Раиси Додгоҳи олӣ: Дар робита ба ошӯби моҳи сентябр 10 мақомотӣ ва як афсари баландмақом боздошт шудаанд

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, дар робита ба қазияи 4-уми сентябри соли гузашта, ё "ошӯби генерал Назарзода" 10 корманди мақомот боздошт шудаанд, ки миёни онҳо як нафар мансабдори баландмақом низ будааст. 

Шоҳиён дар ин бора имрӯз 18-уми июл дар нишасти матбуотӣ, дар ҳузури рӯзноманигорон хабар дода, аммо аз шарҳи бештари ин қазия, бинобар муҳри махфӣ доштанаш, худдорӣ варзид. 

Вай гуфт, тафтишоти қазияи моҳи сентябри соли гузашта дар арафаи анҷомёбист, аммо наметавонад аз ин бештар маълумотро дар ихтиёри хабарнигорон вогузорад.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?