Президенти Қазоқистон ахтакунии педофилҳоро иҷозат дод

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба қонуне имзо гузошт, ки тибқи он аз ин ба баъд педофилҳо дар ин кишвра бо усули кимиёвӣ ахта карда мешаванд.

Ин қонун “Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” ном дорад ва хадамоти матбуотии раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд аслан такмили қонунҳоест, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳои атфол равона шудаанд.

Иловаҳо ба қонун ба таҳкими ҷазо барои ҷиноятҳо зидди дастнорасии ҷинсӣ равона шудаанд.

Аз ҷумла дар ин қонун чораҳои кимиёвии таҳкими ҷазо пешбинӣ шудаанд, ки тибқи он педофилҳо иҷборӣ ахта карда мешаванд.

Толеъбек Мукашев, вакили парламони ин кишвар гуфтааст, ки ин як чораи иҷборӣ ба хотири коҳиши бачабозии калонсолон дар кишвар аст, ки вақтҳои охир рӯ ба рушд овардааст.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин аввалин иқдом барои коҳиши ҷиноятҳои шаҳвонӣ мебошад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?