Сафари соҳибкорони Бошқирдистон ба Тоҷикистон дар ибтидои моҳи октябр

Соҳибкорони Бошқирдистон рӯзҳои 4-9-уми октябр барои анҷоми як сафари расмӣ аз Тоҷикистон дидан мекунанд. 

Дафтари матбуотии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳадафи ин сафарро ошноӣ бо иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатии кишвар дар манотиқи саноатии “Данғара” ва “Панҷ” унвон кардааст. Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, соҳибкорони Бошқирдистон ният доранд дар ҷараёни ин диду боздид иртиботҳое мустақим бо ҳамтоёни тоҷики худ барқарор кунанд. 

Дар ҷараёни ин сафар дидору мулоқотҳо дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намояндагиҳои тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе, вилояти Хатлон, боздид аз корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО), Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои “Тоҷиккабел”,”ТАДЭС”, Институти лоиҳакашӣ, ҳамчунин вохӯриҳои ҷудогонаи ҷомеаи тиҷоратӣ бо меҳмонон низ дар назар дошта шудааст. 

Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии ин минтақаи Русия бо Тоҷикистон дар ҷойи 46 ва миёни кишварҳои узви ИДМ дар ҷойи 8-ум қарор дорад. 

Соли 2014 миёни ду кишвар ба маблағи умумии 67,5 миллион доллар табодули мол сурат гирифтааст.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?