Парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон аз соли 2017 шуруъ мешаванд

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тошканд ва Душанбе аз нимаи аввали соли 2017 барқарор хоҳанд шуд.

Бино ба гузориши sputniknews-uz.com, раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон -- "Узбекистон ҳаво йулларӣ" Валерий Тян гуфтааст, ки онҳо омодаанд, то парвозҳо бо Тоҷикистон, аз нимаи аввали соли оянда оғоз кунад.

Раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон ҳамчунин гуфтааст, ки дар назар аст парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе дар ҷадвали тобистонии ин ширкат ҷой дода шаванд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон 2-юми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки масъалаи барқарории парвозҳо ба Узбакистон тарҳи имсола ва ё моҳҳои ахир нест ва Тоҷикистон дар гузашта низ борҳо ба ҷониби Узбакистон ҳамчунин пешниҳодро ироа карда буд, вале посухе дарёфт накард.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳанӯз дар заминаи баррасии азсаргирии парвозҳо миёни ду кишвар хабаре нест, вале Тоҷикистон аз ҳама гуна пешравӣ дар ин самт шод, хоҳад шуд.

Парвозҳо байни шаҳрҳои Узбакистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 1999, дар пайи ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти Сурхондарё, марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ карда, бо ин ҳамсоякишвар низоми раводид ҷорӣ намуд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?