Пуштибонии Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз фаъолияти "Фароз"

Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтааст, бинобар болоравии арзиши гази моеъ дар Қазоқистон эҳтимол дар Тоҷикистон низ нархи ин навъи сӯзишворӣ боло равад. Бинобар ин барои устувор нигоҳ доштани нархи ин навъи сӯзишворӣ, бояд онро аз Русия ворид кард.     

Дар ҳамин ҳол, ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки болоравии босуръати нархҳоро интизорӣ надоранд, зеро ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон аллакай ба харидории ин навъи сӯзишворӣ аз Русия бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, менависад «Азия-Плюс».

Сардори Раёсати танзими монополияҳои табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саидалӣ Зарифзода гуфтааст, арзиши гази моеъ дар бозори Тоҷикистон пеш аз ҳама ба нархгузории он дар кишварҳои интиқолдиҳанда вобаста аст.

Аз оғози сол, -гуфтааст Зарифзода, - нархи як литр гази моеъ дар Тоҷикистон 0,40 сомонӣ (16%), аз 2,4 сомонӣ дар аввали сол то ба 2,8 сомонӣ боло рафта, ба ин ҳолат маҳз омилҳои беруна, нархҳо ва ҳаҷми воридот таъсир расонидаанд, -менависад ин манбаъ.

Вай таъкид карда, ки: «Нимсолаи аввал гази моеъ нисбат ба Русия дар Қазоқистон арзонтар буд ва аз ин рӯ, ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мегардид. Пас аз болоравии нархи гази моеъ дар Қазоқистон аз 1 июл, ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон акнун бештар ба бозори Русия рӯ меоваранд. Агар гази моеъ бештар аз Русия интиқол дода шавад, нархҳо устувор боқӣ мемонанд».

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввал ба Қазоқистон, каме бештар аз 25% - ба Русия ва ҳамчунин дар ҳаҷмҳои начандон зиёд - ба Туркманистон ва Қирғизистон рост меоянд.

Дар ҳамин ҳол, Зарифзода зикр кард, ки хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ надорад, ки ба ҷараёни нархгузорӣ ба гази моеъ дахолат кунад, чунки субъектҳои хоҷагидории бартаридошта дар ин бозор ба қайд гирифта нашудааст ва мутобиқи қонунгузории кишвар дар ин самт, ба феҳристи субъектҳои хоҷагидории бартаридошта танҳо он субъектҳое шомил карда мешаванд, ки ҳиссаи онҳо дар бозор баробар ба 35% ё аз он зиёдтар бошад.

«Ширкатҳои асосии воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон ҶДММ «Темуройл» ва ҶДММ «Гули сурх» мебошанд, ки ҳиссаашон дар ин бозор мутаносибан ба 14,5% ва 10,4% баробар аст», - менависад ин манбаъ аз забони Зарифзода.  

Коршиносон мегӯянд, ин иддаои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ба манфиати ширкати "Фароз", монополисти бозори гази моеъ аст, ки тавассути ширкатҳои наздикаш солона ба кишвар то 250 ҳазор тонна гази моеъ ворид мекунад. 

Рустам Самиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, бо ин изҳорот, ки гӯё нархи гази моеъ боло хоҳад рафт ва бояд онро аз Русия ворид кард, Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишон дод, ки аз манфиати монополисти асосии бозори гази моеъ дар Тоҷикистон дифоъ мекунад. 

Мо маълумот дорем, ки барои гирифтани иҷозатнома барои ворид кардани гази моеъ дар Тоҷикистон иҷозати ин ширкати ватанӣ ҳатмӣ будааст. Ин ширкат  монополисти асосии ин бозор ба ҳисоб меравад ва чунин изҳорот бешак ба манфиати он аст. Ҳол он ки вазифаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дигар аст. Хадамоти зиддиинҳисорӣ баракс бояд имкон надиҳад, як бозор аз ҷониби як ширкат ё гуруҳи хурд мунҳасир гардад, -мегӯяд ин коршинос.

Назарҳо

Аз Фароз пуштибони накунаду мурад. Пагох бе кор мемонанд

Шояд шумо суол ё назаре доред?