Раиси Кумитаи андоз иқрор шуд, ки вазъи корхонаҳо хуб нест

Қарзи соҳибкорону корхонаҳо аз андоз дар Тоҷикистон 125 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

12-уми октябр Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон гуфт, қарзҳо аз андоз дар давоми 9 моҳи соли равон 125 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, ба 825 миллион сомонӣ баробар шудаанд. 

Раиси Кумитаи андоз изҳори таассуф кард, ки  дар самти ҷамъоварии бақияи андозҳо натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадааст ва вазъи корхонаҳо низ бо сабабҳои омилҳои беруна чандон хуб нест.

Тибқи маълумоти ҷаноби Давлатзода, дар ҳоли ҳозир 30% соҳибкорон бақияи қарзи худ аз андозро пардохт накардаанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?