Раҳоии ду шаҳрванди Тоҷикистон аз асорати қочоқчиёни афғон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ду шаҳрванди кишвар, ки аз 25-уми март инҷониб дар гарави қочоқчиёни Афғонистон қарор доштанд, озод шудаанд.

Ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи  Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 28-уми Март Бахтиёр Давлатов ва Давлатманд Муродов, ду сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) аз асорати қочоқчиёни Афғонистон раҳо шудаанд.

Барои раҳо кардани ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ширкати роҳсозии туркӣ дар роҳи Шоҳон-Шӯрообод кор мекарданд, музокирот бо гуруҳи қочоқчиҳо аз субҳи 28-уми март оғоз шуда буд. Ба ин музокирот мақомоти масъул аз вилояти Бадахшони Афғонистон низ ширкат кардаанд.

25-уми март як гуруҳи қочоқчиёни афғон таҳти раҳбарии нафаре бо номи “Наҷиб” ба роҳсозони тоҷик ҳамла карда, як танро захмӣ ва ду танро гаравгон гирифтанд. Дар ин ҳодиса  Давлатҷон Ёқубов, ки 23 сол дорад, захм бардошта, дар бемористони Кӯлоб бистарӣ шуд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин қазия тафсилоти муфассал надодаанд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?