "Таджикистан накануне революции", ки дар сомонаи "Полярная звезда" 1-уми марти соли 2012 нашр шуда буд, зуд дар сомонаи наздик ба ВКХ Русия "Регнум" чоп шуд. Аммо баъди изҳороти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон РАҲИМОВ дар санаи 7-уми марти ҳамон сол пок карда шудааст.  Ёдовар мешавем, ки нашри ин матолиб ба замоне рост меояд, ки Русия фишори иттилоотиро сари Ҳукумати Тоҷикистон ба авҷи аъло расонида буд. Яъне, баҳор  ва тобистони соли 2012, чанд моҳ пеш аз баста шудани Созишномаи будубоши Пойгоҳи ҳарбии 201-и Русияи дар моҳи ноябри соли 2012.

"Нигоҳ" бар он аст, ки ин матолиб ҷузъе аз фишорҳои сиёсии доираҳои муайян мебошанд, на каму на зиёд. Бархӯрд ба ин гуна матолиб бояд дар доираи ҳамин фаҳмиш сурат гирад ва мақомот набояд аз онҳо бар зидди афроди алоҳида кор бигиранд. На Ёров, на Маҳкамов рабте ба онҳо надоранд.

Матлаби охирин ва шояд ҷиддитарин "Кто был никем, тот захватил все или почему Президент Таджикистана заслужил вотум недоверия" ном дошта,  21 апреля 2012 дар сомонаи "Фергана.ру" ба нашр расидааст. Сомонае, ки дар хидмати "неруи нарм"-и Русия мебошад. Дар ин матолиб сухан аз як фармони махфии ВКД меравад, ки гуё ба асоси “Протоколи 2030” таҳия шудааст. Хешовандони Ёров мегӯянд, ки тафтишот ва прокуратура махсус ба он диққат намедиҳанд, ки ғараз ва сабаби асосии қасдгирӣ аз Ёров фош нашавад.

Матлаб то ҳанӯз барои ҳамагон дастрас аст. Мақомоти Тоҷикистон лағв кардани онро талаб накардаанд. Мезасад, ки сари он алоҳида сухан кард, чун таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз он "дастак" шудааст, то Ёров ба ҷиноёти махсусан вазнин - ифротгароӣ гумонбар дониста шавад.

КӮШИШИ СИЁСИКУНӢ

Ин матлаб ба забони русӣ  иншо шуда, дар таърихи матбуоти миллӣ назир надорад. Он омехтаи талабҳои тиҷоратии Нуриддинхӯҷа Маҳкамов, иқтибосҳо аз ба ном "Протоколи 2030" ва оёти Қуръон бо забони русӣ аст. Мақола дар асоси номаи саркушодаи Маҳкамов сохта шуда, моҳирона сарлавҳа гузошта шудааст. Ҳатто як нигоҳи сарсарӣ ба матни он кифоя аст, ки маълум гардад: номаи боз кӯшиши дар асоси стратегияи адвокатӣ ба хотири фишор ба "Ориёнбонк" ва баргардонидаи маблағҳои Маҳкамов таҳия шуда, барои аҳамияти махсус додан ба он иқтибосҳо аз "фошкориҳои сиёсӣ" ва оёти қуръонӣ истифода шудааст.

Падари Ёров низ ба ҳамин фикр асту хеле мантиқӣ чунин изҳорӣ назар кард: "На Нуриддин донандаи Қуръон асту на Бузургмеҳр. Ҳардуяшонро ҳам то ҳоҷӣ шуданашон дар соли 2012 инсонҳои мазҳабӣ гуфта намешуд. Ҳарду муносибаташонро то ҳаҷравӣ бо алкогол пинҳон намекарданд. На инаш на ваяш матни русӣ навишта наметавонанд. Маҳкамов дар номааш иқрор шудааст, ки қисмати протоколи сабилмондаро аз сайти Звезда.ру гирифтааст. Ӯ дар ин мактубаш ҳукуматро танқид карда, ҲХДТ-ро аз ҲНИТ боло набинед, гуфтааст. "Пулҳоямро то рӯзи қиёмат талаб мекунам", - навиштааст. О, танқид ҷиноят нест-ку. Он вақт ҲНИТ экстремистӣ эълон нашуда буд, ки гӯем, ҳа, қонунро вайрон кардааст. Шумо- журналистон кобед, ки ҳамин сайти звезда.ру аз кӣ аст, таги кор маълум мешавад. Ба фикри ман, Маҳкамов хостааст  ба ин роҳ пулҳояшро аз "Ориёнбонк" гирад. Ақлаш мегирифт, ба сиёсати калон ҳамроҳ намешуд, лекин вайро ҳам фаҳмидан мумкин: мегӯянд, ин сардори оила аз нони хӯрдан дар 10 соли судбозӣ монда будааст. То ҷое ман медонам, "Ориёнбонк" бо Маҳкамов созиш кардаасту маблағҳояшро додаанд. Оштӣ, ки шудаанд ба сифати мукофот Асадуллозода ҳардуро ба ҳаҷ равон кардааст. Раҳмат ба ҳамон одам, ки созиш кардааст. Дигараш мешуд, намекард. Баъдан, азизонам, охир, пули худро талаб кардан гуноҳ набудагист-ку. Писари ман чӣ айб дорад, ки барои адвокати Маҳкамов шудану деларо бурдан бояд 20 сол зиндон шавад, панҷ бачааш ҳайрону саргардон?!! ". 

