Рӯзи 4-уми декабр дар Узбакистон интихоботи президентӣ эълон шуд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбакистон 4-уми декабрро рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон кард.

Дар ин бора раоснаҳои Ӯзбакистон иттилоъ доданд. Ба навиштаи онҳо, охири моҳи ҷорӣ, аниқтараш сар аз 30-уми сентябр пешбарии номзадҳо оғоз мешавад ва он то рӯзи 20-уми октябр идома мекунад. 

Гуфтанист, ки рӯзи 8-уми сентябр дар ҷаласаи муштараки  ду палатаи порлумони Узбакистон сарвазир Шавкат Мирзиёев президенти муваққатӣ интихоб шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи моддаи 96-и Конститутсияи Узбакистон, ҳангоми вафот ё истеъфои президент вазифаҳои ӯ то интихоби нави президентӣ ба зиммаи раиси Маҷлиси олӣ вогузор мешавад.

Аммо дар ҷаласаи ёдшуда Неъматулло Юлдошев, ки ба дунболи марги Ислом Каримов иҷрокунандаи вазифа эълон шуда буд, аз идомаи фаъолият дар ин вазифа ихтиёрӣ даст кашид ва бо ин роҳро ба сарвазир Мирзиёев ҳамвор сохт. Ин ҳам дар ҳоле, ки Конститутсия даст кашидани иҷрокунандаи вазифаро пешбинӣ накардааст.

Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки президенти Узбакистон, ки кишвари ғайридемократӣ унвон мешавад, интихоб шудани Шавкат Мирзиёев дигар ҷойи баҳс надорад. Мавзӯи баҳсу баррасӣ танҳо  фоизи ройъи додашуда ба номзади ғолиб буда метавонад. Он ҳам паст аз 90 дарсад хоҳад буд, ё зиёд. 

Назарҳо

Ки шавад роха кушод ин мирзиёев аз каримовам бадтар

Шояд шумо суол ё назаре доред?