Райиси ҷумҳури Флиппин ҷойи Обамаро ҷаҳаннам ва Иттиҳодияи Аврупоро барзах донист

Президенти Флиппин Родриге Дутерте ба суханони ҳамтои амрикоиаш Барак Обама дар мавриди шеваи муборизаи ин кишвар бо маводи мухаддир вокуниш нишон дод ва гуфт, Обама метавонад ба ҷаҳаннам равад.

Вай Амрикоро аз муттаҳидони ғайри қобили таҳаммул номид. “Ба ивази он ки ба мо кӯмак кунанд, вазорати хориҷаи Амрико аз кори мо интиқод мекунад. Бинобар ин ҷаноби Обама, метавонӣ ба ҷаҳаннам биравӣ”,-изҳор дошт ӯ.

Райиси ҷумҳури Флиппин ҳамчунин ба Иттиҳодияи Аврупо, ки низ аз шеваи муборизаи ин кишвар бо қочоқчиёни маводи мухаддир пайваста интиқод мекунад, хитоб кард ва гуфт, ки ин созмон бояд ҳоло барзахро интихоб кунад, чун дӯзах аллакай пур шудааст.

Вай сарварони он иддае кишварҳоеро, ки мунтақидони Флиппин ҳастанд, девона номид ва гуфт, кишвараш силоҳро метавонад аз Русия ва ё аз Чин бихарад. “Ман ҳоло генералҳоро ба Русия фиристодам, Маскав гуфтааст, ки нигарон набошед, шумо ҳар чизе мехоҳед, мо онро дорем ва дар зарурат ба шумо хоҳем дод”,- гуфт Родриге Дутерте.

Ҳатто гуфтааст, ки Чин низ аллакай омода аст бо мо тиҷорати силоҳ дошта бошад. “Онҳо низ гуфтанд, шумо биёед ва имзо гузоред, дар он сурат ба зудӣ ҳар силоҳе мехоҳед, хоҳед соҳиб шуд”.

Созмонҳои байналмилалӣ аз шеваи мубориза Флиппин бо маводи мухаддир шадидан интиқод мекунанд ва мегӯянд бар асари он ҳазорон нафар бегунаҳон ҷони худро аз даст медиҳанд, вале давлат ин ҳамаро нодида мегирад. Тибқи баъзе оморҳо аз замони сари қудрат омадани Дутерте дар мубориза бо қочоқи мавди мухаддир ҳаддиақал 2 ҳазору 400 нафар кушта шудаанд.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?