Посухи Сайидюнуси Истаравшанӣ ба Шӯрои уламо дар бораи назарияи Дарвин

Сайидюнуси Истаравшанӣ ба фатвои ахири Шӯрои уламои Тоҷикистон бораи кафорат доштани фарзияи аз бузина пайдо шудани одами аввалин, ки Дарвин пешниҳод кардааст, посух дод. 

Фатвои Шӯрои уламоро, ки дар ҷавоб ба саволи яке аз корбарони сомонаи ин ниҳоди динӣ нашр шуда буд, Хабаргузори "Озодагон" дар як гузоришаш чоп карда буд.

Дар гузориши мазкур гуфта мешуд, "бо ояти Қуръон собит шудааст, ки одам аз хок офарида шудааст. Бинобар ин, касе онро дониста инкор кунад, кофир мегардад, аммо агар баъд аз он тавба кунад, мавриди омурзиши Худованд қарор мегирад..."

Сайидюнуси Истаравшанӣ дар мақолаи ҷавобияш гуфтааст: "Бо ин ки фатвои ин шӯро ба сурати мустақим нозир бар фарзияи Дорвин нест, балки мегӯяд, мусалмоне, ки аз хок будани инсонро инкор кунад, кофир хоҳад шуд, вале чун ин гуфтор дар посух ба пурсиш дар бораи фарзияи Дорвин оварда шудааст, аз ин рӯ метавон чунин бардошт намуд, ки гӯӣ ин шӯро дуруст донистани фарзияи Дорвинро аз назари ислом куфр медонад.

Аммо оё назари ислом воқеан чунин аст?

Ду се сол пеш дар ин мавзӯъ мақолае ба риштаи таҳрир дароварда будам, ки дар воқеъ нозир бар дидгоҳҳое назири дидгоҳи Шӯрои исломии Тоҷикистон аст. Ҳол, лозим донистам ҳамон мақоларо бознашр намоям.

Дар оғоз сазовор аст андаке дар бораи ин фарзия баҳс ба амал оварем.

Фарзияи фаргашт (ё такомул) чӣ мегӯяд?

[f96ba1] Такомул ё фаргашт, як фарзияи илмист, ки дар зистшиносӣ матраҳ шуда. «Фаргашт тавзеҳ медиҳад, ки чӣ гуна ҳайвонот ва гиёҳон тайи замоне тӯлонӣ тағйир ёфтанд ва чӣ гуна ба сурате ки имрӯза ҳастанд, расиданд.” (1)

Бар пояи ин фарзия, «инсони кунунӣ, ки бо номи илмии «инсони хирадманд” шинохта мешавад, аз «инсони ростқомат” (2) такомул ёфта ва инсони ростқомат ҳам аз «инсони моҳир” (3) такомул ёфта буд (ки имрӯза насли ин ду навъ инсон мунқариз шудааст)…” (4)

Бар асоси ин фарзия, гӯё шимпонзе, горил, бонобо ва орангутон «наздиктарин ҷондорони дар ҳоли ҳаёт ба инсонҳоянд. Бо ин ҳол, инсон аз ҳеч як аз онҳо такомул наёфтааст ва масири такомулии мо ва онҳо милюнҳо сол пеш аз ҳам ҷудо шудааст. Аз миёни онҳо, шимпонзе ва бонобо ду гунаи наздиктар ба инсонанд.” (5)

Ин буд мухтасаре аз он чӣ фарзияи такомули инсон мегӯяд, ки нахустин бор тавассути Чорлз Дорвин матраҳ шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ин дидгоҳ, агарчи мӯътақидонаш ба он назария мегӯянд, аммо ҳанӯз дар ҳадди як фарзияи илмӣ матраҳ аст ва дурустиаш ба далоили муҳкам ва раднопазир собит нашуда, вале шавоҳид ва қароини илмие дар даст аст, ки нишон медиҳанд, аз миёни тамомии фарзияҳои матраҳ дар илми зистшиносӣ, феълан ҳамин фарзия, мақбултарин дидгоҳ (аз назари илмӣ) дар ин замина ба шумор меравад.

Оё ин фарзия (дар сурати дурустӣ) бо додаҳои динӣ мунофот дорад?

