Пирӯзии бонуи таэквандочии 18-солаи эронӣ дар Рио

Кимиё Ализода, ки 18 сол дорад, дар мусобиқоти таэквандои Олимпиадаи Рио соҳиби медали бринҷӣ шуд.

Кимиё Ализода аввалин бонуи эронист дар таърихи ин кишвар, ки дар Олимпиада соҳиби медал мешавад.

Кимиё бар ҳарифаш ба ҳисоби 5:1 пирӯз шуд. Дар хабар гуфта мешавад, ки дар навбати аввал ҳам Ализода ва ҳам рақибаш соҳиби хол нашуданд, аммо варзишкори эронӣ дар раванди дуввум бар ҳисоби 2 бар 0 пеш рафт.

Дар раванди сеюм бошад, вай соҳиби се холи дигар шуд ва пирӯзиро дар мусобиқа ба даст оврад.

Дар таърихи 68 соли ҳузури Эрон дар бозиҳои олимпии ҷаҳон ин аввалин бор аст, ки як бонуи эронӣ соҳиби медали бринҷӣ мешавад. Кимиё Ализода қаблан бо ду пирӯзӣ ва як шикаст дар раддабандӣ роҳ ёфта буд.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?