Пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази Зафаробод қомат баланд кард

Бо ширкати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон нафар сокинону меҳмонони ноҳияи Зафаробод дирӯз, 12-уми сентябр муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ пардакушоӣ шуд. 

 Ин маҷтамаъ бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст. Аз ин маблағ барои сохтани муҷассама 2, 4 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Баландии мақбара 16 метр ва баландии муҷассама 6 метрро ташкил медиҳад.

 Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев, Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд.

Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, дар ин рӯз парчами миллӣ низ дар паҳлуи ҳамин пайкара барафрошта шуд, ки пояи он 26 метр баландӣ ва андозаи матои парчам 3,5 ба 7 метрро ташкил медиҳад. Пояи парчам аз ҷониби сохтмончиёни ноҳияи Зафаробод сохта шудааст.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат лоиҳаи маҷтамаъ бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами миллӣ аз тарафи Корхонаи фаръии давлатии «Лоиҳакаши вилояти Суғд» таҳия гардида, пудратчиён ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Сохтмон», «Само», «Ҳафтранг» ва «Манора-2014» мебошад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?