Рамазон Раҳимзода ба кӯдакони Бартанг ширинӣ тақдим кардааст

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба кӯдакони водии Бартанг шириниҳо тақдим кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, 13-уми декабр Рамазон Раҳимзода ба мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан кардааст. Ӯ кӯчаҳо бо аҳолӣ ҳамсӯҳбат шуда, ба онҳо маводи хӯрока ва ба кӯдакон шириниҳо тақдим намуд, - мегӯянд дар ВКД.

Гуфтааст, ки дар баробари ҳукумат кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ кӯмаку ёрии худро аз мардум дареғ намедоранд.

Инчунин, аз ҷараёни бунёди бинои нави Шӯъбачаи минтақавии Бартанг боздид ба амал овард.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?