Президент дар Хуҷанд ду корхонаи истеҳсолӣ ва як зеристгоҳро ифтитоҳ кард

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти ду корхона ва як зеристгоҳ оғоз бахшид. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, яке аз корхонаҳо ба коркарди чубу тахта ва дигарӣ барои анҷоми корҳои ресандагӣ ва бофандагӣ равона шудаанд.

Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон”  бо маблағи 2 миллион сомонӣ сохта шуда, коркарди солонаи он 4,5 ҳазор тонна нахи пахта мебошад.

Корҳои навсозии корхона бо дастгирии ширкати олмонии БИМЭКО сурат гирифта, дар як сол дар ин ҷо ба маблағи 35 миллион сомонӣ риштаи пахтагин истеҳсол карда мешавад. Дар навбати аввал 350 нафар занҳои хонашин бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Корхонаи коркарди чубу тахтаи “Арча” дар назди ҶДММ “Фортуна ва компания” дар зарфи якуним сол ва бо харҷи 12 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Дар ин корхона зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар маҷмӯъ иқтидори солонаи корхона коркарди 250 ҳазор метри мураббаъ чӯбу тахта буда, дар як сол ба маблағи умумии 7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Баъди пурра ба кор даромадан корхона ин нишондод ба 12 миллион сомонӣ хоҳад расид.

Дар корхонаи “Арча” ҳамчунин барои хушк кардани чӯби воридшуда технологияи муосир насб гардиааст, ки бо он давоми як моҳ метри мукаъаб ашёи хоми воридшуда барои коркард омода карда мешавад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ифтитоҳи расмии зеристгоҳи барқии “Ваҳдат” ширкат кард. Ба гуфтаи масъулини шаҳри Хуҷанд зеристгоҳи барқии “Ваҳдат” бузургтарин иншооти нави энергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ин шаҳр аст.

Ин зеристгоҳ бо харҷи 4,5 миллион евро маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи се бонки аврупоии мададрасон- Бонки навсозӣ ва рушди Аврупо, Бонки сармоягузории рушд ва Комиссияи иқтисодии Аврупо бунёд шудааст. Дар маҷмуъ барои сохтмони ин зеристгоҳ, насби ҳисобкунакҳо ва беҳсозоии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз ҳамин сарчашмаҳо ҷудо намудани 22 миллион евро пешбинӣ шудааст.

Зеристгоҳи барқии 110/10 кВ «Ваҳдат» бо 2 трансформатори ҳар кадоме 16 мегаватт дар доираи лоиҳаи «Паст намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» бунёд ёфтааст.

Copyright @2015 TojNews  

Шояд шумо суол ё назаре доред?