Бархе аз динбоварон (чи масеҳӣ ё яҳудӣ ва ё мусалмон) бар ин боваранд, ки фарзияи такомули Дорвин, бо маориф ва додаҳои динӣ мунофот дорад. Инон, дониста ё нодониста, мӯътақиданд, ки дин (аз ин пас муродам аз дин, фақат ислом аст), дар мавриди пайдоиши инсон дидгоҳе ҷудогона дорад ва ғайри он чизест, ки ҷаноби Дорвин ва дорвинистҳо дар ин замина матраҳ мекунанд. Ба сухани дигар, инон мӯътақиданд, инсоне ки ҳаминак мебинем, аз оғоз ба ҳамин сурат офарида шуда ва бар хилофи дидгоҳи Дорвину дорвинистҳо, ҳеч тағйиру таҳаввуле дар навъи инсон рух надодааст. Инсонҳои кунунӣ ҳамагӣ аз як инсоне ба номи ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво (а) падид омадаанд.

На танҳо худи динбоварон, балки хусумашон аз моддигароҳо низ, бо истинод ба гуфтаи динбоварон, мӯътақиданд, ки дин дар заминаи пайдоиши инсон, дидгоҳе хилофи назари Дорвин дорад ва он ҳамон аст, ки ишора шуд.

Ҳол, пурсиш ин аст, ки агар рӯзе дар натиҷаи таҳқиқот ва кандуковҳои илмии бештар, барои одамӣ сад дар сад собит бишавад, ки фарзияи ҷаноби Дорвин ва дорвинистҳо дуруст будааст, ва ба сухани дигар, агар рӯзе ин фарзия аз ҳадди як фарзия будан хориҷ ва ба як назарияи илмии раднопазир табдил ёбад, таклиф чист?

Оё динбоварон дар додаҳо ва маорифи илоҳӣ тардид раво дошта ва ба кулли аз он даст бардоранд; ба ин далел, ки дин «сухани нодуруст” гуфта будааст? Ё на, балки сар поин кунанд ва аз ҳар он чӣ илм ба армуғон меоварад, чашм бибанданд?

Дар торих намунаҳое дорем. Пеш аз инқилоби илмӣ дар Урупо (реннесанс), динбоварони масеҳӣ бо истинод ба порае аз тафсирҳои Аҳди Қадим (на матни он, балки тафосири он), бар ин бовар буданд, ки замин мусаттаҳ аст ва бар шохи гове азимҷусса ва он гов бар пушти наҳанге бузургандом қарор дорад ва ғайра аз ин қабил асотир… Ва аз он ҷо ки ин дидгоҳи ғалат, дар матни кутуби илоҳӣ роҳ ёфта буд (аз тариқи муфассирони китоби муқаддас), вақте касе дидгоҳе хилофи он матраҳ мекард, қатъан дар зумраи «мулҳидон” ва «душманони дин” қарор мегирифт. Ва дар воқеъ чунин ҳам шуд. Вақте донишмандоне чун Коперник, Голилей ва Бруно дидгоҳҳое бар хилофи он чӣ дар кутуби муқаддас аст, матраҳ карданд, на танҳо «мулҳид” хонда шуданд, балки бархе аз эшон зинда дар оташ сӯзонда шуданд.

Бар хилофи мусалмонони он замон, ки ҳаргиз назири чунин дидгоҳҳое илмӣ пойи ононро налағжонд, ҳарчанд дар порае аз тафосири исломӣ низ, ба ривоятҳое (маъруф ба ривоятҳои исроилӣ) бармехӯрем, ки дар онҳо аз ин навъ чарандиёт оварда шудааст. Ба унвони намуна, дар яке аз тафосир дар тафсири яке аз оёт, ривояте (исроилӣ) ба ҳамин мазмун (ки гӯё замин мусаттаҳ аст ва бар шохи гове азимҷусса ва он гов бар пушти наҳанге бузургандом қарор дорад) нақл шудааст. Чаро? Зеро ки мусалмонон нек огоҳ буданд, ки тафсир ғайр аз матни худи китоби илоҳӣ мебошад. Муфассир чунон тафсир мекунад, ки худ мепиндорад, на он чунон ки воқеият чунон аст.

Ҳол, дар хусуси пайдоиши навъи инсон, маорифи исломӣ бавижа Қуръони Карим ва ё ривоёти саҳеҳа чӣ мегӯянд? Оё дар Қуръону суннат, дар бораи чигунагии пайдоиши инсон ва мароҳиле, ки инсон тай кардааст, ба сароҳат (на ба ишорат) чизе гуфта шудааст?

