Сафари кории президент Раҳмон ба Муъминобод

Субҳи имрӯз, 3-юми октябр Президент Эмомалӣ Раҳмон  бо сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб рафтааст.

Ҳадаф аз ин сафар "шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим" унвон мешавад. Дар назар аст, ки президент дар деҳаи Чашмасори ноҳия як мактаброи барои 624 ҷойи нишаст ифтитоҳ намояд.

Сафари навбатии президент аз ноҳияи Муъминобод оғоз ёфтааст, аммо боздиди ӯ аз дигар навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ ба нақша гирифта шудааст.
Сафарҳои президент Раҳмон ба манотиқи кишвар маъмулан бо пешвозгирӣ тибқи сенарияи бо Дастгоҳи иҷроияи ӯ мувофиқашуда сурат гирифта, бо тақдими гулу гулдаста аз ҷониби мактаббачаҳо ё духтарони зебо ва дар чор соли ахир бо шеърхонӣ бо садои баланд аз ҷониби наврасон сурат мегирад. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?