Сабади истеъмолӣ дар Тоҷикистон: бо 435 сомонӣ чӣ гуна бояд зист?

Сабади истеъмолӣ дар Тоҷикистонро 435 сомонӣ гуфтаанд. Вале ин суол бидуни посух монда, ки бо ин 85 доллар (435 сомонӣ) чӣ гуна бояд зист, агар як халта орд 30 доллар (150 сомонӣ) арзиш дорад?

Ин дар ҳолест, ки сохтори Сабади истеъмолӣ танҳо аз ғизо иборат нест:    

•             маводи ғизоӣ,

•             молҳои ғайриғизоӣ,

•             хизматрасониҳо.

Инак, маводи ғизоӣ. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон инҳо чун маҳсулоти ғизоӣ ба рӯйхат шомил карда шудаанд: нон, маҳсулоти ордӣ, лубиё, картошка, маҳсулоти полезӣ, меваҷоти тоза, шакар, шириниҳо, маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, равғани рустанӣ ва ғайра.

Нархҳои воқеъӣ дар бозорҳои шаҳр:

Гӯшти мурғ - 15-20 сомонӣ бо назардошти истеҳсолкунандаи он

Картошка - аз 2 сомониву 80 дирам то 3 сомониву 50 дирам

Биринҷ - ҳар кило 10-12 сомонӣ

Орд - 3 сомониву 50 дирам (навъи якуми тавлиди Қазоқистон)

Шир  - 4 сомонӣ ба ҳар литр

Шакар - 5 сомонӣ

 Акнун метавонем ҳисоб кунем, ки ҳар одам аз ин маҳсулот дар як шабонарӯз бояд чӣ миқдор истеъмол кунад.

Маҳсулоти ширӣ. Дар як шабонарӯз 100 грамм ва дар як моҳ 3 кило панири дулмашуда (творог) (48 сомонӣ), 500 грамм кефир (барои як моҳ 90 сомонӣ) ва ё рӯзе 250 грамм шир (моҳе 30 сомонӣ) масраф мешавад. 

Тухми мурғ - ба ҳисоби 5 маротиба дар як ҳафта 20 дона дар як моҳ (16-сомонӣ)

Гӯшт/моҳӣ - 100 гр. дар шабонарӯз ва ё 3 кило дар як моҳ (120-150 сомнӣ)

Ярма - 2-3 кило ҳар моҳ, аз ҷумла марҷумак (гречка) ярмаи ҷав (перловка), лубиё, нахӯт ва ғ. (ба ҳисоби 7 сомонӣ ба ҳар кило, мешавад 20 сомонӣ дар ҳар моҳ.

Нон - 1 нон дар як рӯз (30 сомонӣ ҳар моҳ)

Меваву сабзавот - 400 грамм дар як шабонарӯз ва ё 12 кило ҳар моҳ (аз ҳисоби  миёнаи арзиши 5 сомонӣ ба ҳар кило, ки 60 сомонӣ мешавад).

 Ғайр аз ин сухан дар бораи маҳсулоти ғайриғизоӣ низ меравад ва дар Тоҷикистон ба номгӯи ин маҳсулот либосворӣ аз қабили палто, костюм, шим, курта, каллапӯш, либоси таг, пойафзол, рупӯши хоб, молҳои талаботи аввалия, дорувору ва ашёҳои гуногуни беҳдоштӣ дохил карда шудаанд.   

Ҳатто аз баррасии он касро даҳшат фаро мегирад. Арзиши палтову шиму костюм дар бозорҳои шаҳр аз 100 доллар шуруъ мешавад, пойафзол аз 20 доллар, дорувору баъди тағйирёбии қурби доллар то 10 дарсад гарон шудааст.

Ин ҷо дар мавриди хизматрасониҳо, аз ҷумла гармидиҳӣ, масрафоти барқ, газ, оби гарму сард ва ҳатто хароҷот барои нақлиёт низ дохил мешавад. Барои нақлиёт ҳар кас то 50 сомонӣ дар як моҳ масраф мекунад, барои истифода нерӯи барқ дар фасли зимистон мо беш аз 100 сомонӣ пардохт мекунем. Барои хизматрасониҳои алоқа низ ҳудудан 100 сомонӣ ё худ 20 доллари амрикоӣ масраф мешавад.  

Ин дар ҳолест, ки маоши ҳаддиақал дар кишвар 200 сомонӣ эълон шудааст.  

Тибқи қонунҳои роиҷ сабади истеъмолӣ дар панҷ сол як маротиба ҳисобукитоб карда мешавад. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар кишвари мо ҳанӯз ҳам бо ченакҳои замони Шӯравӣ онро муайян мекунанд, ин дар ҳолест, ки ҳам нархҳо ва ҳам  масрафот дар чаҳорчӯби ин ҳисобҳо намеғунҷанд. 

Соҳибмансабони тоҷик кай дар доираи воқеъияти рӯз зиндагонӣ хоҳанд кард, ин интрига рӯз аст.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Бисёр як маколаи ачоиб ба нашр расонидаед. Хакикатан ма то хол намефахмам, ки аз кучо ва аз кадом ракамхо ин оморчиён хисобхояшонро месозанд ё Бонки Милли! Сабади истеъмоли тамоман расво шуда рафтааст, ки 435-сомони ин як шаходати дар хоб будани макомотдорони Точикро арзёби мекунад. Бас будагист хами дуруггуи(торикии имон), ки Шумоён то ба хол гушхою чашмхои моро пур мекунед. Ин хама кор аввал дораду охир-агар Шумо фаромушт кардаед. Худо нигахбонатон бошад!
Tashakkur baroi makola. Dar hakikat dar mi sabadi iste'moli vujud nadorad. To hol kase dar in bora fikr ham nakardaast. Yakchand sol SMM az TJK talab namud ammo natijae nadod. Tanho konun dar borai sabadi iste'moli kabul shudu bas. To hol kase in rakamro namedonad. Va kase parvoi in ham nadorad

Шояд шумо суол ё назаре доред?