Санҷиши ногаҳонӣ. Амалиёти СПАД дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар Тоҷикистон аввалин бор омодагии Нерӯҳои вокуниши сареъашро месанҷад.

Нерӯҳои вокуниши сареъи вазоратҳои дифоъи 5 кишвари узви СПАД - Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия соати 14 - и дирӯз – 12-уми май дар кишварҳои худ ҳушдор ё ишораи ҷангӣ гирифтанд, ки бояд ба таври оҷил барои муқобила бо душмани эҳтимолӣ ба Тоҷикистон - кишвари дигари узви СПАД расанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, ба TojNews гуфт, ин размоиши низомӣ набуда, санҷиши ногаҳонии омодагии Неруҳои вокуниши сареъи СПАД аст, то фаҳмида шавад, ки дар ҳоли вуруди нерӯи душман ба марзҳои созмон онҳо дар кадом муддат силоҳу муҳимот ва заруриёти ҷангии худро ва бо чӣ кайфият метавонанд худро ба маҳалли муқарраршуда расонанд. Вай афзуд, неруҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Русия тариқи ҳавопаймоҳои низомӣ ва неруҳои Қирғизистон аз роҳи заминӣ вориди Тоҷикистон мешаванд. Ба қавли ӯ, дар санҷиши омодагӣ 2 ҳазор сарбози мусаллаҳ бо силоҳу муҳимоти Нерӯҳои зудамали СПАД дар размоишгоҳи Ҳарбмайдони вилояти Хатлон ҷамъ омада, то 22-юми май бо марзи Тоҷикистону Афғонистон аз вилояти Хатлон то Бадахшон ошно шуда, ҳамзамон таҳти фармондеҳии Шералӣ Мирзо, вазири дифоъи Тоҷикистон амалиётҳои озмоишӣ мегузаронанд. Сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, дар амалиёт ҳавопаймоҳо ва силоҳу муҳимоти вазнини низомӣ низ истифода мешаванд.

Ба истилоҳ, санҷиши ногаҳонии омодагии Нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД дар ҳолест, ки 6-уми майи соли равон мақомоти маҳаллии вилояти Тахори Афғонистон аз убури ҷангиёни Толибон ва ҳамдастони хориҷии онҳо - “Давлати исломӣ”, Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Ансоруллоҳ ба ҷангалҳои марзии Тоҷикистон хабар доданд. Он вақт бархе аз мақомоти афғон гуфта буданд, ки бар асари амалиёти неруҳои ҳукуматии Афғонистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз ҷангиёни созмонҳои террористӣ ба ҷангалҳои сарҳадоти Тоҷикистон паноҳ бурда, шаби 5 ба 6 - уми май аз он ҷо ба ду посгоҳи ҳукуматӣ дар вулусволии Хоҷа Ғор ҳамла карданд. Онҳо теъдоди ҷангиёнро ҳудуди 600 нафар тахмин мезананд.

Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳороти мақомоти вилояти Тахори Афғонистон дар бораи убури ҷангиёни гуруҳҳои террористӣ ба марзҳои Тоҷикистонро рад мекунад. Аммо ба қавли шоҳидон, дар ҳоли ҳозир дар навоҳии бо Афғонистон ҳаммарзи Тоҷикистон тадобири шадиди амниятӣ гирифта шуда, ба марз силоҳу муҳимоти вазнин низ бурда шудааст.

Аз эҳтимоли вуруди гуруҳҳои марбут ба созмонҳои террористӣ аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон, ки узви Созмони паймони амниятии дастаҷамъӣ, ба истилоҳ, “НАТО - и русӣ” аст, солҳо ба ин сӯ суҳбат мешавад. Онҳое, ки ба ин боваранд, мегӯянд, ИМА ва пайравонаш дар Аврупову Осиё ба манзури танг кардани қаламрави нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳамчунин гурӯҳҳоро ғайримустақим рӯи кор оварда, онҳоро абзори фишори худ кардаанд. Ҳоло ҷангиёни зодаи собиқ Шӯравӣ дар сафи созмонҳои ҷаҳониву минтақаии террористӣ, назири “Ал-қоида”, “Давлати исломӣ”, Аморати Қафқоз, Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Ансоруллоҳ дар кишварҳои Ироқу Сурия ва Афғонистону Покистон меҷанганд. Теъдоди онҳо мушаххас нест, аммо ҳазорҳо нафар ҳадс зада мешавад.

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) - ро вориси “Созишномаи Варшава”, блоки низомии кишварҳои собиқ сотсиалистӣ меноманд, ки дар муқобили НАТО сохта шуда буд ва баробари суқути Шӯравиву истиқлол ба даст овардани кишварҳои сотсиалистӣ аз миён рафт.

15-уми майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) - ро ба имзо расонданд, ки ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ асос гузошт. Ин паймонро  Озарбойҷону Гурҷистону Белорус соли 1993 имзо карданд. Паймон соли 1994 барои 5 сол имзо шуд. Соли 1999 онро тамдид карданд, аммо  Озарбойҷону Гурҷистон ва Ӯзбакистон онро имзо накарданд. 14 майи соли 2002 дар Маскав ПАД ба созмон табдил ёфт ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ном гирифт. Соли 2006 Ӯзбакистон боз узвияти СПАД - ро ба даст овард ва соли 2013 фаъолияташро дар созмон мутаваққиф кард. Кишвари Эрон кӯшиш дорад мақоми нозирӣ дар ин созмонро ба даст орад.

Нерӯҳои вокуниши сареъ (КСОР) - и СПАД 4-уми феврали соли 2009 дар Маскав ташкил шудааст. Ба ҳайати он ҷузъу томҳои неруҳои таъиноти махсуси кишварҳои узви СПАД - Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ваТоҷикистон дохил мешаванд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?