Пешгӯии дигари БОР: Бозорҳои Осиёи Марказиро гаронӣ интизор аст

Бонки осиёии рушд (БОР) коҳиши суръати афзоиши Тавлиди нохолиси дохилӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро пешгӯӣ кард.

Ин бонк мегӯяд коҳиши суръати рушд бештар ба рукуди арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳон ва заъфи тавсеъаи иқтисодӣ дар Русия вобаста аст. Ҳамзамон бо ин тибқи арзёбии коршиносони БОР дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ таваррум суръат хоҳад гирифт. 

Ожонсии хабарии Reuters истинодан ба маърӯзаи солонаи БОР мегӯяд, рушди иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз соли 2016 ба ҳадди 2,1 дарсад суст хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки соли 2015 суръати рушди иқтисодӣ 2,9 дарсад коҳиш ёфта буд.

Бино ба гузориши БОР, соли ҷорӣ беш аз дигар кишварҳо мамлакатҳои содиркунандаи нафт дар минтақа, аз ҷумла Қазоқистон ва Озарбойҷон бештар зарар хоҳанд дид ва коҳиши нархи нафт ба иқтисоди ин мамолик бетаъсир нахоҳад буд.  

Бонки осиёии рушд ҳамчунин бар ин назар аст, ки аз сабаби беқурбшавии пули миллӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таваррум дар ин давлатҳо ба 10,8 дарсад мерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта сатҳи таваррум 6,2 дарсадро ташкил медод. 

Бино ба арзёбии БОР, нархҳо якбора дар ҳамаи мамолики минтақа боло мераванд. 

Таназзули иқтисодӣ ва беқурбшавии рубл дар Русия боиси он шудааст, ки аксари муҳоҷирони корӣ ба ватанашон баргарданд ва ё пардохти музди меҳнати онҳо ба мушкил рӯ ба рӯ шавад.

Коҳиши интиқоли пул аз Русия барои фақиртарин мамолики ин минтақа, бахусус Тоҷикистон таъсири мушоҳидашаванда гузоштааст. Коршиносони бонк мегӯянд, 45 дарсади иқтисоди Тоҷикистон аз интиқоли пул аз хориҷ вобаста аст. 

Поин рафтани қурби рубл дар Русия дар ҳамаи ҷамоҳири пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таъсир дошт. Аз ҷумла пули миллии Озарбойҷон тақрибан 50 дарсад қурби худро аз даст дод, тангаи қазоқӣ 45 дарсад, манати турманӣ 19, лари гурҷӣ беш аз 20, соми қирғизӣ 26, сомонии тоҷикӣ 24, суми узбакӣ 12 дарсад беқурб шуданд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?