Пешгирӣ аз қочоқи 15 кг маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон

Дар маз бо Афғонистон мақомотиамниятии Тоҷикистон ба задухӯрди мусаллаҳона бо гуруҳи номаълуми афғон, ки ба қочоқи маводи миухаддир машғул буданд, рӯ ба рӯ шудаанд.

Бино ба расмӣ, 22-юми октябри соли равон кормандони раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар минтақаи тобеи дидбонгоҳи сарҳадии «Сипар»-и Отряди сарҳадии «Панҷ», убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо кормандони КДАМ ва сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, задухӯрди мусаллаҳона мекунанд.

Баъд аз фирори қочоқчиён ба тарафи Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз ҷои ҳодиса 15 кг маводи мухаддири бангдона, як адад яроқи оташфишони АКМ 47, тирдон бо 56 адад тир, воситаи алоқа (ратсия) дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳоло аз тарафи кормандони Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?