Резиши санг дар роҳи Хоруғ-Душанбе се нафарро кушт

Бар асари резиши санг дар қаламрави деҳаи Сафедоби поёни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин автомашинаи тамғаи «Хундай-Галопер», ки аз ҷониби марди 31-солаи сокини ноҳияи Ишкошим идора мешуд ва он аз шаҳри Хоруғ ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, се нафар кушта шуданд.

Ронанда бо мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои сангини ҷисмонӣ дар наздиктарин бемористон бистарӣ гаштанд.

Бино ба хабари дафтари матбуотии ВКД, ин ҳодиса субҳи бармаҳали рӯзи 14-уми сентябр рух додааст ва манбаъ мегӯяд сангҳо аз болои куҳ рехтанд ва бо шиддат мошинро дар роҳ чаппагардон карданд.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохӯш мусофирон, марди 30-сола, зани 18-солаи сокинони ноҳияи Ишкошим ва зани 57-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ронанда ва мусофирони дигари автомашина, занони 19 ва 22-сола ва ҷавони 23-солаи сокинони ноҳияи Ишкошим ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ”, марди 20-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми ҳаракат дар мавзеи кӯҳии “Чордара”-и ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 150-метр чаппа шудааст. Дар натиҷа ронандаи автомашина ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Конец переписки
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?