Пирӯзии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи Чин

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар дидори дуввумаш дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё дастаи Чинро мағлуб кард.

Футболбозони то 19-солаи тоҷик шаби гузашта (18 октябр) дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн ба дарвозаи ҳамсолони худ 2 голи беҷавоб заданд. Ҳисобро дар дақиқаи сеюм Эҳсони Панҷшанбе боз кард ва дар дақиқаи 65 Нуриддин Ҳамроқулов голи дуввумро вориди дарвозаи Чин кард. 

Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 ҳамроҳ бо Узбакистону Чин ва Австралия шомили гуруҳи “D” аст. Дар бозии дигари ин гуруҳ мунтахаби Узбакистон тими Австралияро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. 

Яккачини ҷавонони Тоҷикистон дар аввалин бозиаш 15 октябр бо ҳисоби 1:2 аз тими Узбакистон мағлуб шуд. 

21 октябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн футболбозони тоҷик бо дастаи Австралия қувва меозмоянд. 

Дар Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016, 16 даста дар чор гуруҳ бо ҳам рақобат мекунанд: 

Гуруҳи “А”
Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ.

Гуруҳи “В”
Кореяи Шимолӣ, Ветнам, Аморати муттаҳидаи Араб, Ироқ.

Гуруҳи “С”
Қатар, Эрон, Ҷопон, Яман.

Гуруҳи “D”
Тоҷикистон, Узбакистон, Чин, Австралия.

Шояд шумо суол ё назаре доред?