Сафари сарвари парламони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Абдулло Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, раиси Парламони Арабистони Саудӣ имрӯз 24-уми май ба Душанбе меояд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  дар ҷараёни  сафари  расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси  Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷиддин Аслов мулоқот  кунад. 

Гуфта мешавад, ки Маҷлиси  Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  ё Шӯрои машваратӣ  ҳамчун мақоми машваратии қонунгузорӣ дар низоми идории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соли 1993 таъсис дода шудааст. Он 150 аъзо дошта, аз ҷониби шоҳ таъин карда мешаванд.

 Абдуллоҳ  ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх аз соли 2009 раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳишгарии Арабистони Саудӣ будааст.

Дар доираи сафараш Абдуллоҳ ибни Муҳаммад аз Ҳисор ва Варзоб дидан мекунад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?