Сафари кайҳоннаварди амрикоӣ Дороти Меткалф ба Тоҷикистон

Дороти Меткалф-Линденбургер, кайҳоннаварди машҳури амрикоӣ, ки беш аз 300 соат дар кайҳон будааст, дар Тоҷикистон қарор дорад ва аз 4-ум то 11-уми октябр қарор аст бо муҳассилини макотиби омӯзиши забони англисӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат дидору вохӯриҳо баргузор намояд.

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Душанбе, Дороти Меткалф-Линденбургер дар доираи як ҷамъомади бахшида ба Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳоннавардии Академияи улуми Тоҷикистон пагоҳ ба Душанбе хоҳад омад.

Ҳамчунин вай тасмим гирифтааст, дар гӯшаҳои ИМА дар Тоҷикистон ба бачаҳо аз қиссаҳои ҷолиби қайҳоннавардияш нақл кунад. Хонуми кайҳоннавард либоси кайҳоннавардияшро низ ба ҳамроҳ гирифтааст то ба толибилмон таассуроти амиқ гузорад.  

Имкони вохӯрӣ ва суҳбатро бо кайҳоннавард NASA - Идораи миллии кайҳоннавардӣ ва омӯзиши фазои кайҳони ИМА мактаббачаҳои манотиқи гуногуни кишвар доранд. 

Хонум Дороти аллакай дар Хуҷанд ва навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристони вилояти Суғд будааст ва дар назар пагоҳ 4-уми октябр дар Душанбе бошад.

Мулоқоти кайҳоннавард бо толибилмон дар пойтахт пагоҳ 4-уми октябр дар Гӯшаи амрикоӣ дар шаҳри Душанбе, вокеъ дар кӯчаи Толстой - 66 соати 14:30 баргузор мешавад. 

Назарҳо

"Дороти Меткалф-Линденбургер, кайҳоннаварди машҳури амрикоӣ, ки беш аз 300 соат дар кайҳон будааст, дар Тоҷикистон қарор дорад" Ва пойинтар менависед,ки бино ба иттилоъи сафорати ИМА дар Точикистон "пагох" ба Душанбе меояд. Чаро танокузнависи мекунед?
Абдуллои гиромӣ, Тоҷикистон маънои фақат Душанберо надорад. То охир матлабро нахонда шарҳ менависед. Шумо бихон, ки вай дар Суғд аст ва ба Душанбе наомадааст...

Шояд шумо суол ё назаре доред?