Рустами Ваҳҳоб адиби тавоно 56 сола шуд

5-уми май Рустами Ваҳҳоб, адиб, муҳаққиқ ва шоири тавонои тоҷик 56-сола шуд. Ӯ олим, шоир, насрнавис, муқарриз ва боз чанд хусусияти фавқулодае дорад, ки миёни ҷомеа ӯро шинохта кардааст.

Рустами Ваҳҳоб соли 1960 таваллуд шудааст. Соли 1983 бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Баъди хатми донишгоҳ дар соли 1984 ба аспирантураи ДДТ дохил шудааст. Аз ҳамин сол дар донишгоҳ ба унвони муаллим ва ҳамчунин, дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» (мухбир) ба кор шурўъ кард.

Солҳои 1991-1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» буд. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ буд.

Баъди бозгашт ба Ватан соли 2007 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даромада, аз он вақт то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи милии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ҳамчунин, Рустами Ваҳҳоб масъули бахши назм ва нақди адабии маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» мебошад.

Соли 2008 дар мавзўи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ва ин рисоларо бо такмил ба сурати дастури таълимӣ ба чоп расондааст.
То кунун ду дафтари шеъри Рустами Ваҳҳоб бо номҳои «Калимаҳо» (1990) ва «Шаҳри Хуршед» (2008) аз чоп баромадааст. Барои маҷмўаи «Шаҳри Хуршед»-аш Рустами Ваҳҳоб барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шудааст.

Соли 2012 Маҷмўаи мақолаҳояш бо унвони «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» аз тарафи нашриёти «Адиб» ба чоп расид.

Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам (с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоиро дар нашрияҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба чоп расондааст.

Илова бар ин, Рустами Ваҳҳоб яке аз камтарин шоирони муваффақи тоҷик аст, ки соҳиби мактаби шоирӣ мебошад. Чандин нафарро ӯ дар ҷодаи шоирӣ тарбия кардааст. «Бахтнома», «Атри борон» ва чандин маҷмӯаҳои шеърӣ маҳсули эҷоди шогирдони ӯ мебошанд.

Copyright @2015 TojNews

 

Назарҳо

Устоди азиз, мавлуди Шумо барои миллати Шарифи Тоҷик муборак аст. Шумо шоире ҳастед, ки соҳиби сабку услуби худ ҳастед ва сухани худро гуфта метавонед. Ҳасчунин Шумо муаллими хуб ва навҷӯ мебошед, ки дар солҳои аввали муаллимӣ Шуморо шогирдон дар радифи устод Мусулмонқуиён ва Бақозода медонистанд.Умри Шумо дароз бод ва зиндагиатон обод бод. Ин байти ҳазрати Бедилро ба Шумо мебахшем: Мушкили Одам фузуд аз саргузашти рафтагон, Ҳар куҷо афсона бошад, ҳеч кас бедор нест. Устод бори дигар зодрӯзатон муборак бошад!!!! Ба эҳтиром Нурмуҳаммад Одинаев
Кист гамхори Ватан? Гар на ту бошиву на ман! Зери ин мисраъхои баландпарвоз як чахон маъни нухуфтааст. Устод Рустам бо истеъдоди худододаш дар миёни хаводорони шеъру адаб макоми баландеро касб кардааст ва худо кунад, ки боз ба куллахои баландтаре дар чодаи шеър бирасад! Мавлудашон муборак бод!
Мебахшед, ин кадар вохима накунед,Хамин барин шоирон имруз пур Дар Точикистон.
Устод Рустам шоиру адиб ва донишманди таърихи ададбиёти точик хаст ва ашъораш вижагихои зиёд дорад,ки дар холи хозир уро аз соир эчодкорон фарк мекунонад.Тасаллут ба забону фарогирии луготу иборахои дастнахурда ба Рустам Ваххоб имкон медихад газалхои нобро бисарояд ва нодида гирифтани ин хусусияташ аз руи инсоф нест.
Муборак бошад устоди азиз Худо кунад ки хамеша дар эчоди шеър ва ашъори бойу рангин муваффак бошед шумо барин инсонхо имруз ба кадру манзалати волотарин сазовор хастед! Мо дуогуй хастем устод
Мавлуди шариф муборак, устоди арчманд. Шумо мучиби ифтихору идеали ман хастед... Хамеша саломату сарбаланд бошед... ... ...

Шояд шумо суол ё назаре доред?