Сабқати футболбозони тоҷику фаластиниро доварон аз Урдун назорат мекунанд

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Фаластинро гуруҳи доварон аз Урдун назорат мекунанд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Мурод Аҳмад Баҳит ал-Заваҳреҳ довари асосӣ буда, Обид ал-Раҳман ва Маҳмуд Тоҳир ӯро кӯмак мекунанд.

Мурод ал-Заваҳреҳ довари дараҷаи байналмилалӣ буда, қаблан давр даври интихоботии Ҷоми Осиё-2014 миёни ҷавонони то синни 19-сола сабқат миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро доварӣ кардааст.

Бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Фаластин 6-уми сентябри соли равон дар майдони “Дура”-и шаҳри Ал-Халил баргузор мегарда. Бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?