Русия ба соҳаи гази Қирғизистон 100 млрд. рубл сармоягузорӣ мекунад

Русия тасмим гирифт, то соли 2030 соҳаи интиқоли газ дар Қирғизистонро 100 миллиард рубл сармоягузорӣ кунад.

Дар ин бора рӯзи 6-уми июн Сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча”-и Қирғизитсон иброз дошт.

Дмитрий Медведев гуфт, ки Қирғизистон ва Русия чандон масоили мавриди баҳси ҷиддие надоранд, ки зарур бошад сареътар вокуниш нишон дода шавад.

“Аз қадим Русия шарики муҳими тиҷоративу иҷтисодии Қирғизистон аст. Табодули мол хеле дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст, вале бо назардошти тамоилҳои гуногун дар бозор мо шоҳиди коиши фазояндаи он шудаем. Ва ин вазифаи мост, ки садди роҳи ин афтиш шавем”,- гуфт сарвари ҳукумати Русия.

Дмитрий Медведев ҳамчунин гуфт, ки ҳолатҳои мусбат ҳам ба мушоҳида мерасанд, аз ҷумла мебинем, ки дар баъзе соҳаҳо молрасонӣ ду баробар афзудааст. Аз ҷумла дар соҳаи маҳсулоти хоми кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ. Сарвазири Русия таъкид кард, ки ҳоло коре бояд анҷом дод, то иқтисоди Қирғизистон дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мувофиқ шавад ва Русия ба ин раванд мусоидат хоҳад кард. Дмитрий Медведев хабар дод, ки кишвараш соҳаи гази Қирғизистонро то соли 2030 зина ба зина то 100 миллиард рубл сармоягузорӣ хоҳад кард.

Шояд шумо суол ё назаре доред?