Сафорати Эрон: Бозсозии нақби “Истиқлол” ба анҷом расид

Бозсозии нақби “Истиқлол” пурра ба анҷом расида, онро вазорати нақлиёти Тоҷикистон расман қабул кардааст.

Бино ба иттилои масъулини сафорати Эрон дар Тоҷикистон, маросими қабули нақб пас аз бозсозӣ бо ҳузури намояндагони вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати тавсеъаи манобеъи об ва нерӯи Эрон сурат гирифтааст. Дар маросими баҳрабардории нақб намояндагони идораи “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд ва дигар мақомҳои расмӣ низ ҳузур доштаанд.

Барои таҳвили нақб мувофиқатномаи дуҷониба низ ба имзо расондаанд, ки барои нақби масъул як сол грантия дода мешавад.

Нақби “Истиқлол” баъди се моҳи таъмиру тармим дар интиҳои моҳи сентябр ба истифода дода шуд. Гарчи ба ҳаракати нақлиёт дар нақб иҷоза доданд, аммо корҳои тармим идома дошт.

Нақби “Истиқлол”-ро, ки соли 2006 бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти вақти Эрон ба истифода дода буданд, дар ҳолати хароб қарор дошт. Аз 23-юми июни соли 2015 барои тармиму бозсозӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар рӯз ба воситаи нақб манъ шуда буд.

Қаблан низ барои муддатҳои муайян баста мешуд, аммо баъди боз шудан он боз мушкилгузар буд.

Нақби мазкурро ширкати “Собир”-и Эронӣ сохтааст. Соли 2003 барои идомаи сохтмони нақб миёни Тоҷикистону Эрон ба маблағи 120 миллион сомонӣ шартнома ба имзо расида буд. Аз ин ҳисоб 64 миллион сомонӣ ба тариқи қарз ва 30 миллион бурс аз ҷониби Эрон ва боқимонда маблағ ҳамчун ҳиссаи Тоҷикистон таъмин гашт. Баъди се сол эълон шуд, ки нақб омода шуд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба кор оғоз кардани нақби мошингардро «орзуи ҳазорсолаи мардуми тоҷик» номид. Маҳмуди Аҳмадинажод иҷрои лоиҳаи мазкурро кӯмаки миллати Эрон ба мардуми тоҷик унвон кард.

Copyright © 2016 TojNews 

Назарҳо

Хануз системаи рушноидихаш ба итмом нарасидааст ва дохили накб торик аст. Онро чи гуна супорида бошанд?

Шояд шумо суол ё назаре доред?