ИЗИ РУСӢ "БАЛОИ ҶОН"-И ТОҶИК

Таҳқиқи "Нигоҳ" нишон дод, ки сомонаи Звезда.ру мутаалиқ ба доираҳои ҳарбии Русия мебошад. Ин сомона нахустин шуда, аз номи журналист Сергей Строкан аз нашрияи "Коммерсантъ" аз мавҷудияти "Протоколи 32-20" санаи 1-уми марти соли 2012 иттилоъ пахш карда, нусхаҳои онро чоп кард. Он хабарро хеле аз пойгоҳҳои хабарии Русия зуд паҳн карданд. Аммо санаи 6-уми март шореҳи нашрияи "Коммерсантъ" Строкан ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав нома навишта, ба ӯ тааллуқ доштани ин мақоларо рад кард. Чанд рӯз баъд, Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кард. Хабаргузориҳои русие, ки ин хабарро паҳн карда буданд, раддия чоп карданд. Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов 20-уми март дар сомонаи "Азия-плюс" гуфт, ки "мақолаи Звезда.ру характери провокатсионӣ дорад", он "ба боз ҳам мураккаб кардани муносиботи байни ҳукумат ва ҲНИТ оварда мерасонад".

Ин мақола ва ҳаводиси чор (!) соли пешанд, ки акнун истифодаи чанд иқтибос аз онҳо барои Маҳкамов ва Ёров дар таҳия ва амалисозии стратегияи адвокатӣ "балои ҷон" шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷониби дигари баҳс -"Ориёнбонк" ҳич даъвое надорад.

Ҳамин тариқ, рӯшан шуд, ки Бузургмеҳр Ёров ба панҷ мақолаи интернетии ёдшуда рабте надорад.  Ҳич кадоми онҳоро нанавиштааст ва навишта наметавонист. Пас, чаро ӯро ба "ифротгароӣ" ва кӯшиши тағйир додани сохти конститутсионӣ бо роҳи зӯрӣ"  гумонбар медонанд? Шояд мухолифини фирорӣ ҳақанд, ки мегӯянд, барои таъсиси Кумитаи ҳифз аз боздоштшудаҳои ҲНИТ? Оё Кумита вуҷуд дошт? Тадқиқот нишон дод, ки чунин кумита аслан вуҷуд надоштааст ва аслан он шабу рӯз пайдо ҳам шуда наметавонист.

Аввал ин ки ягон санад ё протоколе вуҷуд надорад, ки таъсиси чунин як кумитаро тасдиқ кунад. Танҳо пешниҳоди таъсиси чунин як кумита аз забони адвокат Ёров садо додааст, аммо адвокати ҷасури дигаре барои таъсиси он ёфт нашудааст. Он шабурӯз вазъ то ҳадде сиёсӣ ва ҳассос шуда буд, ки натанҳо аз адвокатҳо, балки аз ғаюртарин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносону таҳлилгарони масоили сиёсӣ ҳарфе на дар матбуот ва дар расонаҳои дигар атрофи қазияҳои пурсарусадотарин шунидан номумкин буд. Аммо пайгирии ин масъала гуруҳи тадқиқотчиёнро ба чунин хулоса овард: вуҷуд доштани Кумитаи ҳифзи боздоштшудагони ҲНИТ дар он шабурӯз барои ҷонибҳои қазия: ВКД, Прокуратураи генералӣ ва ҲНИТ муфид ба назар мерасид. Ин буд, ки қазияи Бузургмеҳр Ёров тадриҷан ба Парвандаи № 1-и сиёсии Тоҷикистон табдил ёфт. Он ҳам бидуни ягон зарурат барои манофеъи давлатӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон, вале бо истифода аз номи ҳукумат.  Парвандае, ки маҳз бо сиёсӣ шуданаш барои ҳама дастандаркоронаш мушкилзо хоҳад шуд.

“Нигоҳ”, №26(509), аз 28-уми сентябри соли 2016

Назарҳо

офарин! Ана гап дар куҷо будааст

Шояд шумо суол ё назаре доред?