Пеш аз посух ба ин пурсиш, лозим аст матлаберо ба унвони муқаддима тавзеҳ бидиҳам, ва он, дар бораи ин аст, ки Қуръони Карим оё як китоби илмӣ аст; масалан китоби фалсафа аст, ё физик аст, ё шимӣ, ё риёзӣ ва ғайра..? Ё на, балки дар айни ин ки шояд дар ин китоб ба матолибе аз ин улум ишора шудааст, аммо китобе нест, ки мо аз вай интизор дошта бошем бароямон фарзиёт ва назарияҳои илмиро матраҳ кунад?

Қуръони Карим, китоби ҳидоят ва роҳнамоист

Посух он ки Қуръони Карим, на китоби фалсафа аст, на физик аст, на китоби шимӣ аст, на китоби риёзӣ ва на китоби зистшиносӣ, ки масалан бароямон дар бораи мароҳили пайдоиши инсон сухан бигӯяд, аммо дар айни ҳол, ба роҳнамоӣ дар заминаи улум (аз ҷумла зистшиносӣ) пардохта.

Агар бихоҳем рисолат ва ҳадафи ниҳоии Қуръони Каримро дар як калом хулоса кунем, бояд бигӯем, Қуръони Карим (ва ҳамчунин суннат), китоби роҳнамост; роҳнамоӣ ба сӯи ҳар он чӣ мояи саодати башар дар дунё ва охирати ӯст:

«Моҳи Рамазон, ки дар он Қуръон фурӯ фиристода шуда, ки роҳнамое барои мардум ва нишонаҳое рӯшан аз раҳнамунӣ (ба роҳи рост) ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст…”(Бақара/185)

«Ин китоб, ҳеч шакке дар он нест, роҳнамои парҳезгорон аст.” (Бақара/2)

«Ин китобро, ки бовардорандаи китобҳои пешин аст, ба ростӣ ва дурустӣ бар ту фурӯ фиристод, ва Таврот ва Инҷилро пеш аз он фурӯ фиристод, барои роҳнамоии мардум…” (Оли Имрон/3 ва 4)

«Ҳамоно ин Қуръон ба ойине дурусттар ва устувортар роҳ менумояд…” (Исро/9)

Барои наздиксозӣ ба зеҳн, метавон Қуръонро ба қонуни асосии як кишвар ташбеҳ кард (фақат барои наздиксозӣ, на ин ки ташбеҳ карда бошем). Пас, чунонки қонунии асосии як кишвар муддаъист шаҳрвандони ҷомеаро ба сӯйи роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад, ҳамин тавр Қуръони Карим низ, вазифааш роҳнамоӣ ва ҳидояти мардумон ба сӯйи роҳи рост ва дуруст аст; роҳе, ки ононро ба саодат мерасонад.

Дар заминаи улум низ, чунон ки қонуни асосӣ як китоби баёнкунандаи назарияҳои илмӣ дар улуми мухталиф нест, аммо дар айни ҳол, шаҳрвандонро ба сӯйи фарогирии улум ва тасдиқи ҳар он чӣ улум ба армуғон меоварад, роҳнамоӣ менамояд, ҳамин тавр Қуръони Карим низ, дар айни он ки як китоби илмии хоссе нест, вале мардумонро ба сӯйи фарогирии дониш фаро мехонад; чаро ки як китоби роҳнамост; роҳнамоӣ ба сӯи ҳар он чӣ мояи саодати башар дар дунё ва охират аст. Ва фарогирии улум низ, саодатро барои одамӣ дар дунё ва охирати ӯ фароҳам месозад.

Албатта, фарқаш бо қавонини башарӣ дар он аст, ки қавонини башарӣ чун ҳосили талоши худи башар аст ва инсонҳо тавони пайрезии як қонуни ҷомеъ ва барои тамомии замонҳо ва маконҳоро надоранд, ки аз ҳамин рӯ ҳамвора дастхуши тағйиру таҳаввуланд, аммо Қуръони Карим (ва ҳамчунин суннат) чун маншаъи илоҳӣ дошта ва аз сӯйи офаридгори огоҳ фурӯ фиристода шудааст, бинобар ин, ҳамвора салоҳияти иҷро дар ҳар замон ва маконро дорад ва ҳаргиз дастхуши тағйиру таҳаввул намегардад; зеро бар пояи фитрат ва сиришти башарӣ тарҳрезӣ шуда.

