Рушди рекордии иқтисодиёти ИМА зарфи 2,5 соли охир

Тибқи омори ахиран ироашуда дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ суръати рушти иқтисод дар ИМА 2,9 дарсад эълон шудааст. Гуфта мешавад, ки ин беҳтарин нишондод баъди семоҳаи дуюми соли 2015 мебошад.

Содироти коло аз ИМА дар ин семоҳа 10 дарсад рушд доштааст, ки ин дар се соли охири рақами рекордӣ дониста мешавад.

Иқтисодшиноси Capital Economics Пол Эшуорф гуфтааст, ки содироти лубиё дар ин семоҳа дар маҷмуъ муҷиби болорави содирот аз Амрико шуд. Сарфу хароҷоти истеъмолӣ муҷиби нигаҳдории рушди иқтисодӣ шудааст.

Манбаъ гуфтааст, ки дар семоҳаи сеюми соли равон он 2,1 дарсад боло рафтааст. Люк Бартоломей аз Aberdeen Asset Management навиштааст, ки рушди иқтисодиро номуайянӣ дар интихоботи президентӣ боздоштааст. Охири сол хароҷоти истеъмолӣ бори дигар меафзояд ва ин ҳам ба рушди иқтисодӣ таъсир хоҳад дошт, мегӯяд директори Pharmaceuticals Inc. Ҷеймс Рэтклифф.

Шояд шумо суол ё назаре доред?