Рашид Сафаров: Бегоҳи он рӯз ҳис кардам, ки Дилшод ғалаба мекунад

Рашид Сафаров, муовини раиси Федератсияи варзиши сабук

Дилшод Назаров, гурзпартои маъруфи тоҷик соҳиби медали тиллои Олимпиадаи Рио-де-Жанейро гардид. Дар бораи чигуна гузаштани Олимпиада мо суҳбате доштем бо Рашид Сафаров, муовини раиси Федератсияи варзиши сабук ва аз нафаре, ки ҳамеша бо Дилшод будааст...

- Шуморо ба аввали медали тиллои олимпии шогирдатон муборакбод мегӯем. Ин тӯҳфаи Дилшод Назаров барои тамоми мардуми Тоҷикистон  ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон буд. Барои ин мо аз Шумо изҳори ташаккур мекунем. Ифтихори мо ва изҳори сипоси моро ба Дилшод расонед. Мардум ӯро дар Душанбе интизоранд. Суол аввал ин аст, ки Шумо кай медали тилоии миллатро ба Душанбе меоред?

Рашид Сафаров: -Раҳмати калон барои табрикот. Мо аллакай дар даст  чиптаи ҳавопаймо ҳам дорем ва рӯзи 26-уми август тариқи хатсайри Маскав-Душанбе, соати 17:55 фуруд меоем.

- Иттилоъ паҳн шуд, ки Дилшод дар як мусобиқаи дигар дар Лаҳистон иштирок карда, баъдан ба Душанбе меояд. Ин масъала чӣ шуд? Ин чӣ гуна мусобиқа аст?

Рашид Сафаров: -Ин мусобиқа аз тарафи Кумитаи байналхалқии варзиши сабук ба нақша гирифта шудааст ва он яке аз зинаҳои мусобиқоти ҷаҳонӣ аст. Он рӯзи 30-юми август таъин шуда буд, вале чанд рӯз пеш  гуфтанд, ки ин мусобиқа рӯзи 28-уми август баргузор мегардад ва иштироки Дилшод Назаров дар он ҳатмӣ аст. Мо 26-уми август дар Тоҷикистон мешавем ва намедонам, ки Дилшод чӣ тавр ба онҷо расида меояд. Иштироки мо ҳатмӣ бояд бошад. Агар мардуми Тоҷикистон иҷозат диҳанд, мо ҳатман ба он низ мусобиқа меравем.   

- Аз Тоҷикистон мухлисон барои дастгирии Рио зиёд рафта буданд?

Рашид Сафаров: -Рости ман он қадар ба тамошобинон аҳамият надодам, чун ман ҳамагӣ 4-5 рӯз пештар ба Рио  омадам, он ҳам танҳо ба хотири иштироки Дилшод расида омадам. Барои ҳамин бо мухлисон ҳамсуҳбат набудам ва рӯзи дароз ба тайёрии варзишгар банд будем. Чи қадар мухлисон омада буданд, намедонам. Лекин аниқ чанд нафар аз онҳоро дидам, ки аз Маскав омада буданд. Ба гумонам кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия буданд, ки бо мо ва дигар варзишгарони тоҷик вохӯрӣ карданд.

- Дилшод Назаров дастпарвари шумост ва вақте, ки нахустин бор медали тиллои олимпӣ гирифтани ӯро эълон карданд, шуморо чӣ эҳсосот фаро гирифт?

Рашид Сафаров: -Ба фикрам шахсоне, ки телевизионро тамошо карданд эҳсосоти маро то ҷое мушоҳида карданд. Фақат ашки чашм буду хурсандӣ. Як рӯз пеш аз мусобиқа мо бо Дилшод Назаров як суҳбат хеле самимӣ ва дӯстона доштем. Медонистам, ки тайёрии физикӣ ва техникии Дилшод хеле хуб аст, аммо ниёз ба як суҳбат бо чемпиони оянда лозим буд. Дар охири суҳбат гуфтам, ки  пагоҳ бояд ту нишон диҳӣ, ки қаҳрамон ҳастӣ.  Ду кас хеле хомӯш мондем, вале ман дар чашмонаш дидам, ки ӯ ташнаи ғалаба аст. Руҳу тани ӯ барои партоби беҳтарин ва ғалаба тайёр буд. Инро дида, хеле осудаву қаноатманд шудам. Ман чӣ гӯям, ки худи чемпион нақл кунад, беҳтар аст.

- Дар Олимпиада бо чӣ ба шумову чемпион писанд омад? Чӣ хотираҳо доред?

