Руслан Чагаев аз унвони қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум шуд

Анҷумани ҷаҳонии бокс (WBA) муштзани машҳури узбакстонӣ  Руслан Чагаевро аз унвони қаҳрамонӣ маҳрум намуд. 

Руслан Чагаев  аслан моҳи марти соли равон дар шаҳри Грозний баъди мағлубияташ дар бозӣ бо Лукас Брауни автралиёӣ аз ин унвон маҳрум шуда буд. Аммо баъдан пас аз он ки ҳарифаш допинг-тести мусбат баъди бозӣ супурд ва муддати шаш моҳ аз ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ маҳрум гардид, ин унвон ба Рулан баргардонида шуд.  

Он замон WBA Чагаевро водор карда буд, ки бо муддаии қаҳрамонӣ Фрес Окендои пуэрториканӣ бозӣ анҷом диҳад, вале Чагаев ба ин эътино накардааст. 
Ёвари Чагаев Темур Дугазаев гуфтааст, ки Руслан мушкиле дар саломатӣ дорад ва сабаби ба таъхир афтодани ин мусобиқа низ ҳамин аст. Вале ба ин ҳам нигоҳ накарда WBA бо ирсоли як нома ӯро аз унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс маҳрум намуд.  

Руслан Чагаев як муштзани касбии гаронвазни машҳури Узбакистон аст, ки солҳои 2007-2009 қаҳрамони ҷаҳон эълон шуда буд. Солҳои 2014-2016 низ ин унвонро нигоҳ дошт.

Вай қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон миёни муштзанҳои ғайриҳирфаӣ (солҳои 1997, 2001) аст. Узви яккачини Узбакистон дар бозиҳои   XXVII-уми олимпӣ дар вазни то 91 кило буд, ки дар чаҳорякфинал бозиро бохт.

Шояд шумо суол ё назаре доред?