Сафири Ашқобод дар Душанбе иваз шуд

Президенти Туркманистон сафири кишвараш дар Тоҷикистонро иваз кардааст.

Бо фармони Гурбонгули Бердимуҳаммедов, президенти Туркманистон Ишангули Аманлиев бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафари ин кишвар дар Тоҷикистон барканор шудааст. Бо фармони дигари президенти Туркманистон Аманлиев сафири Туркманистон дар Туркия таъин шудааст.

Инчунин, бо фармони Гурбонгули Бердимуҳаммедов дипломат Ч.Атаев рутбаи нави дипломатӣ гирифта, сафири Ашқобод дар Душанбе таъсин шудааст.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?