Рашид Сафаров: - Гуфтам-ку муддати зиёде нест, ки ман дар инҷоям. Ман танҳо дар шаҳракаи олимпӣ ва майдони гурзпартоӣ будам. Қариб кӣ шаҳри Рио-де-Жанейроро ҳам сайр накардаам. Ягон навигарӣ барои худ накушодам. Роҳи хеле дурудароз буд:  4 соат аз Душанбе ва 14 соати дигар парвоз то Рио.

- Ҷаҳонпаҳлавон вақти партоб кардани гурз чӣ гуфт? Оё дуруст аст, ки ӯ баъд аз партоби тиллоӣ “Худоҷон, спасибо” гуфт?

Рашид Сафаров: -Дилшод марди худотарс аст ва номи Худо ҳамавақт дар забонаш ҳаст. Барои ҳамин ман он вақт дар наздаш набудам, вале инро медонам, ки ӯ ҳар дафъа пеш аз партоби гурз ӯ номи Худоро бо ҳаяҷон ба забон меорад.

- Аз Тоҷикистон киҳо нахустин шуда чемпионро табрик гуфтанд?

Рашид Сафаров: Баъди аз майдон баромадани Дилшод якумин нафаре, ки ба мо занг зада, табрик гуфтанд, ин Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.  Хабари ғалабаи Дилшод акнун расонаӣ шуда буд, ки ба рақамҳои телефони ман аз қабулгоҳи Роҳбари давлат занг заданд. Ман гуфтам, ки Дилшод дар ташхиси допинг аст, мумкин баъди 20 дақиқа аз онҷо барояд. Он вақт соат дар Душанбе қариби 7-и саҳар буд. Баъд аз 15-20 дақиқа аз нав ба мо занг заданд ва ман телефонро ба Дилшод Назаров додам ва якум одаме, ки табрик кард ин Роҳбари давлат  мебошанд. Баъди ин худи Дилшод ба модари бузургвор ва  оилааш занг зада, ин хабари хушро расонид. Баъд аз он Зебунисо Рустамова занг зада, табрик карданд. Он вақт мо аллакай дар майдон будем. Баъд аз онки мо аз майдон баргаштем Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ занг зада, Дилшодро табрик карданд. Баъдтар Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар моро табрик гуфтанд. Сайидмуҳиддин Дустмуҳамадиён низ аз аввалин нафароне буданд, ки Дилшодро барои қаҳрамониаш дар Олимпиада муборакбод гуфтанд. Дар умум дӯстони зиёд ба мо тамос гирифта, Дилшодро табрик гуфтанд.

- Шароити тамрин дар Рио чи хел буд?

Рашид Сафаров: -Шароит басо хуб буд, ягон камбудӣ набуд. Хурду хӯрок ва ҷойи хоб камбудӣ надошт. Кумитаи миллии олимпӣ тамоми шароитро барои Дилшод омода карда буд.

- Чӣ паёме доред ба мардуми Тоҷикистон?

Рашид Сафаров: -Паёмро бояд худи қаҳрамон ба мардум бигӯяд. Ман як рӯз пеш аз мусобиқа ба журналистон гуфта будам, ки фардо рӯзи таърихӣ мешавад барои мардум ва онҳо аз назди телевизион дур нашаванд. Он журналисти телевизиони “Варзиш” ба ин бовар накарда, пурсид: Аниқ?
 Ман гуфтам, ки “ба боварии комил ва сад дар сад метавонед ба ҳама расонед, ки пагоҳ рӯзи таърихӣ мешавад”.

- Шумо қаблан медонистед, ки Дилшод Назаров қаҳрамон мешавад?

Рашид Сафаров: -Қаблан намедонистам, албатта, лекин боварии комил доштам, ки ӯ қаҳрамон мешавад. Қариб ки метру сантиметри  партофтаашро тахмин карда будем.

- Оё дуруст, ки Дилшод Назаров қувваи худро дар даври аввал сарфа карда буданд барои даври финалӣ?

Рашид Сафаров: -Албатта даври аввал ин давраи квалификатсионӣ аст ва зарур нест, ки онҷо ҳамаи қувваро сарф кунӣ. Дар ин давр 12 нафари аввал ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дилшод дар нахустин партоби худ пешсаф буд ва барои ҳамин зарур набуд, ки ҳамаи қуввашро дар даври аввал сарф кунад. Ӯ бояд 3 гурз мепартофт, аммо бо партоби 2 гурз ӯ холи зарурӣ барои роҳ ёфтан ба даври баъдиро пайдо кард.

- Ташаккури зиёд барои суҳбати бисёр хуб. Мо Шуморо дар Душанбе интизор ҳастем.

Рашид Сафаров: - Саломат бошед!

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?