Пешниҳоди ҷазоҳои сангин барои мубодилаи ғайриқонунии асъор

Бонки миллии Тоҷикистон барои онҳое, ки ғайриқонунӣ мубодилаи асъор мекунанд, ҷазои сангин пешниҳод кардааст.

26-уми январ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки бо ниҳодҳои дигари кишвар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятиро таҳия кардаанд.

Тибқи тағйиротҳои нав ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон минбаъд ҳар шахсе ки ба мубодилаи ғайриқонунии асъор даст мезанад ҳамаи маблағҳояш мусодира хоҳанд шуд. Инчунин, тибқи тағйиротҳои нав ки дар ҳафтаҳои наздик ба парламент пешниҳод мешавад, барои барои чунин амал то 9 сол маҳбас ҷазо пешниҳод шудааст.

Қаблан барои харидуфуруши ғайриқонунӣ 5 сол ҳабс таҳдид мекард.  Ҷарима барои саррофони ғайриқонунӣ низ то 10 маротиба зиёд мешавад.

Тағйиротҳои нав ба Кодекси ҷиноятӣ дар бораи харидуфурши асъор таҳия шуда, ба наздики аз ҷониби Ҳукумат ба парламент пешниҳод хоҳад шуд.

Тибқи омори БМТ, соли гузашта қурби расмии аз 5,30 сомонӣ то 6.99 сомонӣ ё 31.7 фоиз  паст шудааст. Қурби бозории он бошад аз 5.47 сомонӣ то 7.58 сомонӣ паст шудааст.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Бо чазодихи ин масъала хал намешавад, баръакс, бонки милли норозии мардумро ба миен меорад, ки ба нафъи давлату миллат нест. Бонк аввал худаш фоизхои хангуфташро кам кунад, зеро ба айби бонкхо беш аз 15 хазор точик аз кор даст кашиданд, бисерашон аз хонаву дару мошинашон бенасиб шуданд барои сари вакт натавонистани пардохти кредит. Вой бар холи мардуми мазлум, аз Худо имруз касе метарсида бошад?
Хами нурмухамадзодара бояд путин вазифа бта ки курси россия ба гуфти хдш ба эътидол биёрад ба ичарам соз меша. Я кас нест хаминора худшона 9 соли бта барои он ки худи банкхо намефурушан доллара фурушанам ба нархи куча мефурушан. Чамшедбой бисер худта нишон нате и корот фотдаи намиёра да тамоми дуне доллар боло рафтестай...
Ин кор рохи хал нест ту раис бонк гайр аз одам Махкам куне дигар чора натонисти адеша куни
15 хазор не, 25 хазор банкрот шуданд. Ин омори расми. Гайрирасми бештар кариб 40 хазор. Агар хар точир 5 аъзои оила дошта бошад,дар мачмуъ 200 000 нафар ба сафи факирон ворид шуданд.. Худ казоват, аниктараш рахм кунед, мухтарам банкирхо.

Шояд шумо суол ё назаре доред?