Ва ин ки Қуръони Карим нахустин ояти худро бо калимаи «Иқраъ” (Бихон) оғоз мекунад, маънои онро дорад, ки ислом ба фарогирии дониш аҳаммияти фаровоне қоил аст. Ин ки Паёмбари Акрам (с) мефармоянд, «Аз гаҳвора то гӯр дар талаби дониш бошед”, ва ё «Талаби дониш барои ҳар марду зани мусалмон фарзи айн аст”, ва ё ин ки «Дониш биталабед гарчи дар Чин бошад” ва ғайра, мутазаммини ду роҳнамоии муҳим аст: яке он ки аз дидгоҳи ислом, талаби дониш дар саодати башар дахил аст ва бояд ба дунболи дониш буд. Ва дигар он ки ҳар он чӣ илм бароятон гуфт, бипазиред.

Аммо ин ки аз Қуръону суннат интизор дошта бошем, бароямон ба назарияпардозӣ дар улум бипардозад, ва ба иборати дигар, аз Қуръону суннат интизор дошта бошем «оши тайёр”-ро дар ихтиёри мо бигузорад, ба ин маъност, ки ислом танбалпарвар аст; намехоҳад худи мо ба монанди дигарон талош кунем, балки «оши тайёр” дар ихтиёри мо таҳвил бидиҳад.

Ислом мегӯяд, дониш биёмӯз ва худат заҳмат бикаш, ва чунонки дигарон заҳмат кашиданд ва бо донишандӯзӣ имрӯза то Миррих рафтанд, ту ҳам заҳмат бикаш, на ин ки биншинем ва аз ислом интизор дошта бошем, худаш бароямон назарияҳо ва фарзияҳои улумро баён бидорад.

Хулоса, ислом дар заминаи улум, фақат ба роҳнамоӣ мепардозад, ки илм биёмӯз, на ин ки ба назарияпардозӣ бипардозад ва аз мусалмонон муште одамони танбал ба бор оварад.

Ҳол, бармегардем ба асли мавзӯъ.

Дар хусуси пайдоиши инсон, Қуръони Карим ва ё ривоёти саҳеҳа чӣ мегӯянд?

Ғоят чизе, ки дар ин замина дар Қуръони Карим ва ё суннат гуфта шуда яке он аст, ки инсонҳои кунунӣ, ки дар рӯйи замин мезиянд, ҳамагӣ аз як нафар ба номи Одам (а) ва Ҳавво (а) падид омадаанд ва Одам (а) халифа ва ҷонишини Худо дар рӯйи замин қарор дода шуд ва фариштагон маъмур ба саҷда дар баробари ӯ шуданд ва он гоҳ ҳамагӣ дар муқобили ӯ сар ба саҷда ниҳоданд ҷуз Иблис, ки худдорӣ намуд ва бад-ин ҷиҳат аз даргоҳи Худованди Мутаол ронда гардид. Ва матлаби дигар он ки инсон, аз хок офарида шудааст.

Аммо ин ки ҳазрати Одам (а) чӣ гуна аз хок офарида шуд ва офариниши ӯ аз назари замонӣ чӣ муддат аз замонро фаро гирифт, ки оё як рӯз буда ё ҳазор сол буда ва ё милюнҳо сол будааст, ва ҳамчунин, инки Одам (а) кай ба унвони халифа ва ҷонишини Худо баргузида шуд; оё ба маҳзи офарида шудан ё баъд аз тайи мароҳиле, Қуръони Карим мутаъарризи ин масоил нест ва асосан вазифаи Қуръони Карим (ки гуфтем, ҳидоят ва роҳнамоӣ аст) ин нест, ки бароямон ин масоилро баён кунад. Зеро ин кор дигар ба ӯҳдаи худи башар аст, ки ба таҳқиқ дар ин замина бипардозад ва чунонки дар Ғарб деринмардумшиносон ба кандуков дар ин маҷол пардохтаанд, мо низ бояд мисли онон камар бибандем ва ба кандукови илмӣ бипардозем ва биравем мисли дигарон устухонҳо ва осори барҷоймонда аз дериниёнро мавриди баррасӣ қарор бидиҳем ва бибинем ҳақиқат аз чӣ қарор аст.

