Роҳи бозгашт нест... - вазъи бади гурезаҳои наҳзатӣ дар гузориши "TUT.BY"

“Роҳи бозгашт нест...” Чунин аст хулосаи TUT.BY, ки ахиран роҳи гурезагони сиёсии тоҷикро аз Брест то Тересполи Лаҳистон тай кардааст.

Дар гузориши ин шабакаи телевизионӣ омадааст, ки “ҳар касеро агар лаҳистониҳо мепазиранд, ба ошёнаи дуюм мебаранд ва афроди аз ин лутф бебаҳрамондаро ба толори пӯшида. Яъне, онҳо бояд дубора ба Брест баргарданд”.

Бино ба навиштаи ин шабакаи телевизионӣ марзи Лаҳистонро аз аввалинҳо шуда касоне убур мекунанд, ки раводид доранд. Вале касоне, ки ба Иттиҳодияи Аврупо барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ мераванд, дар вагонҳои гарм боқӣ мемонанд. Касоне ҳастанд, ки даҳҳо маротиба ба сарҳад меоянд ва боспас бармегарданд.

Дар гузориш аз ҳоли паноҳандагони тоҷик ва чечен бештар навишта шудааст ва онҳое, ки тоҷиканд, аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ мебошанд.

Аз ҷумлаи тоҷикони паноҳанда Муҳаммадалӣ аст, ки бо духтарчаи 14-солааш мехоҳад марзро убур кунад. Ҳамсараш ба иллати беморӣ дар шаҳри Душанбе, дар хонаи духтараш мондааст.

Онҳо хонаву мошини худро фурӯхтаанд, то ки ба яке аз кишварҳои ИА раванд. Гузоришгари ин шабака мегӯяд зарфи чанд моҳи охир даҳҳо тан аз афроди мансуб ба аҳзобу гуруҳҳои исломӣ боздошт шудаанд ва Муҳаммадалӣ яке аз онҳост.

Хабарнигор гуфтааст, ки дар Брест ҳадди ақал чаҳор хонаводаи наҳзатиёни Тоҷикистон иқомат доранд ва ҳар кадоми онҳо дорои як сарнавиштанд.

Ниссо ном паноҳанда гуфтааст, ки як хонавода ба хотири он ки марзро убур кунад, 32 маротиба аз Брест ба Тереспол рафту баргашт. Онҳо дар Ватанашон ҳар чизе аз амволи ғайриманқул доштанд, фурӯхтанд. Ниссо гуфтааст, ки дар Тоҷикистон ҳамсарашро боздошт кардаанд.

Баъди ин вай хонаву дарашро фурӯхта, ҳамроҳ бо ду духтар ва наберааш ба Маскав рафтааст. Якуним моҳ аст, ки дар Брес иқомат дорад. Ҳоло пулашон ҳам қариб тамом шудааст ва метарсанд, ки ба Душанбе баргарданд, чун муҳри Лаҳистон дар шиноснома метавонад мушкил эҷод кунад.

Гузоришгари ин шабакаи телевизионӣ дар бораи Шокирҷон ном ронандаи ҲНИТ ҳарф мезанад, ки гуфтааст, тан ин ҳизб танҳо кор мекард, чун аз он ки ҷойи кори дигар набуд, барои таъмини хонавода ронандагӣ кард ва моҳона 100 доллар маош мегирифт. Аммо касе бовар намекунад, ки вай танҳо ронанда буд ва ҳатман ба ҳабс мегиранд.

Ин буд, ки бо ҳамсар, ду фарзанд ва бародари хурдиаш ба марз омад. Ӯ низ то омадан ҳама амволашро дар Душанбе фурӯхта буд. Дар ин гузориш дар бораи мушкилоти фазоянда дар марзи Лаҳистон нақл шудааст, ки ҳамарӯза садҳо тан тақозои паноҳандагӣ мекунанд ва танҳо барои 2-3 нафар иҷозаи вуруд дода мешавад.

Ҳатто яке аз онҳо дар Брест ба хабарнигор гуфтааст, ки дафъаи охир онҳо исён бардоштаанд ва шиносномаҳояшонро бо нидои “Азюл” (паногоҳ) нагирифтанд. Вале баъдан илоҷи дигаре наёфтанд, ки бозпас ба Брест баргарданд.

Сардори Раёсати муҳоҷирати Брести Белорус Александр Томашев гуфтааст, ки даҳҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири убур аз марзи Лаҳистон ва рафтан ба кишварҳои ИА ба Белорус омаданд.

Онҳо борҳо талош карданд бо роҳи қонунӣ аз марз гузаранд, вале натавонистанд. Пас мо метавонем бар ин назар бошем, ки чун роҳҳои қонунӣ барояшон нашуд, метавонанд кишвраи моро барои убури ғайриқонунии марз истифода баранд. Аз ин рӯ мо муҳлати будубоши онҳоро коҳиш медиҳем ва муаддабона пас мегардонем.

Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки то 2 август чанд оилаи тоҷик чун ба Лаҳистон натавонистанд раванд, барои дарёфти паноҳандагӣ аснодашонро ба хадамоти муҳоҷирати Белорус супурданд. Зарфи шаш моҳи ахир 24 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои нақзи қонунҳои муҳоҷират дар Белорус боздошт шудаанд.

Назарҳо

Салом ба мардуми сарбаланди Точикистон банда низ дар Аврупо хамчун гуреза ба кайд гирифтаги хастам тамоми гурезахое ки дар инчо хастан аз Кабириям безорану аз гурухи 24 рузмон тиен дар хамича мо факат як максад дорем кор карда зиндагимона обод кунем танхо бо Брест не балки ба восита Латвия Литва Эстония Финляндия омадан гиред паногчухои точик пешам буданд хамаи имруз дар Германия 3 миллион турк хастки нисфи зиедаш хамчун панохчу ба ин давлат омаданд давлат худашам бояд манфиатдор бошад ки точикон аврупо зиед биеянд зеро як коргари инчо баробари 15 20 мухочири Россия ватан пул мефиристан

Шояд шумо суол ё назаре доред?