Рӯзи 20-уми март сокинони Сайёра гирифтани Офтобро мушоҳида мекунанд

Рӯзи ҷумъаи оянда, яъне 20-уми март сокинони Замин метавонанд гирифтани Офтобро мушоҳида кунанд.

Олимон мегӯянд Офтоб ин гуна 16 сол пеш гирифта буд ва ин дар зоти худ бесобиқ дар ин 16 соли охир аст. 

Аммо олимони кайҳоншинос гуфтаанд, ки танҳо ба 22 шаҳри олам муяссар мешавад, ки сокинонашон ин рӯйдоди хеле диданиро тамошо кунанд. 

Сояи моҳ дар соати 09:09 бо вақти ҷаҳонӣ ба рӯи Замин ҳаракат мекунад. Ин ҳаракат аз уқёнуси Атлантик, наздикии соҳилҳои Гренландия ва Канада шуруъ шуда, соати 10-21 дар Қутби Шимол ба анҷом мерасад. 

Гуфта мешавад, ки  сояи Моҳ 90 дарсади нури Хуршедро масдуд мекунад.

Торикӣ аз гирфтани Офтоб бештар аз ҷазираҳои Фарер, ки тобеъи Шоҳигарии Дания мебошанд ва миёни Исландия ва Шотландия ҷойгиранд, мушоҳида мешавад. Дар ин манотиқ офтобгирӣ муддати ду дақиқаву  чилуҳашт сония давом мекунад. 

Сокинони Аврупо ва Африқо замоне ин рӯйдодро мушоҳида мекунанд, ки Моҳ нури Офтобро тақрибан 60 дарсад мепӯшад. 

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?