Пас, дар куҷои Қуръони Карим ва ё суннат ба сароҳат ишора ба назарияе шудааст, ки хилофи он чиро ки Дорвин ва ё соири зистшиносон мегӯянд, бигӯяд? Балки баръакс, дар Қуръони Карим ва порае аз ривоёт, ишороте ҳаст, ки ба наҳве дидгоҳи амсоли Дорвинро собит мекунад. Масалан, онҷо, ки Худованд барои фариштагон аз таъйини ҳазрати Одам (а) ба унвони халифа ва ҷонишини худ дар рӯйи замин хабар медиҳад ва фариштагон арз мекунанд, ки «Оё касеро дар рӯйи замин (ҷонишини худ) қарор хоҳӣ дод, ки табоҳкорӣ кунад ва хунҳо бирезад?”, бархе аз муфассирон бо истинод ба бархе ривоёт, гуфтаанд, ки пеш аз ҳазрати Одам навъе аз мавҷудот шабеҳи Одам дар рӯйи замин буданд, ки ба фасодкорӣ ва ҳунрезӣ мепардохтанд, бинобар ин, фариштаҳо бо таъаҷҷуб пурсиданд, ки оё шабеҳи ҳамин мавҷудотро халифа ва ҷонишини худ дар рӯйи замин қарор медиҳӣ?

Хуб, суол ин аст, ки он мавҷудот чӣ мавҷудоте буданд, ки фариштагон ҳазрати Одам (а)-ро ба онҳо ташбеҳ мекунанд? Оё эҳтимол намеравад, ки «инсони ростқомат” ва пеш аз ӯ «инсони моҳир”, ки дорвинистҳо мегӯянд ва мӯътақиданд наслашон мунқариз шудааст, ҳамонон бошанд?

Камина муддаъӣ нестам, фарзияи Дорвин як фарзияи сад дар сад дуруст аст. Ҳаргиз. Аммо бутлонаш ҳам ҳанӯз собит нашудааст ва чӣ басо дуруст бошад. Дорвин як фарди худобехабар ҳам набуд, тарҷумаи ҳолашро бихонед, як одами комилан худобовар буда. Бандаи Худо қасам ҳам нахӯрда буд, ки ҳатман чизе бигӯяд, ки хилофи дин бошад. Балки камар баст, заҳмат кашид, таҳқиқ кард ва натиҷаи таҳқиқоташро арза кард; албатта на ин ки аз пеши худаш чизе бофта бошад, балки шавоҳиду қароине барои иддаъоҳояш матраҳ мекунад.

Агар мо худ камар бибандем ва таҳқиқ анҷом бидиҳем ва шавоҳиде ба даст оварем, ки бар хилофи фарзияи Дорвин будааст, он гоҳ месазад, ки ба амсоли Дорвину дорвинистҳо бигӯем, ба ин далелу он далели илмӣ, шумо иштибоҳ мекунед, на ин ки Қуръони Каримро ба миён гузорем ва бо истинод ба он (ки гуфтем, Қуръони Карим ба сароҳат дар ин замина чизе нагуфтааст) бигӯем, шумо нодуруст мегӯед, чун Қуръон чизе дигар гуфтааст!

Чаро ки агар рӯзгоре фарзияи Дорвин дуруст аз об дарояд ва он гоҳ мардумон бигӯянд, пас — наузу биллоҳ — Қуръон нодуруст гуфта будааст, дар он сурат, ин мову шумоем, ки дар натиҷаи дуруст нафаҳмидани Қуръони Карим, чизеро бар он таҳмил кардаем, ки пиндори азҳони худамон будааст ва гуноҳони он ва низ гуноҳи бадбинии мардумон нисбат ба Қуръони Карим низ бар ӯҳдаи мо хоҳад буд, чунон ки масеҳияти қуруни вусторо чунин сарнавиште домангир шуда буд.

                                         Сайидюнуси ИСТАРАВШАНӢ, Кимиёи Саодат

Пайнавиштҳо:

(1) Mayr, Ernst, What evolution is, Harvard.

(2) Инсони ростқомат бо номи илмии Homo erectus, яке аз гунаҳои инсон буд. Ин инсон дар Офриқо такомул ёфт ва сипас ба беруни Офриқо муҳоҷират кард. Фасилҳои ӯ дар шарқи Осиё ба даст омадааст. Имрӯза бовари бархе аз деринмардумшиносон ин аст, ки гунаи инсони хирадманд аз инсони ростқомат такомул ёфтааст. Қидмати фасилҳои ба даст омада аз инсони ростқомат бозаи 1,9 миллион то 27,000 солро шомил мешавад.

