Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Варзоб-Хуҷанд”

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи “Душанбе-Варзоб-Хуҷанд”

Бар асари бархӯрди мошини тамғаи “Дулан” ба “Лексус-330” ва “Опел-Зефира” дар роҳи “Душанбе-Варзоб-Хуҷанд” як марди ба тахмин  30-40 солае, ки ҳоло шахсияташ маълум нест, ба ҳалокат расидааст ва марди 31-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҷароҳати вазнин бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин ҳодиса субҳи бармаҳал дар километри 56-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух додааст.

Манбаъ мегӯяд ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан” марди 24-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Зиддии ноҳияи Варзоб ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 56-уми шоҳроҳи “Душанбе-Варзоб-Хуҷанд” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Лексус-330”, таҳти идораи марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва   автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, ки ба марди 20-солаи сокини ноҳияи Варзоб мутаалиқ буд, бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, шахсияташ номаълум, марди тахминан 30-40 сола, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари ҳамин автомашина, марди 31-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?