Президент: Низоми кредитии таҳсилот дар як қатор донишкадаҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ аст

Президент Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, “ҳоло ҳам низоми кредитии таҳсилот дар як қатор донишгоҳу донишкадаҳо бо мушкилот рӯ ба рӯст.”

1-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Донишгоҳи давлатии Данғара гуфт,  “гарчанде ислоҳот дар ин самт идома дорад, вале сатҳу сифати кадртайёркунӣ аз рӯи баъзе ихтисосҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.”

Ба гуфтаи Президент, “дар тарзи азхудкунии фанҳои тахассусӣ камбудиҳо мушоҳида шуда, баъзе хатмкунандагон ба талаботи меъёрии стандартҳо ҷавобгӯ нестанд. Салоҳиятнокии касбӣ барои як қатор ихтисосҳо то ба ҳол таҳия нашуда, меъёрҳои он муайян нагардидаанд.”

-Ҳамчунин, дар ин зинаи таҳсилот вақти аз миқдор ба сифат гузаштан расидааст ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи ихтисосҳо таъмин намоянд.

Инчунин, ба ҷойи ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнат рақобат надоранд, самтҳои барои иқтисоди миллии кишвар заруриро ҷорӣ намоянд.

Дар ин зинаи таҳсилот усулҳои таълими инноватсионӣ беҳбудӣ мехоҳад ва ин раванд бояд тамоми низоми таҳсилот ва ҷараёни таълимро дар бар гирад,-таъкид кард Президент. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?