Пирӯзии донишҷӯи тоҷик дар ҳакотуни Microsoft

Донишҷӯи тоҷик Аминҷон Абдуллозода дар ҳакотун (рақобат барои таҳияи нармафзор)-и ширкати Microsoft дар Лаҳистон соҳиби ҷои аввал шуд.

Ширкати Microsoft ин рақобатро бо иштироки ташкилотҳои лаҳистонӣ дар Варшава роҳандозӣ кардааст. Донишҷӯи тоҷик дар муддати 24 соат барномаи бозии компутериеро таҳия кард, ки дар миёни бегштар аз 25  тими ширкаткунанда беҳтарин ҳисобида шуд.

Барномаи компутерии “Лазер” ҷойи аввалро ишғол кард ва муаллифи он соҳиби сертификат ва ҷоизаи ташкилкунандагон шуд. 

Аминҷон Абдуллозода донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи шаҳри Вистулаи Лаҳистон аст, ки тибқи квотаи давлатӣ таҳсил мекунад.  

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

ана ба Тоҷикистон чунин донишҷӯён даркоранд. На донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки "бозича"-ҳои соддаро аз оҳанпораҳои чинӣ месозанду онҳоро дар намоишгоҳҳо монда таъриф мекунанд ва дар ТВ ҳам намоиш медиҳанд. Вай бозичаҳои донишҷӯёни Донишгоҳи технологиро кӯдак ҳам месоза, боз онҳоро бо забони пур "ихтироъ" ҳам меноманд.
Офарин Аминчон !
Tojnews як аник мекади, ки хамин талаба хатмкунандаи кадом мактаби миёнаи худамон бошад.
Dar shahri Kulob to sinfi 6 dar litsei 1 ba nomi Ismoili Somoni , bad az 7 to 11 Dar litsei tojiki turki shahri Kulob tahsilnkardaast.
Ин донишчуи точикро хатто ширкати бонуфузи "Microsoft" ба хамкори даьват кардааст. Ба Аминчони Абдуллозода муваффакиятхо таманно дорем.

Шояд шумо суол ё назаре доред?