(3) Инсони моҳир бо номи илмии Homo habilis, яке аз гунаҳои сардаи инсон буд, ки наздик ба 2 миллион сол пеш дар шарқи Офриқо мезист.

(4) http://wikipedia.org/

(5) Ҳамон манбаъ.

Назарҳо

точнюз монда набошед! Чаноби сейди бузургвор эшони чалилулкард истаравшани. Шумо худро дасти кам нагиред сохибназар хастед ва чойгохи ичтимои доред.. Ман хайронам ки чаро зери чатри нахси кабири меравед ва аз у таьрифу тамчид менамоед.... Аз у дури чуед шуми майдонзои ичтимоии худро фатх намоед Бо татриф ва тамчид аз чай майдонхои фаткардаи худро харруз аз даст медихед.
Сайидюнус ба фарк аз дигар нимчамуллохо, ки хунару дониши кофи надоранд, дуст медорад, ки чуволи холиро рост кунад. Албатта, ба чуз аз бахси масоили асоси дигар фикрхояш мантикиянд. Аммо дар масъалаи мавриди бахс. Охир, хазрати Одам хамчун нахустин инсон дар китобхои илохи омадааст, холо чи гуна мешавад, у идомаи одамони росткомат ва мохир бошад??? Агар фарзан идомаи онхо хам бошад, ин хилофи омузахои Куръон аст, чунки Одамро (хамон инсони хирадмандро, ки мисли мо буд) аз хок офариданд, на одамчахои росткомат ва мохирро. Ошкор аст, ки Сайидюнус худ далеле дуруст барои кушиши хамхон ё наздик кардани фарзияхои илми ва умуман илми дунявиро бо хидоятхои куръони надорад ва дар натича хам аз имони мусалмонон кам мекунад (бо ба миён кашидани шубхахо) ва хам бар тамасхури олимони дуняви меафзояд. Як намунаи дигари чуволихолиросткунии домулло Истаравшани хамон бузургкунии синни Оиша дар шаби зифоф бо паёмбар асСайидюнус ба фарк аз дигар нимчамуллохо, ки хунару дониши кофи надоранд, дуст медорад, ки чуволи холиро рост кунад. Охир, хазрати Одам нахустин одам дар китобхои илохи омадааст, холо чи гуна мешавад, у идомаи одамони росткомат ва мохир бошад??? Агар фарзан идомаи онхо хам бошад, ин хилофи омузахои Куръон аст, чунки Одамро (хамон инсони хирадмандро, ки мисли мо буд) аз хок офариданд, на одамчахои росткомат ва мохирро. Ошкор аст, ки Сайидюнус худ далеле дуруст барои кушиши хамхон ё наздик кардани фарзияхои илми ва умуман илми дунявиро бо хидоятхои куръони надорад ва дар натича хам аз имони мусалмонон кам мекунад (бо ба миён кашидани шубхахо) ва хам бар тамасхури олимони дуняви меафзояд. Як намунаи дигари чуволихолиросткунии домулло Истаравшани хамон бузургкунии синни Оиша дар шаби зифоф бо паёмбар аст, ки ин бахси дигар аст.
Эҳ ин шиа боз тарафдори Дорвин ҳам ҳаст. на балки мехоҳад ба доираи илмии академияи тоҷик роҳ ёбад. ба ин хотир ҳатто дар Қуръон зиёд ҳам карданист Дар куҷои Қуръон омада бошад, ки пеш аз Одам (а.с.) як махлуқи ШАБЕҲ БА ОДАМ буд. дар Қуръон омадааст: а таҷъалу фиҳо ман юфсиду фиҳо ва ясфикуд димо. Оё дар замин меофарӣ касеро ки дар он фасоду хунрезӣ намояд. Агар калимаи "ман", ки тарҷумаи он КӢ мешавад, ба уқало бурда шавад, ба маънои каси оқил гирифта ҳам шавад, аз он даъво ба исбот намерасад.
