Пешгирӣ аз қочоқи сигарет аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Мақомоти тоҷик аз воридоти наздик ба 9 ҳазор қуттӣ сигарети тамғаи ESSE ба Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд.

Бино ба гуфтаи дафтари матбуоти Хадамоти гумрк, Давлатманд Гулов, ронандаи мошини боркаши тамғаи “ДАФ” дар зери халтаҳои шакар “8 900 қуттӣ, ки дар маҷмуъ 178 000 дона сигарети тамғаи ESSE- и истеҳсоли давлати Кореяро “устокорона” ҷойгир намуда, мехост бидуни ҳуҷҷатҳои лозима ва ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд”.

23-юми март дар гузаргоҳи гумруки Панҷи-Поён зимни муоинаи мошин далели интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамокугиро ошкор ва пешгирӣ кардаанд. Ронанда ин маҳсулотро аз Афғонистон мехост ба Тоҷикистон ворид кунад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?