Порлумони Афғонистон талаб кард, ки мақомот афзоиши ҳамлаҳои Толибонро шарҳ диҳанд

Афзоиши ҳамлаҳои Толибон ба Кобул ва навоҳии дигари Афғонистон намояндагони Маҷлисро нигарон кард. Дирӯз Маҷлиси Намояндагон фармондеҳони аршади артиши ин кишварро барои тавзеҳи вазъ ба ҷаласа хонд.

Гуфта мешавад, ки чанд ҳамлаи ахири маргбор дар Кобул, аз ҷумла ҳамлаи маргталабон ба Донишгоҳи амрикоӣ, дафтари як созмони кумаки байналмилалӣ дар минтақаи Кобули нав ва Ситоди артиши ин кишвар даҳҳо куштаву садҳо захмӣ ба ҷо гузошт.

Маҷлиси намояндагон вазири дифоъ Абдуллоҳ Ҷабинӣ, вазири умури дохила Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид ва чанде аз соҳибмақомҳои мақомоти қудратиро барои шарҳи вазъ даъват кардааст.

Дар пурсиши намояндагони маҷлис мақомоти интизомӣ посух додаанд, ки ҳар рӯз даҳҳо террорист ба мақсади анҷом додани амали терророистӣ вориди Кобул мешавад, вале аз инҳо танҳо 50-60 нафарашон боздошт мешаванд ва боқӣ ба амали худ комёб мегарданд.

Иддае ҳатто бар ин назаранд, ки як иллати сари вақт ҷилавгирӣ нашудан аз амали террористӣ шояд ин бошад, ки аз дохил бо ин гуруҳҳо ҳамкорӣ карда мешавад.  Гуруҳҳои террористӣ дар миёни мардум ва ҳатто миёни мақомоти амниятиву интизомӣ одамони худро доранд, ки фаъолиятҳои онҳо ҳамоҳанг ва ё барои вурудашон кумак мекунанд.

Зарфи як ҳафтаи гузашта Толибон дар вилоятҳои Тахор, Кундуз, Бағлон, Ҳилманд, Пактико даст ба ҳамлаҳои муваффақиятомез зада буданд. Ҳарчанд нерӯҳои давлатӣ аз бартарии худ дар набард бо Толибон иттилоъ медиҳанд, вале гузоришҳои расида аз он ҳикоят доранд, ки дар аксар манотиқи вилоёти номбурда шаҳру рустоҳо дар назорати Толибон боқӣ мемонад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?