Русия Маҳмадсаид Убайдуллоевро бо ҷоизаи “Дӯстӣ” қадрдонӣ кард

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо ҷоизаи “Дӯстӣ” - Федератсияи Русия қадрдонӣ шуд.

13-уми октябр Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия, палатаи болоии Парлумони ин кишвар ҷоизаи “Дӯстӣ”-ро ба Маҳмадсаид Убайдуллоев супорид.

Ҷоизаи “Дӯстӣ” бо фармони Вламидир Путин, президенти Русия ба Убайдуллоев супорида шудааст.

Шаҳрдори Душанбе ба хотири саҳми намоён дар таҳкими сулҳ, дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ миёни Тоҷикистону Русия ба ин ҷоиза қадрдонӣ гардидааст.

 

Назарҳо

Раиси мухтарам мукофот муборак бошад. Шумо ба мукофоти баландтарин сазовор хастед, зеро дар тули 20 соли фаъолият дар мансаби Раиси шахри Душанбе Шумо на танхо барои як шахри Душанбе балки барои мустахкам кардани сохти давлатдории Точикистони чудонопазир, сулху суббот, вахдати милли ва осоишии халку миллати точик тамоми кувваю кобилият, тавонои ва он санъати рохбарие, ки Худодованд насибатон гардонидааст бе ягон подош сафарбар кардед. Ба Шумо барории кор, иззату обру ва мехру мухаббати тамоми точикону Точикистониёнро таманно дорам. Сарфарозу сарбаланд ва мехрубонтарин фарзанди хар як хонадони халку миллати точик хамеша насибатон бод !

Шояд шумо суол ё назаре доред?