Сабти номи сайёраи нав ба номи “Тоҷикистон”

1-уми сентябр президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Шаҳодатномаи расмии cайёраи “Тоҷикистон”-ро тақдим кард.

Бино ба иттилои президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Ин шаҳодатномаи расмӣ ба хотири саҳми назарраси олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрафизикон ба Тоҷикистон супорида шудааст.

Ин сайёраи хурди системаи офтобӣ ба номи “Тоҷикистон” таҳти рақами 24-69 сабти ном шуда, тавассути донишмандони бахши астрофизикии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ кашф шуда, наздиктарин сайёра ба замин аст.

Мадори Сайёраи “Тоҷикистон” байни сайёраҳои Миррих ва муштарӣ буда, масофаи он то замин 250 ва то офтоб 463 миллион километрро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи президенти Акдемияи илмҳоиТоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, ин наздиктарин сайёра ба замин буда, дар ҳоли ҳозир олимони тоҷик ба омӯзишӣ хосиятҳои физикиву химиявии он ва ҷараёнҳои дар он баамаломада машғул мебошанд.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Кадом сайераро хохед Точикистон ном гузоштан гиред ки шуморо назорат мекунад. Акаллан ин академикхо худашонро хурсанд мекунанд ку!
дар интернет 10 доллар супоред ва чурми осмониро ба номи шумо сабт мекунанд
Шархи Шумо: Ба Ситора: Чони гапро задед. Ин мардак хост бо ин рафтораш худашро дар назди Чаноби Олй очко (балл) гиранд. Чаноби Олй худаш медонад чи кор кунад....
Ба шархдихандагон: Шумо, ки аз илм дуред мантики ин корро аз кучо мефахмед. Ин номгузори натичаи шабхои бехобии олимони точик, тахкику пажухиши онхо аст. Шумо он чизеро менависед, ки кампирхои сари куча мегуянд. Ба чойи ИФТИХОР Шумо, ки "муктазои табиататон ин аст" танхо бо хисси бадбини нигох кардан ба пешрафти кишвару миллат дигар чизеро намебинед. Имруз дастгоххои мо ва олимони мо имкони то каъри Галактикаро омухтанро пайдо намуданд, дар масофи миллионхо километр чирмхои осмониро меомузанд ва ба умки зарра то ангеструм расиданд, шумо бошед....Хайф,Хайф.
хакко боиси ифтихор аст, чун техника пешравихо дорад.... чанд сол кабл олимони точик дар натичаи тахкикоти 18 солаашон ба хулосае омада будан ки ХОК аз ХОКИСТАР фарк доштааст. он замон фол медидан... холо техникаи раками, пешравихо.... Худо кувваташон дихаду кушоиш!!!!

Шояд шумо суол ё назаре доред?