Оғои Саидюнус хеле мантиқӣ сӯҳбат мекарданду инҷо андак бемантиқ ҳарфҳое навиштаанд. Магар Аллоҳ дар ҚУРЪОН хабар надода, ки дунё ва махлуқоташро комил офарида? Хосса дар хилқати мукаррамтарини махлуқоташ воқеъ барои такомул гузоштааст? Такяи зиёд ба ақлу мантиқ ҳам касро бероҳа мекунад, ба ифрот наздик мекунад. Дорвин пайдоиши ҷумла мавҷудоти зиндаро аз худтакмили батадриҷи соддатаринҳои якҳуҷайра медонад, ки ин ақидаи холиқи мавҷудот будани Худоро зери шубҳа мегузорад, агар инкор накунад. Дар даҳсолаҳои охир бархе аз худи олимони дунявй назарияи Дорвинро зери суол бурда ва ба якбора пайдо шудани махлуқот (яъне офарида шудани онҳо аз ҷониби Худо) бештар бовар карда ва онро собит карда истодаанд....
Одам дар замин ҷонишини Худованд нест, балки ҷонишини махлуқотест, ки қабл аз ӯ дар замин зиндагӣ мекардаанд ва Худованд онҳоро аз байн бурдаву ба ҷояшон одамро ҷойгузини онон халқ кардааст. Дар матни Қуръон наомадааст, ки Худованд фармуда бошад "Одамро ҷонишини худам қарор медиҳам", балки фақат лафзи "ҷонишин" ба кор бурда шудааст. Бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ кард, ки ҷонишни ҳар чизе аз ҷинси худаш қарор дода мешавад, аммо Худованд на ба чизе аз махлуқоташ монанд аст ва на чизе аз махлуқот монанди Худованд аст, балки ин як фаҳми нодуруст аз оя мебошад, ки Худованд одамро дар замин "ҷонишини худ" қарор дода бошад. Махлуқ ба ҳеҷ унвон намеиавонад ҷонишини Холиқ бошад. Ва он махлуқе, ки қабл аз одам дар замин мезистааст, ба таври қатъ ва яқин аз ҷинси одам набудааст вагарна хабари халқ шудани Одам аз ҷониби Офвридгор ба фариштагон хабари тозае намебуд, ки ононро ба шигифт оварад. ва ин ду чизи аз ҳам ҷудо мебошанд. "Файласуфи" муҳтарам ё худ намефаҳмад ё дигаронро амдан ба иштибоҳ мекашонад. Худо ҳидояташ кунад.
Хеч шакле бе хаюло (материя) кобили сурат нашуд, Одами пеш аз он, ки одам шавад бузина (маймун) буд. Мирзо Абдулкодири Бедил.
* АЗ ИН МАКОЛА ДУ ХУЛОСА КАРДАМ: 1. ИН МАРДАК 100% ХУДАША АЗ МАЙМУН ПАЙДОШУДА НАДОНАД ХАМ ВАЛЕВУ АММОВУ ШАККЕ ДОШТААСТ: " ...Камина муддаъӣ нестам, фарзияи Дорвин як фарзияи сад дар сад дуруст аст. Ҳаргиз. Аммо бутлонаш ҳам ҳанӯз собит нашудааст ва чӣ басо дуруст бошад.....". 2. ШОЯД БО ШАФ-ШАФ АТРОФИ ИН АФСОНАИ ГУЁ ИЛМИИ ДАРВИН ХУДРО БА ЯГОН ГУРУХ Ё МАКОМИ ЪОЛИМИ ЧАСПОНДАНИСТ, ЯЪНЕ ЧОИ ПО ДУРУСТ КАДОС.....,
Одамизот на аз маймуну на аз хок пайдо шудаст... Одамизот аз... ( гуфтахои шоири махбубамон Саидали Вализода) ба хакикат наздиктар аст. Ебеду хонед ва сафсатаи зиед нагуеду сари мардумро гаранг накунед!
ин хама фалсафахоеанд ,ки сари мардуми оддиро гаранг карда ,ба чанчолхои бемаъни мебарад,ХУДОРО якка донеду Пайгамбарро расули у ва намозу руза,хайру закотро агар тавонои дошта бошед хачи хонаи худоро ба чо биёр боки хам хеч аст,Назарияхои илми ин фалсафахоеанд,ки хар олим ё донишманд ба тарзи фахмиши худаш мефахмад, Ихтирооткори кунед,ки мардум бекор нагарданд,ба гуфтахои Шумо шиками мардум сер намешавадКУЛОБ

Шояд шумо суол ё назаре доред?