Русия “калид”-и масдудкунандаи Интернетро озмоиш мекунад

Баромае, ки ҳоло дар Русия мавриди санҷиш қарор гирифтааст, метавонад барои ҷилавгирӣ аз  шабакаи бузурги интернет дар ҳоли буҳрони сиёсӣ истифода шавад. 

Ҳукуматдорони Русия мегӯянд, дар ҳоли озмоиши барномае мебошанд, ки барои ҳифзи Интернети Русия аз ҳамлаҳои хориҷӣ истифода мешавад. Вале коршиносон аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки дар асл ин тадбир ба хотири ҷудо кардани кишвар аз шабакаи ҷаҳонии интернет дар ҳоли буҳрони сиёсӣ истифода мешавад. 

Рӯзи чоршанбеи гузашта вазири алоқаи Федератсияи Русия Николай Никофоров ба хабаргузории давлатии РИА Новости гуфтааст, шеваҳои мухталифи ҷилавгирӣ аз эҳтимолияти ҷудосозии Русия аз Интернет аз хориҷ санҷида мешавад. Ба гуфтаи ӯ бахши азими интернет ба Русия аз роҳи шимоли Амстердам убур менамояд, ки ин кишварро вобастаи Ғарб мекунад.

“Мо коре анҷом додем, ки агар шарикони муҳтарами хориҷиамон зери таъсири сиёсатмадорони худ, ки таҳримҳоро болои Русия ҷорӣ кардаанд, ин ё он иқдомеро алайҳи Русия анҷом диҳанд, муқовимат карда тавонем. Вазифаи мо ҳама тадбирҳои заруриро андешидан, то ки Интернети Русия аз таъсири беруна ранҷ набинад. Ҳатто дар ҳоли иқдомҳои хасмона аз хориҷ мо тавонем бидуни интернет намонем”,- гуфтааст ӯ.

Нашрияи москавии интернетии “Slon” аз қавли сарвари иртиботҳои интернетии Русия ER-Telekom Андрей Семериков навиштааст, ки  аввали баҳори соли 2015 низ ин гуна озмоишҳо шуда буданд. Ин нашрия суханони Семериковро нақли қавл кардааст, ки Ожонсии мониторингии федералии “Роскомнадзор” ба хадамоти интернетрасон дастуре ирсол карда буд, ки дар бораи роҳу шеваҳои масдудсозии манбаъҳои интернетии хориҷиро бо истифода аз техникае, ки  DPI номида мешавад, нақл мекард. 

Семериков гуфт, ки озмоиши DPI он замон нобарор анҷом гирифт, зеро садҳо созмонҳои интернетрасони кишвар, ки мустақиланд ва “Роскомнадзор” таъсири чандоне болои онҳо надорад, ба ин озмоиш ширкат накарданд.  Аммо сарвари хадамоти матбуотии “Роскомнадзор” Вадим Ампелонский ин иддиоро рад кардааст ва гуфтааст, ки ин ташкилот рабте ба ин амалҳо надорад. 

Аммо мақомоти расмии Русия талошҳо дар мавриди назорати бештар ба Интернетро пинҳон намедоранд. Путин чанде пештар борҳо таъкид карда буд, ки Интернет ин аслан як лоиҳаи СРУ-и Амрикост, ки махсус барои тазъифи ҳукумати Русия ва расонидани зарарҳои иқтисодӣ ба кишвар тарроҳӣ шудааст.  Путин ҳамзамон борҳо гуфта буд, ки талош хоҳад кард Интернети Русияро бисозад, то ки ба ин кишвар ахбори дурӯғин аз сарчашмаҳои хориҷӣ ворид нашавад. Ҳатто яке аз мунаққидони Путин Андрей Малгин навишта буд, ки “Путин барои решакан кардани блогҳо қасам ёд кардааст”.

 Таҳлилгари  TAIA Global, ки “Садои Амрико” аз вай ном набурдааст, дар суҳбат бо ин радио гуфтааст, ки русҳо айни замон дар талоши сохтани интернете ҳастанд, ки бо шабакаи ҷаҳонӣ пайваст бошад, вале дар ҳоли зарурат зуд аз он ҷудо карда шавад. Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки Путин аз соли 2001 мақомоти зидахли кишварашро барои ин кор муваззаф карда буд. 

Ҳамзамон бо ин таҳлилгарони мустақил гуфтаанд, ки дар ин замон пурра ҷудо шудан аз шабакаи ҷаҳонии интернет талоши беҳуда аст, бахусус барои Русия барин як кишвари паҳновар.

Ягон калиди масдудкунанда дар ин ҷо ба кор намеравад, чун одамон маъмулан аз иртиботҳои маҳворавии бидуни сабти ном истифода мебаранд ва ҳатто аз телефонҳои мобилӣ  метавонанд ба ин шабакаҳо пайваст шаванд.  

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?