Акс: Захмӣ шудани Гулмурод Ҳалимов дар Сурия

Як корбари фейсбук, ки зоҳиран аз ҷонибдорони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аст, бо пахши як акс гуфтааст, ки Гулмурод Ҳалимов намурдааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ҷонибдорони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” хабари марги Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВКД-и Тоҷикистонро рад карда, мегӯянд, ки ӯ зиндаву саломат аст. Онҳо хабари дар натиҷаи як амалиёт ба ҳалокат расидани Гулмурод Ҳалимовро дурӯғ ва сохтаи расонаҳои марбут ба шиаҳои лубнонӣ унвон мекунанд.

Дар акс дида мешавад, ки Гулмурод Ҳалимов аз ноҳияи пояш захм бардошта бистарӣ шудааст.  Нафаре, ки ин аксро дар фейсбук мондааст, навиштааст: “Бародари мо зинда аст. Касоне ки ӯро мурд гуфтанд онҳо худ мурда ҳастанд”.

22-юми июн расонаҳои арабзабони Лубнон хабар додаанд, собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” пайваста буд, аз зарби ракет ба марг расидааст.

Сомонаи хабарии "Arabi-Press" бо такя ба манобеъи маҳаллиаш хабар дод, ки Гулмурод Ҳалимов шаби ҷумъаи ҳафтаи гузашта (19-уми июн), соати 23 ба вақти маҳаллӣ дар Сурия ҳалок шуд. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, ки ӯ ҳамроҳи Абуумари Чиченӣ баъд аз як нишаст аз ҳамтоёни суриягиашон ҷудо шуда, ба самте равон мешаванд. Ҳардуи инҳо зери зарбаи ракети артиши Сурия қарор мегиранд. Дар натиҷа Гулмурод Ҳалимов дар ҷои ҳодиса ҳалок мешавад. Рӯзи шанбе ҷасади Гулмурод Ҳалимов зери ҳимояи шадид аз Сурия ва Ироқ интиқол дода шуд.

Ин расона гуфтааст, ки ҳамроҳ бо ин қумандони фирории тоҷик фармондеҳи дигари “Давлати исломӣ” Абуумар Чиченӣ ҷароҳати вазнин бардоштааст. Абуумар аз фармондеҳони қафқозии “Давлати исломӣ” мебошад. Дар ҳамин ҳол, дар соли 2014 хабаргузориҳо аз марги Абуумар Чиченӣ иттилоъ дода буданд. Он вақт гуфта мешуд, ки ӯ аз ҷониби артиши Ироқ ба қатл расонда шудааст.

"Арабӣ-пресс" дар тафсилоти ҳодиса марги Ҳалимов менависад, ки онҳо интизори кӯмаки техникӣ-ҳарбӣ аз Ироқ буданд, ки бояд пойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии Дайру-з-Зури Сурияро мавриди ҳамла қарор диҳанд. Дар нишаст амалиёти ҳамларо баррасӣ карда будаанд.

Расонаҳо эҳтимол мекунанд, ки ҳамла ба ҷони ин ду фармондеҳи хориҷии “Давлати исломӣ” аз ҷониби гурӯҳҳои худҷӯши маҳаллӣ сурат гирифтааст, бо ҳимоя аз давлат силоҳ гирифтаанд.

Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё худ “ОМОН”-и ВКД дар миёнаҳои моҳи майи соли равон бедарак шуд. Дар охирҳои моҳ, 27-уми май бо пахши як навор аз пайвастанаш ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” хабар дод.

Мақомоти Тоҷикистон ӯро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) ӯро муттаҳам мекунанд.

Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки 18-уми июн Ҳалимов бо пахши як навор овозаҳо дар бораи ихтилофаш бо Нусрат Назаров, муллақаб бо “Фурқон Фаластин”, ки аз ҷангандаҳои тоҷики “Давлати исломӣ”-ро рад мекард. 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Аз кисмат чойи гурез набудааст, афсус, инсон баъзан корхое мекунад,ки намедонад, ки суйи марг меравад.
Дар ин рузхо дар мухочират чандхо точикеро ба катл мерасонанд хабарнигорхо чиманд вале як хабари шоядро они замон дар хама расонахо мушохида мекунем. Мо аз Худоем ва бозгашти мо ба суи Худо.
Хайфини тубори чавон мард барои ким кадом кофиро рафта мечангиди дигар акнун чи диди ба марг расонди хута,
илтимос Шумо ҳам мисли Озодагон тақлидҳои куркурона аз форсии дари ва форсии иронӣ накунед! Агар калима ё истилоҳеро мехоҳед аз онҳо гиред(онеро ки худмон надорем ё шакли русиаш дар мост ин хуб аст ) пас шакли дурусташро истифода кунед масалан ҷангандаҳои тоҷик инҷо шумо ба маънии ҷангҷуён истифода бурдед дар ҳоле ки ҷанганда дар Ирон ҳавопаймои ҷангиро мегуянд ва яқин аст ки ин истилоҳро аз эрониҳо гирифтед чун дар тоҷики надорем ин тақлидатон хуб набуд мисли дигар тақлидҳо - додарарус падарарус ва...

Шояд шумо суол ё назаре доред?