Сабукиҳои қонуни нави муҳоҷират барои паноҳандагон дар Олмон

Олмон кӯмакпулиро ба он муҳоҷироне, ки намехоҳанд бо ҷомеаи ин кишвар ҳамоиш ёбанд, коҳиш медиҳад.

Шартҳои ҳамоиш ҳам мушкилофар нестанд: донистани забони соҳибони кишвар ва фарҳанги олмонӣ.

Қонуни нави муҳоҷират, ки ҳоло таҳия мешавад, паноҳандагон ва муҳоҷирони кориро водор мекунад, ки худро ба ҷомеаи ин кишвар омезиш диҳанд ва ин як шарти аслии будубош ва кор дар Олмон хоҳад буд. 

Садриаъзаи Олмон Ангела Меркел изҳор дошт, ки ин қонун то ҳадде дастарсии паноҳандагонро ба бозори кори Олмон осон мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумат талош дорад дар кутоҳтарин фурсат 100 ҳазор ҷойи кори нав таҳия кунад.

Мақомоти мегӯянд, соли 2015 бештар аз 476 ҳазор дархости ҷойи кор аз паноҳандагон дар Олмон дарёфт кардаанд.

Зарфи се соли оянда қонун аввалияти кор ба олмониҳо ва шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупо мутаваққиф карда мешавад ва дигар олмонӣ ва ё аврпуоӣ будан имтиёз нахоҳад буд.  

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?