Пешгӯии асосгузори Викиликс аз натиҷаи интихоботи президентии ИМА

Асосгузори Викиликс. Ҷулиян Ассанҷ бар он аст, ки Доналд Тромп, номзад ба мақоми президентӣ  дар ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ дар ин сабқат ғолиб нахоҳад шуд. 

Вай дар ин бора дар суҳбат бо расонаҳо изҳор кард. 

«Ба Тромп иҷозат намедиҳанд, ки ғолиб шавад. Чаро ман ба ин бовар дорам? Зеро гуруҳе аз нухбагон дигар ҷонибдори ӯ нест. Шояд ба истиснои масеҳиёни инҷилпараст, ки дар ин мавқеъ боқӣ  монда бошанд ва агар онҳоро аз ин ҷумла ҳисобидан мумкин бошад», — гуфт Ассанҷ.
Бино ба гуфтаи Ассанҷ, рақиби Тромп Хиллари Клинтон, аз ҳизби демократи ИМА аз ҷонибдории беҳтарин бархурдор аст. 

"Бонкҳо, хадамоти ҷосусӣ, ширкатҳои низомӣ, сармоягузорони хориҷӣ, тамоми инҳо дар атрофи Клинтон ҷамъ омадаанд. ВАО низ - соҳибони матбуот ва журналистон ҳам аз ҷумлаи ҷонибдорони хонум Клинтон мебошанд", — илова кард ӯ. 

Дар ибтидои моҳи октябри соли ҷорӣ Ассанҷ ваъда карда буд, ки ҳуҷҷатҳои давлатии дорои маълумоти сиррии марбут ба интихоботи президентии ИМА-ро фош хоҳад кард. 

Баъди ин ваъда Викиликс 18 мактуби электронии сардори Ситоди интихоботии Клинтон Ҷон Подестаро ифшо сохт. 

Дар моҳи июли соли 2016 Викиликс мактубҳои марбут ба Кумитаи миллии ҳизби демократи ИМА-ро бо Клинтон фош кард. Ин ҳуҷҷатҳо сирри тавтеаи ин ҳизбро дар нисбати номзади собиқи курсии президенти ин кишвар Берни Сандерс рӯйи об бароварданд. 

Демократҳо дар паси ифшои маълумоти сиррӣ изи Русияро меҷустанд, аммо Ассанж дар посух ба демократҳо гуфт, ки ин иддао беасос аст, вале аз ифшои манбаъи Викиликс худдорӣ  варзид.  

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?